03:30:19 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Дар роҳи Аллоҳ", «Шамшери Аллоҳ» ... ва "вирус" дар Одноклассники

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанде аз корбарони тоҷик зери номҳои мазҳабӣ намудор мешаванд, аммо ҳангоми сар задан ба бархе аз ингуна саҳфаҳо аксу "лайк"-ҳоеро ҳам метавон дид, ки на танҳо ба дину мазҳаб мухолиф аст, ҳатто фаҳш ҳам ҳастанд.

mech-allah-4598554«Шамшери Аллоҳ», «Дар роҳи Аллоҳ», «Ғуломи Аллоҳ», «Муваҳҳид», «Бандаи Худо уммати Расулаллоҳ», «Fамгин машав, Аллоҳ бо мост» ному шиорҳоянд, ки имрӯз дар саҳфаҳои иҷтимоӣ муд шудаанд ва хеле зиёд ба назар мерасанд.

Аниқтараш садҳо нафар маҳз бо ин номҳо имрӯз дар ин шабакаи иҷтимоӣ саҳифа боз кардаанд ва гоҳо навиштаҳоеро писанд мекунанд, ки ба дину мазҳаб рабт доранд ва гоҳи дигар дар саҳфаи  «Шамшеру, бандаи Аллоҳ» метавон аксҳоеро ҳам дид, ки ба гуфтаи корбарон, аз диданашон «ҳуш аз сари инсон мепарад». 

Аммо суоле ки дар зеҳни бисёриҳо чарх мезанад ин аст, ки ин ҷавонон кистанд ва дар асл чӣ қадаранд?

Яке аз ин корбарон ки дар Одноклассники бо номи «На пути Аллаха», саҳфа дорад, ва ба гумони худаш ҷавони мазҳабист, талош мекунад дар баҳсҳои динӣ бо корбарони ин шабака баҳс кунад. Дар саҳфааш ӯ навиштааст «ба ислом эътиқоди зиёд дорам ва маҳз ба ҳамин хотир дар «Одноклассники» чунин ном гузоштаам».

Аммо баъзеи дигар аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ, ки аксаран ҷои мулоқоти ҷавонони тоҷик аст, мегӯянд, чунин номгузории ҳамсолонашон дар Одноклассники худнамоие беш нест. Зеро дар саҳифаи баъзе аз чунин ҷавонон аксҳои нимаурёни духтарон ва наворҳои фаҳш писандида ва ба ин васила таблиғ шудаанд.

Муҳоҷир - як корбари ин шабака навиштааст, ки «аслан ба номгузории касе кор надорам, танҳо ба он хотир мегӯям, ки чунин номҳо мегузоранду чизҳои фаҳш писандашон аст». 

Фаъоли дигари ин шабакаи иҷтимоӣ бо номи Шамси Ҷаббориён мегӯяд, гузоштани чунин номҳо дар Одноклассники миёни ҷавонон муд шудааст, айнан мисли ҷавонони қафқозӣ, ки чанд вақти пеш ин муд дар миёни онҳо ҳам буд ва аксари духтарони қафқозӣ ҳам бо исми «мусулманка» дар шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники сафҳа доштанд.

Ҷаббориён меафзояд: «пеш, вақте ман медаромадам тоҷикҳо ба ҳамин хел номҳо қариб ки набуданд. Бештар чеченҳову доғистониҳо чунин номҳо мегузоштанд, «мусулманка, алхамдулиллах мусулманин, мечь аллаха...»

Дар ҳамин ҳол аксари корбарони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар инанд, ки маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар ҷавонони мазҳабиро водор кардааст, ки бо ин роҳ як навъ норозигии худро баён намоянд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо корбарони гурӯҳҳои «Бандагони Худо» ва «Нур» дар Одноклассники зиёд бархурд мекунад, мегӯяд: «бо вуҷуди он ки наметавонам бигӯям, ки онҳо киҳо ҳастанд, вале касоне ҳастанд, ки мехоҳанд озодии динӣ дошта бошанд, ҳарчанд маълумоти зиёде аз дину ислом надоранд. Зеро нафаре ки динашро дуст медорад, шарт нест, ки номи шахсии худро дар саҳифаи интернетӣ «бандаи Аллоҳ» ё чизи дигар гузорад. Бигзор номи худашро навишта кунад».

Аҳмадхӯҷа Давлатов дар идома афзуд, миёни чунин корбарон, ки бо номҳои «Мечь Аллаха», «На пути Аллаха», «Рабб Аллаха», «Муваҳҳид», «Бандаи Худо уммати Расулаллоҳ», «Fамгин машав, Аллоҳ бо мост»  саҳфа доранд, аксҳои гуногун ҳам гузоштаанд ва дида мешавад, ки баъзе баҳсҳоро ба ифрот мерасонанд ва гоҳҳо ихтилофҳои диниро ба миён меоранд.

Корбари дигар ин шабакаи иҷтимоӣ Эҳсон ба ин назар аст, ки донандаи хуби дину мазҳаб метавонад бо ному насаби шахсии худ саҳифа боз кунад ва бо далелу арқом тавонад дар ин ё он мавзӯъ баҳс кунад. Аз ин ру ба гуфтаи Эҳсон гоҳҳо чунин нафарон бо истифода аз чунин номҳо мазҳабӣ ба таҳқири корбарони дигар мепардозанд, ва дар баҳсҳои диннӣ мағлуб мешаванд.

Фариштамоҳ Гулова, аз Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонон тақлидро дӯст медоранд ва ин кори онҳо пайравӣ аз тамоюл аст. Хонум Гулова гуфт, аз сабаби он ки аксари корбарони шабакаи иҷтимоии Одноклассники ҷавонони то 18 сола ҳастанд, метавонанд дар камтарин фурсат ба ҳамагуна таблиғи гурӯҳҳои динӣ бовар кунанд. Вай гуфт, одоби муошират дар шабакаи Одноклассники як каме олудаи «вирус» аст. «Барои мисол бубинед, дар Однокласники агар як корбар ягон акси фаҳш ва ё матлаби нодурустро писанд кунад, хоҳ нохоҳ онро тамоми дӯстони он корбар мебинанд ва ҳамин гуна як «вирус» метавонад тамоми шабакаи иҷтимоиро сироят кунад», - гуфт ӯ.

Шабакаи иҷтимоии Одноклассники ба 11 забони кишварҳои собиқ шӯравӣ тарҷума шуда, даҳҳо миллион муштарӣ дорад. Бино бар омори расмӣ, ҳар рӯз 267 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз шабакаи "Одноклассники" истифода мекунанд, ки 83 дарсади онҳо ҷавонон буда, шакли мобилии онро меписанданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi