23:22:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Парванда алайҳи мудири бонки "Ҳамдастӣ"

Мақомоти масъули мубориза бо фасод алайҳи раҳбари як бонки хурд дар шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" парванда кушодаанд. Мудири бонки "Ҳамдастӣ" ин иттиҳомро рад мекунад.

hamdasti 5456532Алайҳи мудири бонки хурди қарздиҳии “Ҳамдастӣ” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд бо иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “сӯиистифода аз ваколатҳои хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале мудири бонки “Ҳамдастӣҳама гуна иттиҳомоти алайҳаш пешниҳодгаштаро қотеъона радъ мекунад.

Бино ба иттилоъи оҷонсии зидди фасод, Сурайё Почоҷонова, мудири бонки “Ҳамдастӣ” дар вилояти Суғд  60 грамм ороишоти тилоиеро, ки  як зани мизоҷ ба ин бонк ба ҳайси гарав гузошта буд, бо таҳияи санадҳои сохта дар бораи ироаи ҳудуди 3 ҳазор доллар қарзи нав ба номи он зан аз худ кардааст.

Як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда ба мо гуфт, аз ин зан, ки ба ҳайси яке аз ҷабрдидаҳои аслӣ  дар парванда иштирок мекунад, ба далели пинҳон доштани сирри тафтишотӣ ном бурда намешавад. Ва ин дар ҳолест ки Оҷонсии зиддифасодр ҳамчунин мудири бонки “Ҳамдастӣ” дар шаҳри Хуҷандро ба он ки  як соати тилоии мизоҷи дигари ин бонк ба арзиши ҳашту ним ҳазор сомониро, ки ҳамчун гарав дар ихтиёри бонки мазкур гузошта буд, низ бо роҳи боз кардани парвандаи нави қарз аз они худ кардааст, айбдор донистааст. Дар ҳоле ки он мизоҷ, ки мақомот ба далели ҳифзи сирри тафтишотӣ  аз ошкор намудани номаш худдорӣ меварзанд, қарзашро дар назди “Ҳамдастӣ” соф кардаву бояд соати тилоиашро бозпас мегирифт.    

Рӯзи 8 - уми сентябр, ки ба бонки мазкур дар маркази шаҳри Хуҷанд рафтам, хонум Почоҷоноваро дар утоқи кориаш пайдо кардам. Вале ӯ аз сӯҳбат дар бораи парвандааш худдорӣ кард ва гуфт, назари ӯро ҳуқуқшиноси бонки мазкур баён хоҳад дошт. Ҳуқуқшиноси бонки “Ҳамдастӣ”, ки бидуни бурдани ном сӯҳбат кард, гуфт, то ҳоли ҳозир мақомоти Оҷонсӣ онҳоро дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Сурайё  Почоҷонова, мудири бонки ҳамдастӣ расман дар ҷараён нагузоштаанд: “Тибқи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ вақте касе ба мақомот ариза мебарад, он бояд дар муддати то 10 рӯз ва дар ҳолатҳои истисноӣ – то 15 рӯз баррасӣ шавад ва нисбати шахс парвандаи ҷиноӣ боз гардад. Баъди оғоз шудани парванда дар муддати  то 10 рӯз айб эълон гардад. Вале то ҳол мақомоти тафтишотӣ айбномаро дар ихтиёри мо нагузоштаанд.”

Ҳамин тавр, ҳуқуқшиноси бонки “Ҳамдастӣ” иттиҳомооти аз худ шудани ороишот ва соати тилоии 2 мизоҷи ин бонкро радъ кард. Вай дар мавриди соати тилоии мизоҷи ин бонк гуфт, ки онро мудири банк аз худ накардааст ва он дар хазинаи бонк нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи мусоҳибам, соати тилоӣ ба он сабаб ба шахси гаравгонгузор баргардонида нашуд, ки соҳиби аслии он шахси дигар буда, гаравгонгузор онро бидуни ризояти соҳибаш дар гарави бонкӣ гузоштааст. То поёни баҳс соати тилоӣ дар сандуқи бонкӣҳифз мешавад.       

Ин бори дуюм аст, ки дар ду соли охир масъулони бонки хурди “Ҳамдастӣ” дар шаҳри Хуҷанд аз сӯи мақомот ба тасарруфи дороии мизоҷон муттаҳам мешаванд.

Охири соли 2013 муовини сардори бахши қарздиҳии ташкилоти “Ҳамдастӣ” - Насим Мамадҷонов, ба гуфтаи мақомоти тафтишоти парвандаи ӯ,  бо роҳи қаллобӣ аз номи даҳҳо сокин маблағҳои бонкиро аз худ карда, баъди фош шудани ин кораш фирор кард. Дар пайи шикояти ҳудуди 10 сокин бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбат ба ин масъули бонки “Ҳамдастӣ” парвандаи ҷиноӣ, бо айби “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” мутобиқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон боз намуд. Ба думболи он барои боздошти Мамадҷонов ҷустуҷӯи ҷиноӣ эълон кард. Вале то ҳоли ҳозир ин масъули собиқи бонки “Ҳамдастӣ” боздошт нашудаву тақдири даҳҳо ҳазор доллар маблағҳои ба номи сокинон азхудкардаи Мамадҷонов маълум нест.   

ҶДММ «Ҳамдастӣ», ташкилоти қарздиҳии хурд буда, 5 сол пеш, соли 2009 дар маркази вилояти Суғд таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи масъулонаш, ин бонки хурд дар системаи бонкии Суғд, ки дар канори чанд бонки бузург ҳудуди 25 бонку бунёдҳои хурди қарздиҳиро дарбар мегирад, ҷойгоҳи қавие надорад. Теъдоди муштариёнаш ҳамагӣ чандсад нафар буда, "Ҳамдастӣ" маъмулан ба мизоҷон то 4 ҳазор доллар қарз медиҳад. Мизоҷонаш асосан аз Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ҳастанд ва эълони боз шудани парванда аз суи Оҷонсии мазкур алайҳи мудири он масъулони ин бонкро аз ворид шудани латма ба обруи бонку костани эътимоди мизоҷонаш ва коҳиши теъдоди онҳо хавотир кардааст.   

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi