07:04:13 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Муҷоҳиди Сурия"-ро ҳамсар ва ҳамсоягонаш шинохтанд

Сокинони Кӯлоб нафареро, ки дар як навори видеоӣ аз номи ҷиҳодиёни Сурия ба рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов посух додааст, ба ҳамдиёри худ Нусрат Назаров монанд медонанд.

jangiyoni-syria-54652145

Онҳо мегӯянд, ин шахс бо номи «Махсуми Нусрат» маъруф буда, дар гузари Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб ба сар мебурд. Ҳамсоягони ин шахс мегӯянд, вай мӯътоди маводи мухаддир буда, чанд сол пеш бо гумони даст доштан дар қочоқ ҳадафи пайгарди полис қарор гирифта буд.

Раҳматулло, як ҷавони маҳаллӣ, ки ба гуфтаи худ дар навори видеоӣ Нусратро шинохтааст, ба мо  гуфт, то чанд соли пеш ӯро ҳамчун «барига» ё фурӯшандаи хурди маводи мухаддир мешинохтанд.  Ӯ меафзояд, аз суханронии Нусрат дар навор ҳайратзада шудааст, зеро ин шахс худ дар мӯътод кардани шуморе аз ҷавонони зиёди маҳалли Чармгарони Кӯлоб саҳм дошт:

«Ман ӯро аз давраи мактабхонӣ мешинохтам. Саводаш хуб набуд. Ду се сол кам-кам худашро мусулмон мегирифт, аммо «гера» истеъмол карданро бас накарда буд. Ӯ ақли фаҳмидани суханро ҳам надорад. Суханҳои ҳаққи Ҳоҷӣ Мирзоро ҳам хуб нафаҳмидааст. Медонам, ки ӯҷиҳод нарафтааст, балки ӯро мақомот ҷустуҷӯ мекарданд ва ӯ фақат аз ҷиноятҳои кардагиаш гурехта Сурия рафтааст, то боздошт нашавад.»

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, ки наздики ду сол инҷониб мақомоти интизомӣ  Нусрат Назаров, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Кӯлобро ҷустуҷӯ мекунанд. Ин манбаъ шарҳ надод, ки Назаров бо гумони содир кардани кадом ҷиноят ҷустуҷӯ мешавад, аммо гуфт, ин наворро онҳо дида ва мавриди тафтиш қарор додаанд.

Хайрулло Назаров, бародари Нусрат мегӯяд, дар навор бародарашро шинохтааст, аммо ҳайрон аст, ки ӯ чӣ гуна то Сурия рафтааст. Ӯ баръакси дигар ҳамсӯҳбатони мо гуфт, бародараш зери пайгарди полис набуд ва то ҳиҷраташ ба Русия, озодона гаштугузор мекард. Хайрулло илова мекунад, ки як сол боз тамосе бо бародараш надорад:

«Ба Худо намедонам, ки чӣ тавр рафтааст. Ӯ дар ин ҷо зан ва се кӯдак дорад. Дар ҳамин ҷо валютчик кор мекард. Русия рафта буд ва гуфтанд, ки ҳамин хел. Тамос намегирад ва ягон бор ҳам гап намезанд. Аз рафтанаш нав суратҳояшро дар интернет дидем. Мо ку интернетро намедонем, лекин бачаҳо нишонамон доданд. Ин гапе, ки ӯро милисаҳо меҷустанд, ба фикрам рост нест. Фақат баъди суратҳояш чоп шудан ӯро пурсиданд.»

Аммо ҳамсари Нусрат Назаров гуфт, ҳанӯз нӯҳ моҳ қабл шавҳараш ба Русия рафта буд ва ду моҳ боз умуман бо онҳо тамос надорад. Ӯ гуфт, фарзандонаш ҳамеша суроғи падар доранд ва ӯ ҳам мунтазир аст, ки рӯзе шавҳараш ба ватан бармегардад: «Ду фарзандам падарашро суроғ мекунанд, аммо писари хурдиам хӯрд аст ва ҳоло гап намезанад. Ин ду нафараш ҳар рӯз дар бораи падарашон гап мезананд. Мепурсанд, ки падарамон кай меояд? Касе буд набуд, барои фарзандонаш падари бад набуд.» Ин зан мегӯяд, ҳоло ӯ дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад ва шавҳараш давоми нӯҳ моҳ ҳеҷ маблағе барои фарзандонаш равон накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов Нусрат Назаровро як ҷавони гумроҳ унвон кард, ки воқеияти исломро дарк накардааст ва ба роҳи хато рафтааст. Ин рӯҳонии машҳур гуфт, ҳеҷ гоҳ ин ҷавонро таълим надодааст ва ӯ "шояд дар қатори садҳо ҷавони дигар дар масҷид намоз гузошта бошад."

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар як навори видеоӣ, ки дар шабакаи «Одноклассники» нашр шудааст, зоҳир шудаанд ва яке аз онҳо, ки ҳамакнун аз ӯ Нусрат Назаров ном мебаранд, бо лаҳни тунд ба  ба сӯҳбати Ҳоҷӣ Мирзо бо Радиои «Озодӣ» посух додааст.

Ин ҷавон, ки зоҳиран раҳбари гурӯҳ аст, бо лаҳни тунд Ҳоҷӣ Мирзоро интиқод кардааст, ки гуфта буд, ончӣ дар Сурия мегузарад, ҷиҳод нест: «Гуфтаст, ки дар ин ҷо ҷиҳод нест, хондем суханҳояшро. То ҳамон вақте, ки mp3- ашро наоварданд, ман бовар намекардам. Э бародар Ҳоҷӣ Мирзо! Садои маро бишнавӣ ман фақат дар ҳамин ҷо баҳс мекардам, ки Ҳоҷӣ Мирзо ин хел гап намезана, ҷиҳода қабул мекунад. Вале ин суханҳои маро худат мешунавӣ иншоолоҳ, маро мебинӣ, Аллоҳ моро дида истодааст. Дигар офтобро бо он ҷелакат маҳкам карда наметавонӣ

Дар идома ин ҷавон мегӯяд, то замони фитна хондани ҷиҳод аз ҷониби Ҳоҷӣ Мирзо онҳо ӯро устоди худ медонистанд: «Агар фарз кардем дар Душанбеву дигар ҷо надонанд, лекин мо шогирди шумо будем. Имрӯз шумо мегӯед, ки муллои ҳукуматӣ. Кадом ҳукумат? Ҳамон ҳукумате, ки бар зидди қонунҳои Аллоҳ аст, ҳамон ҳукумат. Субҳоналлоҳ, мардум бифаҳма, ки шумо ниқобу маскаи исломӣ доред. Чӣ хел ҷиҳод нест, ин ҷо? Сухани худатай, ки чор то кӯдака манаҳша бастану бровардан дар он ҷою мардума таблиғ мекунанд. Чор то кӯдака ҳами хел гуфтесай, ки дар дилут ягон чиз нест. "

Ӯ бо хитоб ба Ҳоҷӣ Мирзо ҳақ будани худро собит мекунанд ва мегӯяд: «Аз Аллоҳ битарсен, дар назди Аллоҳ чӣҷавоб мегӯед. Мо ҳанафием, аммо на ҳанафии шумо. Исломи шуморо мо намешинсоем. Исломи тоза дар ин ҷост, исломи Тоҷикистонро мо намешиносем».

Ин ҷавон бо хитоб ба дигар рӯҳониён мегӯяд, «ба ин Ҳоҷӣ Мирзо ҷавоби дандоншикан диҳед. Мо то имрӯза ӯро устод мегуфтем ва баҳс мекардем, ки ӯ ин хел намегӯяд.»

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо рӯзи 14-уми май дар бораи низоъ дар Сурия гуфт: "Аслан, он ҷо ҷиҳод нест. Ҳатто баъзе аз уламои олами Ислом ҳам аз рӯи инсоф баён карданд, ки дар Сурия фитна аст. Он ҷо ҷиҳод нест. Он ҷо ҳалли баъзе аз масоили давлатҳои абарқудрат аст. Дар он ҷо аз ҷиҳоду аз манзалату мартабаҳое, ки мусулмон бояд пайдо кунаду муҷоҳиди роҳи ҳақ шавад, дар он минтақаву он ҷанҷолҳо вуҷуд надорад. Дигар ин ки вақте ки ҳанӯз ҳеҷ сару садо атрофи Сурия набуд, мо бо Домулло Маҳмадулло ва Қорӣ Амриддин ба Русия сафар кардем ва ин  падидаро дар он ҷо мушоҳида кардем. Дар тамоми масҷидҳояш яке масъалаи маҳалгароӣ, яке масъалаи ухуват, яъне бародарӣ, яке масъалаи бо ном «ҷиҳод», ки ҳоло дар Сурия ҳаст, дар ҳамон 12 шаҳре, ки гаштам, вохӯрдем. Ман дар тамоми масҷидҳо бо муҳоҷирон сӯҳбат доштам ва 90 дар сади ин масъалаҳоро барояшон гуфтам. Русия ҳоло лонае шудааст, ки ҷавонони моро аз он ҷо гурӯҳои махсус  ба Сурия ҷалб мекунанд. Ҳамин хел баъзе наворҳо меоранд, мисле, ки ба ҳамон каналҳои телевизиониашон тарғиб мекунанд, чаҳор кӯдакро бо манаҳи баста нишон медиҳанд, ки кушта шудаанд, тамом. Ба ҳар ҳол дидани ин манзара ҳамаро асабӣ мекунад ва ба ҳамин роҳҳо мисол мардумро гирифта мебаранд."

Бино бар иттилои расмӣ, то ҳоло дар Сурия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, шаш нафари дигар баъд аз бозгашт аз Сурия дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуданд. Муфтии Сурия зиёда аз ним сол пеш гуфта буд, ки 190 шаҳрванди Тоҷикистон дар низои Сурия зидди ҳукумати президент Башор Асад меҷанганд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-умии май банди алоҳидаеро ба Кодекси ҷиноии кишвар ворид кард, ки бар асоси он он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар ширкат мекунанд, ҷазо хоҳанд гирифт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi