22:22:16 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Боз як рӯҳонии гумонбар ба "ишқварзӣ"

Додситонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба таҳқиқи парвандаи як рӯҳонии 65- сола оғоз кард. Гумон меравад, ки ӯ бо чанд духтари маҳаллӣ “ишқварзӣ” кардааст. Додситонии ноҳияи Бохтар мегӯяд, таҳқиқи ҷиноӣ зидди Нарзулло Солеҳов, маъруф ба «Мулло Нарзулло» бар асоси шикояти чанд сокини ин ноҳия шурӯъ шудааст. Ин рӯҳонӣ ба “ишқварзӣ” бо чанд духтари маҳаллӣ гумонбар мешавад.

sudi-nohiyai-bokhtar-489121Наздикони мулло мегӯянд, то ҳоло ҳеҷ иттиҳоме нисбати пирамарди 65-сола тасдиқи худро наёфтааст, вале онҳо пас аз наворбардории манзили зисташон хафв доранд, ки дар телевизионҳои давлатӣ боз ягон барномаи бадномкунандае пахш хоҳад шуд. Дар як соли охир алакай чанд маврид шуд, ки телевизионҳои давлатӣ дар бораи шаҳватпарастии рӯҳониёни тоҷик барнома пахш мекунанд.

Намояндагони додситонӣ ҳарчанд мегӯянд, пурсиши даъвогарону шоҳидон шурӯъ шудааст, ҷузъиёте дар ин бора намедиҳанд ва маълум нест, ки оё Нарзулло Солеҳов мушаххасан ба чӣ навъи бадрафторӣ ё ба гуфтаи мақомот, “ишқварзӣ” ва дар чанд маврид гумонбар мешавад? Дар ҳар сурат, тафтиши ин парванда дар ҳоле идома дорад, ки худи Нарзулло Солеҳов дар озодӣ ба сар мебарад ва боздошт нашудааст.

Аммо Амонулло Солеҳов, писари Мулло Нарзулло мегӯяд, хонаводаи онҳо садсолаҳост, ки дар деҳаи Бибихонуми ноҳияи Бохтар афроди гирифтор ба бемории бодро бо сураҳои Қуръон «бодхонӣ» мекунанд ва ҳарчанд падараш 40 сол боз ба ин кор машғул аст, то ҳоло касе аз ӯ шикоят накарда буд.

Ӯ гуфт: «Касалиҳоро дуохонӣ мекунад ва инро бодхон мегӯянд. Чанд намуди бод аст, ки ҳамаи онҳоро тариқи дуохонӣ табобат мекунанд. Моро чанд пуштамон бодхон омадааст ва падарам аз бобоҳояш дасти пир гирифтааст. То кунун ҳеҷ кас аз ҳеҷ амали падарамон шикоят накарда буд. »

Пас аз шурӯи тафтишот, ба гуфтаи наздикон, фишори хуни айбдоршаванда боло рафтааст ва ҳоло дарди қалб ӯро азият медиҳад. Худи Нарзулло Солеҳов дар як сӯҳбати кӯтоҳ аз бистари беморӣ гуфт, ӯ гуноҳе надорад ва мутмаин аст, ки додгоҳ бегуноҳиашро исбот хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Бибихуррами ноҳияи Бохтар ҳам мегӯянд, овозаҳои боварнокардание атрофи исми «Мулло Нарзулло» паҳн шудааст. Шаҳидулло Раҳимов, як сокини ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни мардум овоза аст, ки гӯё домулло бо як духтаре, ки наздаш барои дуохонӣ рафтааст, даст расонда, ҳаракатҳои шаҳвонӣ кардааст. Ба гуфтаи Шаҳидуллоҳ, аз замони пайдо шудани ин овоза Мулло Нарзулло дигар дар кӯчаҳо ба назар намерасад: «Ӯ марди бад набуд. Ягон касро, ки касалу бемориаш меафтид, барои дуохонӣ назди ӯ мебурданд. Лекин якбора санҷиш сар шуд ва дигар мо ӯро на дар масҷид мебинем ва на дар кӯчаҳо.»

Аммо наздикони Мулло Нарзулло мегӯянд, ӯ пас аз ин «тӯҳмат» ҷиддан бемор шудааст ва дигар аз бистар бархоста наметавонад.

Санҷишу пурсиши ин рӯҳонӣ аз ҷониби муфаттишони додситонии ноҳияи Бохтар ва хафви наздиконаш аз пахши симои падарашон дар телевизионҳои давлатӣ дар ҳолест, ки дар ин авохир чанде аз рӯҳониёни тоҷиик ба аъмоли ғайриахлоқӣ айбдор шуда, тақрибан ҳар моҳ наворҳои беобрӯкунандаи рӯҳониён ё солмандоне, ки афроди тақводор шумурда мешаванд, дар телевизионҳои  давлатииТоҷикистон намоиш дода мешаванд.

Яке аз чунин намоишҳои пурмоҷаро рафтори Асадулло Иброҳимовро нишон медод, ки бо номи «Муллои ҷодугар» машҳур шуд ва моҳи октябри соли гузашта ба 7 соли зиндон маҳкум гашт. Дар навори пахшшуда дар бораи ин рӯҳонӣ дида мешуд, ки Иброҳимов бо қироати сураҳо даст ба бадани зане мезад, ки гӯё барои табобат ба наздаш омадааст.

Ҳамин тавр, дар Интернет ва телевизионҳои давлатӣ чанд навори дигаре нашр шуд, ки дар он рӯҳониёни гӯё узви ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ба бадахлоқӣ – яке бо номи Маҳмадулло Холов ба издивоҷ бо ду духтарандараш ва якеи дигар ба алоқаи шаҳвонӣ бо як зани зоҳиран корафтода айбдор мешуданд. Ҳизби наҳзат узви ин ҳизб будани ҳардуро рад мекунад.

Аммо ахиран хабаргузории Тоҷнюс хабар дод, ки Маҳмадулло Холов баъди маҳкум шуданаш ба 21 соли зиндон рӯзи 9 май дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд даргузаштааст.

Олимҷон Саидолимов, раҳбари боздоштгоҳи дуюми Хуҷанд ба Тоҷнюс гуфтааст: «Шахсан бо ин боздоштшуда се чор маротиба сӯҳбат кардаам. Ҳолати рӯҳияш хеле шадид буд ва хеле гиря мекарду месӯхт. Шабу рӯз гиря мекард, ки «ман шармандаам. Ман гумроҳ шудам Худованд маро кӯр кард,» -мегуфт. Мо дилбардорӣ мекардем, ки тавба кун аз кардаҳоят. Шабона бисёр гиря мекард, ки чаро ман чунин кор кардаам? Диққии  зиёд ба кори дилаш зарар расонид.»

Нашри чунин наворҳои бадномкунанда хоси танҳо Тоҷикистон нест. Дар поёни соли 2013 дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки Раҳматуллоҳ Эгамбердиев, муфтии 36-солаи Қирғизистонро дар лаҳзаи алоқаи ҷинсӣ бо як зан тасвир мекард. Эгамбердиев ба дунбол воқеъияти наворро эътироф кард, вале гуфт, ӯ на бо ягон зани бегона, балки бо ҳамсари худаш ҳамхоба шуда буд.Бо ин вуҷуд ин моҷаро дар ниҳоят боиси истеъфои ин муфтии ҷавон шуд.

Худи рӯҳониён нашри силсилаи наворҳо дар бораи бадахлоқии аҳли динро як маъракаи ҳадафмандонае медонанд, ки ҷилавгирӣ аз мазҳабитар шудани ҷомеаи Тоҷикистонро, ки ҳукумат, зоҳиран, онро раванди мусбат намешуморад, ба ҳадаф дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi