08:45:22 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22
24 25 26 27 28 29 30
31            

Роҳ ба сӯи худ

Яздон инсонро офаранда офарида.

Агар насибаашро насохт, худро бохт.

oilai-khushbakht-45855Худо эҳсони худро эҳдои онҳое мекунад, ки ба дину диёнат наздиканду аз хиёнат дур. Паричеҳраи Сафаргулро маҳз порсоӣ дар нигоҳи ҳамагон хушгилу мақбул гардонида буду наздикони илму оламу одамшиносаш фарзанди яке аз аҳли фазли деҳаи Сафедоронро насибаш донистанд. Ҳамин пайванди фаҳмиданӣ буд, ки домоди баргузида Фахриддин бо касби илму амал чун домулло ном бароварду акнун ҷойи васфи ҷамолашон хайру сахои ин хонадон аз гӯш ба гӯш мерасид.

Аз давлати дунё дар қатори беҳтарин неъматҳо фарзанд аст, ки барояшон Худо ато карду номаш ниҳоданд Ҳуриннисо. Домулло Фахриддин аз фазлу илм ҳамеша дар хидмати мардуми маҳал буду ҳаққу ҳамсоя баробари бародар ёру ёрмандашон. Аз молу ҳоли дунё бештар гӯсфандпарвариро шуғл дошту баракати хонаш рӯз ба рӯз аз ину он зам мешуд на кам. Як маҳал домулло Фахриддин ба аёдату даму дуохонии пире аз пирони деҳа баромаду ба ҳамсараш бохабарӣ аз ҳоли гӯсфандонро таъкид намуд.

Ҳикмати "ганҷ дар вайрона" магар далолат буд, ки чун холаи Сафаргул ба охӯрдон обу алаф овард, шоҳиди ҳолати аҷибе шуд. Аз зери охӯрдони гӯсфандон мисли чашма моеи фаровон рӯ мезад. Чун нек назар кард, мӯъҷизае дид, доди Худо. Ин чашмаи ҷушон равғани зард буд, ки рангу покиву бӯяш шаҳодат медод. Зан, ки ба қудрати Худову покии ҳафт пушташ эътимоду эътиқод дошт, аз он равған хум пур карду сирашро ҷуз ба шавҳари хушбовараш дигар ба касе накушод. Чунин як муъҷизаро Ҳуринисо аз наздиконаш гӯиё мерос бурд.

Рӯзе духтараш Сарвинисо давидакунон омад, ки дари ҳелча кушода шудаву бузу гӯсфандон баромадаанд. Модар ки дар хум дуғ мекашид, чахтаку чархчубро ба ҳолаш гузошта, пушти хона давид. Чун молҳоро маҳкам карду омад, чархчубро аз ҷояш ҷумбонида натавонист. Дуғ то таги хум маска шуда, ях баста буд. Суқи чашми худӣ буд, ки ҳамон сол кӯдаконаш гул бароварданд. Гарчи даму дуохонӣ таби кӯдаконро паст кард, дар чашми духтарчаашон Сарвиниссо гул афтод. Акнун чеҳраи зебои ӯро як чашми кӯршудааш дигар кард. Рӯз ба рӯз болобаланд мешуду дар дили модар ғам, ки духтари ҷурмдидаашро кӣ мегирифта бошад? Ҳама ҳунарҳоро ба ӯ ёд дод, аммо чашмаш шифо наёфт. Рӯзе дари хонаи онҳо хостгор ҳам омад. Лек ин хостгор марди солдидаву занмурдае буд. Чун одати дерин Сарвинисо бо духтару бачаҳои ҳамсоя ҳазлу шухӣ дошт, ки ин хабар ба гӯшаш расид. Аввал як лаҳза дар ҷой шах шуд. Акнун ҷойи шодӣ гиря гулӯгираш кард. Бачаи аз ҳама зебои ҳамсоя Қамариддин, ки таги дил ба ӯ муҳаббат дошт, шерак шуду гуфт:

- Бираву дар назди падарату хостгорҳо бигӯ, ки ман ҳамин касро дӯст медораму танҳо ба ӯ хонадор мешавам. Ояндаи ману ту аз ҳамин вобаста аст. Сарвиниссо ҷуръат пайдо карду тибқи гуфтаи хушдораш амал намуд. Хостгорҳо бо шунидани ин сухан лол монданду рафтанд. Қамариддин гарчи ятим буд, молу ҳол ҷамъ оварда, ҳам тӯйи худро барпо карду ҳам хоҳари Сарвинисо Санифамоҳро ба бародараш хостгорӣ карда дод. Дасти сахои ҳарду хонаашонро сермеҳмон мекард. Чун пушти гузаштааш Сарвинисо танҳо аз шири бузу гӯсфанд хум-хум маскаву равған мегирифт. Чанд бор дар гирди чархдеги дуғаш гаштани морбачаи шир вори сафедро дид. Пайхас кард, ки ин ҳамон морбачаест, ки аз гузаштагонаш шунида буду азизаш мехонданд. Азизе, ки ганҷ меораду ранҷ не. Рӯзе сири вуҷуди он морбача назди зани ҳамсоя кушода шуду аз ҳамон замон он ғайб зад. Гарчи дигар мӯъҷизаи то таги хум маска шуда, ях бастани дуғ дур шуд, ганҷашон аз меҳнати соф гум нагашт. Боз ҳамон қайла буду фатирмаскаву қурутобу хонаи сермеҳмон. Боре дар масҷиди маҳал касе ҳам шухӣ кард, ки "ин камбағал хуми тилло ёфтагӣ ки ширу қаймоқу қанди хонааш ҳамеша ҳаст?". Қамариддин бо табассум ҷавоб гуфт:

- "Бо худододагон ситеза макун", - мегӯянд. Ҳамин бегоҳ ба ҷӯяҳои картошка об бастам. Шаб сел омадаву ҷӯяш кандааст. Бинам як кӯза тилло. Дигар чӣ мепурсӣ?

Аз ин гуфта яке тааҷҷуб карду дигаре бовар. Қамариддин бошад хушҳол аз он буд, ки гарчи як чашми ҳамсараш нобиност, нону хуроки омодамекардааш дар чойхона таърифисту касе сари мӯе камбудӣ намеёбад. Ин аст давлати дунё.

Зулолаи Нур, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi