19:17:12 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аз хонаи Сурайё Қосимова сейфро дуздидаанд

Сурайё Қосимова, сарояндаи маъруф ҳодисаи дуздии амвол ва оташ зада шудани хонаашро шарҳ дод. Шаби 24 ба 25 июл ба хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Кӯлоб огаҳӣ расид, ки хонаи овозхони шинохта Сурайё Қосимова оташ гирифтааст.

surayo-qosimova-4875441Пажӯҳиши пешакӣ нишон дод, ки сӯхтор тасодуф набуд, балки қасдан хона оташ зада шудааст. Мутфаттишон бовар доранд, ки афроде аввал амволи хонаро дуздида, барои нест кардани изи худ онро оташ задаанд. Овозхон мегӯяд, дуздҳо аз хонааш сейф ё говсандуқеро бурдаанд, ки дар он пул, ҳуҷҷатҳо ва ҷавоҳирот нигаҳдорӣ мешуд.

Он шаб, ба гуфтаи Сурайё Қосимова, вай ва хешони наздикаш дар хона буданд ва дар табақаи аввали ҳамин бино мехобиданд. Пеш аз ҳама ҳамсоягони онҳо сӯхторро дида, бонги изтироб задаанд. "Мошинҳои сӯхторнишонӣ сари вақт расиданд, ва агар онҳо кӯшиш намекарданд, мумкин аст, осеби бештар мерасид. ва оташ ба табақаи якум ҳам мефуромад. Аз берун ҳамсояҳои рӯ ба рӯ диданд ва огоҳ карданд."

Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб дар робита ба қасдан оташ зада шудани манзили зисти Сурайё Қосимова, сарояндаи маъруф парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтиши пешакиро оғоз намудаанд. Ин парванда бар асоси  моддаи 244 қисми 4, (дуздӣ дар ҳолати хавфнок ва ба миқдори махсусан калон) ва 255 қисми 2 (қасдан нобуд кардани молу мулк бо роҳи оташ задан)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст.

Бахтиёр Ризоев, як масъули Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб ба мо гуфт, ҳоло чанд фарзияи сӯхтор дар хонаи сароянда рӯи даст доранд ва аз рӯи он тафтишро идома медиҳанд. Ӯ мегӯяд, чанд гумонбар мавриди пурсиш қарор дорад, вале то ҳол гумонбари аслӣ дар ин сӯхтор боздошт нашудааст. «Мо ҳоло ба хотири халал ворид нашудан ба раванди тафтишот фарзияҳои худро наметавонем, ошкор кунем, аммо ҳаминро метавонем гӯем, ки парванда боз шудааст ва тафтиш идома дорад. »

Саидмуддасир Раҳматов, масъули Хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, пас аз хабардор шудан фавран ба ҷои ҳодиса расида, алангаи оташро хомӯш карданд. Ӯ гуфт: «Кормандони мо зуд оташро хомӯш карданд. Он шаб ошёнаи боло оташ гирифта буд ва мо оташро хомӯш кардем ва ошёнаи поении бино аз сӯхтор эмин монд. Ҳоло ҳаҷму зарари сӯхтор аз ҷониби кормандони ШКД омӯхта мешавад.»

Барои пурра муайян кардани зарари сӯхтор аз ҳисоби кормандони милиса ва хадамоти оташнишонӣ комиссияи вижа таъсис ёфтааст. Ин сӯхтор пас аз ғорати хонаи сароянда сурат гирифтааст. Ғоратгарон бо худ як сандуқи оҳанин (сейф), ки пур аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва ашёҳои қиматбаҳо будаанд, бо худ бурдаанд.

Сурайё Қосимова, модари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед аст. Ӯ бо сабку шеви хоси сурдухонӣ аз маъруфтарин сарояндаҳои тоҷик дониста мешавад. Дар ин байн, Шабнам ва Хуршед баъд аз анҷоми ҳаҷҷи умра дар Дубай ба сар мебаранд ва рӯзҳои наздик бояд ба Тоҷикистон баргарданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi