05:05:53 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

"Билайн": "Любой ҷо"-ро дар ҳама ҷо мефаҳманд

"Билайн" мегӯяд, ба далели барои муштариёнаш фаҳмо будани маънои ибораи "Любой ҷо" аз он дар номи тарифи наваш истифода кардааст. Кумитаи забон қаблан гуфта буд, номи ин тарифи "Билайн" ҷавобгӯи қонуни забон нест ва бояд иваз шавад.

beeline-45784545.jpgШиркати “Таком”, молики бренди “Билайн” дар бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон ба иддаои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди истифодаи ибораи “Любой ҷо” дар номи тарифи нави ин ширкат посух додааст. Кумитаи забон "Билайн"-ро айбдор мекунад, ки  дар номгузории тарифҳояш ба сатҳи забони таксистҳо фаромадааст.

Дар ин посухи расмӣ, ки бо имзои сухангӯи ширкат Мария Веторази ба расонаҳо ирсол шудааст, “Таком” эътироф мекунад, ки барои истифодаи ибораи “Любой ҷо” ба Кумитаи забон муроҷиат карда буд ва ин кумита дар посухаш таъкид карда буд, ки “Любой ҷо” ба меъёрҳои забони адабии тоҷикӣҷавоб намедиҳад ва як ибораи роиҷ дар забони гуфтугӯи авом аст.

Ширкати “Таком” мегӯяд, аз ибораи “Любой ҷо” дар таблиғи тарифаш танҳо “ба далели мавриди истифодаи фаровон қарор доштани ин ибора ва истифодаи он дар сӯҳбатҳои оммаи бузурги муштариёни мо” кор бурдааст. “Чунин ном ба таври фаҳмо маънои барномаи тарифро мефаҳмонад – зангҳои дастрас ба ҳар оператори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тамоми самтҳо. Дар айни замон ин ибора оддӣ, хотирмон ва шӯхиомез аст. Бо истифодаи ин ибора мо мехостем таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кунем...” – гуфта мешавад дар посухи “Таком”.

Сухангӯи ширкат Мария Веторази мегӯяд, рекламаи тарифи “Любой ҷо” ҷавобгӯи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон буд, чунки бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ таҳия шудааст: “Гузашта аз ин , дар маълумоти таблиғотӣ дар бораи тариф шарҳ дода мешавад, ки ибораи “Любой ҷо” чӣ маъно дорад? Истифодаи ибораҳои сода дар номи маҳсулот ва хидматрасониҳо, аз ҷумла ибораҳои гирифта аз забонҳои хориҷӣ дар тамоми дунё як таҷрибаи маъмулист. Аз ҷумла дар худи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавон маҳсулоти гуногуни мавриди истифодаи мардум ва  хидматрасониҳоеро вохӯрд, ки бо забони хориҷианд.”

Дар анҷоми ин нома гуфта мешавад, ки “Билайн” бо ироаи тарифҳои содаву дастрас  ҳамеша ба ниёзҳои мардуми кишвар расидагӣ мекунад. Мо анъанаҳову арзишҳои мардуми тоҷикро эҳтиром мекунам ва ҳамеша мехоҳем ба муштариёнамон наздик бошем.”

Ин посухи “Таком” (“Билайн”) ба изҳороти ахири Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аст, ки рӯзи 29 сентябр гуфт, ширкати мобилии “Билайн” (“Таком”) яке аз тарифҳои навашро “Любой ҷо” номгузорӣ кардааст, ки бо қонуни забони давлатӣ муғойират дорад.

Бибираъно Ҷӯраева, як корманди масъули Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳақ доранд, аз болои ин амалкарди ширкати “Билайн” ба додситонӣ муроҷиат намоянд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “Билайн” пеш аз номгузории таъруфаи наваш аз онҳо машварат хоста, ҷавоб ҳам гирифта будааст. “Мо шаклҳои тоҷикии ин ибораро ба гунаи “Самти дилхоҳ” ва “Ҳама ҷо” пешниҳод карда будем. Аммо ҳоло мебинем, ин пешниҳодҳои мо рад шуда, Билайн ҳамон ибораи интихобии худашро интишор кардааст, ки бо қонуни забони давлатӣ мухолифат дорад,” - таъкид кард ӯ.

Хонум Ҷӯраева афзуд, дар ҳоли ҳозир як гуруҳи корӣ ин амали “Билайн”-ро мавриди баррасӣқарор дода, баъдан тасмим хоҳанд гирифт, кӣ чӣ кор мекунанд. “Бубинед ҳам шакли Самти дилхоҳ ва ҳам Ҳама ҷо ҳамин мазмунеро, ки “Любой ҷо” дар бар мегирад, фаро гирифта метавонад. Аммо чаро меъёри забони давлатӣ сарфи назар шудааст, гуруҳи корӣ маълум хоҳад кард,” - мегӯяд Бибираъно Ҷӯраева.

Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоле ки аз тарафи ширкатҳову идораҳо меъёри забони давлатии тоҷикӣ вайрон мешавад, Кумита ҳақ дорад, санад тартиб дода, ба додситонӣ пешинҳод намояд.

Ибораи “Любой ҷо” пеш аз он ки номи яке аз таъруфаҳои Билайн шавад, дар пеши аксар мусофиркашон ва таксиҳои шаҳри Душанбе насб мешуд. Яъне, ба ин маъно ки ин мусофирбар ва таксиҳо одамонро ба ҳар куҷое, ки хоҳанд, мерасонанд. Баъзе аз ронандаҳо мегӯянд, ин ибораи кӯтоҳ тамоми хости онҳоро рӯшан баён мекунад ва сокинон ҳам дар фаҳмидани он азият намекашанд. Дар забони гуфтугӯии сокинони Тоҷикистон истифодаи якҷояи калимаҳои русӣ ва тоҷикӣ, мисли “Любой ҷо”, зиёд вомехӯрад.

Аз тарафи дигар, даъвои Кумитаи забон бо "Билайн" бар сари истифодаи калимаҳои хориҷӣ дар исми маҳсулот бисёриҳоро як андоза сардаргум кардааст, ки оё аз ин чунин барнамеояд, ки пас брендҳои маъруфи ҷаҳоние, чун, барои мисол, "Adidas", "Pepsi", "Сoсa Cola" ё  "McDonald's" бояд қабл аз пой гузоштан ба бозори Тоҷикистон исми худро ба тоҷикӣ "тарҷума" кунанд?

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi