23:26:12 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Военкомат"-е ки тоҷикҳоро ба ҷанги Сурия мебарад (видео)

Чӣ ангезаҳое ҷавонони тоҷикро ба ҷанги Сурия мебарад? Ва дар пушти ин “военкомат”-е, ки аз саросари дунё бо ваъдаи ҳам пули нақду ҳам биҳишти нася барои “ҷиҳод”-ҳои мухталиф сарбози “арзон” меҷӯяд, кӣ истодааст?

boeviki-v-syrii 465211212

Шумори ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия, бино ба ҳисобҳо, аз марзи 1000 нафар мегузарад. Танҳо теъдоди ҷангиёни тоҷики ҷанги зидди режими Башор Асад дар ин кишвари дури арабӣ 190 нафар гуфта мешавад. Аммо чӣ ангезаҳоест, ки ҷавонони тоҷику узбак ё қазоқро ба Сурия мебарад? Ва муҳимтар аз он, дар пушти ин “военкомат”-е, ки аз саросари дунё бо ваъдаи ҳам пули нақду  ҳам биҳишти нася  барои “ҷиҳод”-ҳои мухталиф сарбози “арзон” меҷӯяд, кӣ истодааст?

Мақомоти Тоҷикистон маъмулан аз ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷанги Сурия барои бадном кардани рақибони сиёсиашон, аз ҷумла ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва рӯҳониёни дигарандеше, чун Тӯраҷонзодаҳо истифода мебаранд. Дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар дастикам ду маврид ҷангиёни тоҷики ҷанги Сурияро аъзои наҳзат ва дар ду мавриди дигар парвардаҳои мадрасаи “Муҳаммадия”-и Тӯраҷонзодаҳо хондаанд. Иддаое ки ҳам ҳизби наҳзат ва ҳам Тӯраҷонзодаҳо башиддат рад мекунанд.

Аммо дар доираҳои коршиносии Тоҷикистон бар инанд, ки агар дар солҳои қабл аз ин кишвар асосан таҳти таъсири гурӯҳҳои ҷангҷӯе, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ё Ансоруллоҳ пой ба роҳи муҳлики “ҷиҳод” мегузоштанд, ҳоло ин “бозор”-ро пайравони равияи Салафия ба истилоҳ “монополия” кардаанд.

Салафиҳо тақрибан 10 сол пеш дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон зуҳур карданд. Мақомот дар оғоз зоҳиран ба хотири заиф кардани ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва рӯҳониёни дигарандеше, чун ҳамон Тӯраҷонзодаҳо, аз фаъолияти салафиҳо чашм пӯшид. Вале вақте чашм кушоду дид, кор аз кор гузаштааст ва салафиҳо, ки дар зоҳир бо риши дарозу шиму эзори баръакс кӯтоҳи худ  ва намоишкорона баланд гуфтани “Омин” дар вақти адои намоз фарқ мекарданд, танҳо бо ину кандани санги мазорҳо қаноат намекунанд ва сафашон низ аллакай ба ҳазорон расидааст.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшиноси тоҷик мегӯяд: “Ҳаракатҳои иртиҷоие, ки пойгоҳҳову решаҳои онҳо дар хориҷ аст, тавассути шабакаҳои интернетӣ ва моҳвораӣ ва тавассути парвардаҳои мактабҳои ифротгароияшон ҷавононро бо арзишҳои исломӣ фиреб дода, ба ҷангҳо мебаранд. Дар Тоҷикистон ин кор асосан тавассути пайравони ҳаракати Салафия сурат мегирад.”

Як масири асосии расидан ба ҷанги Сурия парвоз то Туркия аст, ки бо Тоҷикистон низоми раводид надорад, дар онҷо супурдани байъат ва дигар “военкомат”-и ҷиҳодӣ худ нафари довталабро аз марзи Сурия гузаронда, ба дасти яке аз танзимҳои “ҷиҳодӣ” месупоранд.Ва аксари ин ҷангиён баробари расидан ба ҷабҳа тамоми асноди худро ҳамчун аломати сарсупурдагӣ ва буридани ҳама роҳҳои бозгашт месӯзонанд.

Дар матбуот дар бораи ширкати то 190 тоҷик тахминан 150 қазоқ,  ҳудуди 70 қирғиз ва садҳо узбак дар ҷанги Сурия гузоришҳо нашр шудаааст. Ҳоло  дар Қирғизистон дастикам 25 нафар, бо шумули ду духтар, баъди бозгашт аз Сурия дар боздошт қарор доштаанд.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон ба ин далел мегӯяд, масъалаи ҷалби ҷавонон ба ҷунбишҳои тундраву ҷангӣ, аз ҷумла ба ҷанги Сурия ё ҳар  ҷои дигар, мушкили танҳо Тоҷикистон нест. Ӯ афзуд: “Ман тарафдори он нестам ки вуҷуди чунин гурӯҳҳо танҳо ба бекорӣ ё камбудиҳои зиндагӣ рабт дода шавад. Оё ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ва террористӣ фақат дар Тоҷикистон аст? Албатта, не. Бархе ҷангиён аз кишварҳои пешрафтаанд ҳатто.”

Рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов мӯътақид аст, ки ҳоло Русия ба як манбаи умдаи ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои “бегона”, аз ҷумла ба ҷанги Сурия табдил ёфтааст: “Яке ба пул фирефта мекунанду яке аз бесаводии бачаҳои тоҷик истифода мебаранд ва хеле осон бо чанд далолати худ мегиранду мебаранд онҳоро. Дигар инҳо  аз барои Худо рафта, ҷанг кардан мегиранд.”

Исломшиноси тоҷик Фаридуни Ҳодизода низ мегӯяд, чанд омил - аз мазҳабишавии ҷомиа то шавқи моҷароҷӯӣ, аз саводи ками диниву дунявӣ то мушкилоти иқтисодист ки  ҷавонони тоҷикро гумроҳ кардаву ба чунин осонӣ ба домани гурӯҳҳои ҷангҷӯ тела медиҳад: “Зиндагии сахту мардикорӣ дар ғурбат ҷони мардумро ба лабаш овардааст. Ва онҳо мегӯянд, ки ман чандон диндор ҳам набошам, вале мехоҳам дар ягон раваму ҷанг кунам ва пули хубе бигирам.Ба фарқ аз Русия, ки ин ҷавон дар ҳар қадам таҳқиру таъқиб мешавад, дар “ҷиҳод” ба ӯ муносибати хуб мекунанд ва ин ҳам вайро ангезаи бештар медиҳад.“

Тайи 3 соли ҷанг алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ки аз ақалияти шиаҳои алавӣ намояндагӣ мекунад, бино ба ҳисобҳо, беш аз 150 000 нафар, аксар мардуми бегуноҳу бесилоҳ, кушта шудаанд.

Аммо дар Тоҷикистон аксари рӯҳониёни чӣ расмӣ ва чӣ маҳрум аз минбар иддаои гӯё барои мусалмонон фарз шудани ҷиҳод дар Сурияро зери суол мебаранд. Ба ин далел ки ҳарду тарафи ҷанг дар ин кишвари арабӣ мусалмонанд. Аммо вақте Ҳоҷӣ Мирзо дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар Сурия на ҷиҳод, балки ҷанги манфиатҳост, билофосила аз Сурия посухаш доданд. Дар Интернет наворе нашр шуд, ки ба иддаои ноширонаш, 22 ҷавони тоҷики ниқобпӯш ва мусаллаҳро дар Сурия тасвир мекунад.

Тасдиқи воқеъияти макони сабти ин навор ва ҳуввияти “қаҳрамон”-ҳояш имкон надорад, вале дар ин видео танҳо як нафаре, ки рӯяш боз аст, бо як лаҳни омиёна башиддат аз Ҳоҷӣ Мирзо интиқод мекунад, ки аз тарси ҳукумат ҷиҳод будани ҷанги онҳо дар Сурияро инкор кардааст.

То имрӯз ҳалокати дастикам 5 тоҷик – 3 сокини Кӯлоб, 1 сокини Восеъ ва 1 зодаи Исфара – дар Сурия тасдиқ шудааст. Охирин қурбонии тоҷикии ҷанги Сурия Бахтиёр Шеров, мулаққаб ба "Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ", як сокини 26-солаи шаҳри Кӯлоб аст, ки 2 сол пеш барои кор ба Русия рафта буд, вале хабари маргаш дар рӯзҳои иди Наврӯз ба Кӯлоб расида, ҳамаро, бо шумули модари Бахтиёр ва ҳамсояҳояш таккон дод. Ҳеҷ кас аз ин ки ӯ дар Сурия меҷангад, ҳатто хабар надоштааст.

Давлат Мирзоев, вакили бинои рақами 21 дар маҳаллаи нӯҳуми Кӯлоб дар бораи Бахтиёр мегӯяд: «Бачаи хуб буд. Ба як кас кор надошт. Як бор хонадор шуд ва бинобар фарзанддор нашудашон аз ҳамсари аввалаш ҷудо шуд. Зиндагӣ бо ҳамсари дуюмаш ҳам хуб нашуд. Дигар ҳамин мушкилии рӯзгор сар шуд ва ӯ ба Русия рафт. Мо намедонем, ки ӯро кӣ куштааст ва чӣ хел куштааст? Фақат сураташро дар Интернет дидем.»

Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2013 5 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи байналмилалии Димишқ бо ҷурми ширкат дар он ҷанг дусолӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Ва ҳам дар моҳи март  мақомоти Кӯлоб аз боздошти Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов бо гумони ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба “ҷиҳод” дар Сурия хабар доданд.

То кунун афроде ки бо чунин ҷурм маҳкум шудаанд, маъмулан бар асоси қонунҳои ҳамон кишваре ки алайҳаш ҷангидаанд, муҷозот мешуданд ва далели бо ҳамагӣ 2 соли зиндон “халос” шудани он 5 донишҷӯ низ ҳамин аст. Аммо рӯзи 21 май порлумони Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноӣ банди махсусе ворид кард, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар муҷозоти шадидтар таъин мекунад.

Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон (0,14 -0,33): “Иштирок кардан дар задухӯрд дар давлати хориҷӣ барои ҷамъият хафвнок аст ва аз ин рӯ мо моддаи нав илова кардем. Мо давлати сулҳхоҳем, мо бо ягон кас ягон хел кинаву адоват надорем, бо ягон кас ягон хел ҷангу ҷидол карданӣ нестем ва равон карданӣ ҳам нестем касеро. Баръакс мо кӯшиш мекунем, ки ба ин роҳ надиҳем, пешгирӣ кунем ва барои ҳамин ҷазо пешбинӣ кардем. Ҳар як давлат мушкилоти худашро бояд шаҳрвандони худашу раҳбарияти худаш ҳал кунанд.”

Душанбе ҳамеша мегӯяд, ки бояд шаҳрвандонашро аз ҷанги Сурия ба ҳар қимате баргардонад. Аммо дасташ дар ин роҳ зоҳиран хеле кӯтоҳ аст, чунки дар Сурия ягон намояндагии расмӣ надорад ва бо ҷонибҳои даргири он кишвари дури арабӣ ҳам  қариб равобите надорад, ки аз он тараф ба кумакаш бирасанд. Танҳо шевае ки ҳоло аз сӯи мақомоти тоҷик истифода мешавад, фишор овардан ба наздикони ҷангиёни тоҷики  мушаххасшуда аст, ки ба ҳар роҳе хешу табори худро аз Сурия пас биоранд. Вале ин шева низ меваи зиёд наовардааст, чунки ҳар касе баргашт аз Сурия ба Тоҷикистон, чун он 5 донишҷӯ, боздошт ва зиндонӣ мешавад.

Мақомоти Душанбе, ки 4 сол пеш бо амри раисиҷумҳур беш аз 2000 толибилми тоҷикро аз мадрасаҳои хориҷӣ пас оварданд, мегӯянд, агар ин кор анҷом намешуд, ҳоло шумори ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳое, чун дар Сурия, бамаротиб бештар мебуд. Иддаое ки нозирони умур ба он шак доранд. Чунки, мегӯянд онҳо, аксари толибилмҳое, ки баргаштанд, дар Тоҷикистон ё имкони идомаи таҳсил наёфтанд, ё имкони кор ваё таъқибу назорати пайвастаи мақомоти амниятӣ чунон безорашон кард, ки аксар дубора рӯ ба ҳиҷрат оварданд. Касе ба мадрасаҳои қаблиаш баргашту касе ба мардикорӣ ба Русия рафт ва касе ҳам шояд уфтод ба домани гурӯҳҳое, ки ба як-як баршумурдани корҳои, ба ақидаи онҳо, “куфр”-и ҳукумати Тоҷикистон мардумро ба “ҷиҳод”-у “мубориза” барои “ҳуқуқи мусалмонон” даъват мекунанд.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшиноси тоҷик таълими ҳатмии дарси маърифати динӣ дар макотибро як василаи дур кардани насли ҷавон аз равияҳои ифротии “ҷиҳодӣ”-и ба ақидаи ӯ, “миллаткуш ва ватансӯз” медонад: “Албатта, инҳо хатари бисёр ҷиддӣ доранд, агар мо заминаҳои инкишоф ва рушди ақидаи Салафиягароиро аз шуур ва тафаккури ҷомиа берун накунем.”

Таҳлилгарони дигар ҳам мегӯянд, танҳо бо фишору таъқиб ва  танҳо бо зиндону завлона пеши ин сели довталабони “ҷиҳод” ва “ташна”-ҳои “ҷоми шаҳодат”-ро гирифта намешавад. Ба ақидаи онҳо, шояд беҳтар ин аст, ки давлати Тоҷикистон оғӯшашро ба сӯи аҳли дин бозтар кунад ва дигар бо иқдомҳое, чун ба ҳар баҳона бастани масҷидҳову манъи пӯшидани ҳиҷоб дар макотиб ва манъи ҳузури ҳам занон ва ҳам наврасони то 18-сола дар намози масоҷид ба гурӯҳҳои тундрав баҳонаи “куфр” ҳукм кардани сиёсаташ дар арсаи динро надиҳад?

Ва ҳам шояд рӯҳониёни дар чашми мардум мӯътабаре, чун Ҳоҷӣ Мирзо ё эшони Нуриддинҷонро ба масҷиду минбар баргардонад, ки аз минбар маҳрум шудани онҳо низ баҳонаи дигаре ба дасти гурӯҳҳои тундрав дар бораи табиати динситезонаи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дода буд? Дар ҳар сурат, пайравони бахусус Ҳоҷӣ Мирзо мӯътақиданд, ки то вақте минбар дар дасти ӯ буд, касе аз минтақаи Кӯлоб барои ба истилоҳ “ҷиҳод” ҳатто ба Афғонистони ҳамсоя нарафт, вале имрӯз, ки Ҳоҷӣ Мирзо аз минбар афтодааст, даҳҳо нафар аз инҷо бо талаби нӯшидани “ҷоми шаҳодат” ба Сурияи аз зодгоҳи онҳо 4000 километр дур рафтаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi