16:39:41 22-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Амалкарди Бишкек сокинони Тоҷикистонро нигарон кард

Сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон мегӯянд, ки Қирғизистон бе мувофиқа бо Тоҷикистон ба сохтмони роҳ ва пул дар қитъаҳои баҳсбарангези марзӣ медиҳад.

rohsozon 5698457878Ба гуфтаи сокинони марзӣ, мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон Бодканд дар мавзеи Тангии деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара, ки ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, аз се рӯз ба ин тараф ба сохтмони роҳ идома медиҳанд. Собир Сафаров, раиси деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рӯзи 25 август ба мо гуфт, ки дар рӯбарӯи мавзеи Тангӣ роҳсозони қирғиз бо як экскватор ва ду булдозер роҳсозиро аз сар гирифтаанд.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Қирғизистон дар ҳоле ба ин кор иқдом кардааст, ки баҳси сохтмони роҳҳои мошингард дар ин минтақа, байни деҳаҳои Оқсой ва Тамдиқи қирғизҳо ва Ворух - Исфара аз тарафи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар поён наёфтааст. Ҷониби Қирғизистон ду моҳқабл ба сохтмони ин роҳ шурӯъ карда, вале баъди музокираҳои ҳайати Комиссияи байниҳукуматӣ сохтмон қатъ карда шуда буд, ҳамакнун дигарбора ба роҳсозӣ оғоз кардаанд.

Ҳамин гуна талоши ҷониби Қирғизистонро барои бунёди пул аз болои рӯди ОвчӣҚалъача, сокинони ин маҳали марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо таҷаммӯву раҳбандии кӯтоҳмуддат ҷилавгирӣ кардаанд. Як сокини деҳаи Қалъаи ҷамоати мазкур, ки худро Мурод Султонов муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ахиран ҷониби Бодканд ба назди рӯди Хоҷа Боқирғон дар канори ин деҳаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ба суи деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як “Камаз” ва экскаватор оварда, хостанд ба бунёди пул аз болои рӯд сар кунанд, аммо сокинони марзии тоҷик ба ин монеъ шуданд.

Ба гуфтаи вай, мақомоти Бодканд бо сохтмони ин пул ҳадаф доранд, ду пораи аз ҳам ҷудои заминҳои баҳсноки марзиро, ки он ҷо як гурӯҳ хонаводаҳои қирғиз низ зиндагӣ мекунанд, ба ҳам пайванданд, вале пули нав роҳи гузари сокинони бумии тоҷиконро ба сӯи обанбори худ ва садҳо гектар заминҳои он сӯи пул мебандад:

“Барои ҳамин тарафи мо ба сохтани ин пул иҷозат надодааст. Мақсади мақомоти Бодканд ин ки бо сохтани пуле, ки стратегӣ меномидаанд, дар назди деҳаи мо посгоҳи марзӣ гузошта, садҳо гектар заминҳои он сӯи пулро, ки аслан ба мо тааллуқ дорад, аз худ кунанд.

Ғайр аз он ин пул роҳи моро ба обанборамон, ки солҳои 50 – уми асри гузашта Тоҷикистон сохта, заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расуловро обёрӣ мекунад, мебандад ва контроли обро ба дасти қирғизҳо медиҳад. Барои ҳамин мо нагузоштем, қирғизҳо бе созиш бо ҳукумати Тоҷикистон, сохтани ин пулро сар кунанд.”

Ғайрат Гадойбоев, раиси ҷамоати ОвчӣҚалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар маҳали бунёди пул вазъ ором аст ва аз ҷониби Бодканд дигар талоше барои аз сар гирифтани сохтмони пули баҳснок ба мушоҳида намерасад. Вай афзуд, иҷоза барои бунёди пул дар маҳали ҳанӯз аломатгузоринашудаи марзӣ дар салоҳияти ҳукумати марказист ва тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ анҷом мегирад, вале то ҳоли ҳозир ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон сари ин масъала ба созиш нарасидаанд.

Ҷӯра Юсуфӣ, коршиноси маҳаллӣ бо ишора ба таърихи тӯлонии муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз давраи шуравӣ маншаъ мегирад, ҳалли масоили марзӣ дар вазъи кунунӣ барои таъмини амнияти ин давлатҳо муҳим медонад. Вай мегӯяд, ҳар ду ҷонибро мебояд ҳар чӣ зудтар ва бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ масъалаҳои муноқишаангези марзиро ҳаллу фасл кунанд, то ки заминаҳои баҳсу муноқишаҳои марзӣ, ки ҳарсола ба чандин даргириву муноқиша байни сокинони марзиву сарҳадбононон мунҷар мешавад, аз байн бурда шавад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи июли соли равон комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ дар музокирот таҳти раҳбарии сарвазирони ин кишварҳо ба созиш расида буданд, ки гурӯҳҳои кории марзӣ вариантҳои хатҳои гузариши сохтмони роҳҳои Ворух - Исфара ва Оқсой – Тамдиқро омӯхта, наҳваи татбиқи онро таҳия ва ба комиссияи мазкур пешниҳод кунанд. Вале то кунун ҷонибҳо натиҷаи кори ин гурӯҳҳоро эълон накардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi