14:04:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамсари Зеварбону гуфт, ёвари додситонро намебахшад

Шавҳари Зеварбону Пирова, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, баъд аз чаҳор рӯзи марги фоҷиабори ӯ ба Душанбе омадааст ва мегӯяд, ба ҳеч ваҷҳ гуноҳи Фирӯз Холиқзодаро нахоҳад бахшид. Шавҳари Зеварбону Пирова, роҳрӯби 53-солаи тоҷик, ки зери чархи мошини Фирӯз Холиқзода - ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт монда, ҷон додааст, мегӯяд, аз гуноҳи ӯ нахоҳад гузашт.

firuz-kholiqzoda-457845.jpgМирзо Муродов баъд аз чор рӯзи марги фоҷиабори ҳамсараш аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба Душанбе омадааст. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори мо гуфт, “ҳарчанд баъзе наздикону ҳамкорони Холиқзода ба назди омада, маъзарат хостанд, вале ҳамаашро ба дасти қонун месупорам. Аз Додситонии кулл мехоҳам, мунсифона қазияро баррасӣ кунад. Бовар кунед, зиндагиам хароб шуд.”

Ҳамсуҳбати мо афзуд, хабари марги ҳамсарашро аз тариқи расонаҳо дар ғурбат шунида, то ҳол ба худ наомадааст. “Азбаски дар даст пули кофӣ надоштем, натавонистем зудтар билети ҳавопайморо гирифта, биёем. Дар масъалаи парвоз низ мушкил пеш омад ва ночор аввал ба Хуҷанд рафта, сипас ба Душанбе омадем”,-гуфт ӯ.

Мирзо Муродов дар идома афзуд, ҳар сол ҳамроҳи фарзандаш ба муҳоҷирати корӣ меравад ва зиндагиашро ба зӯр аз ин ҳисоб таъмин мекунад. Ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба он айбдор мешавад, ки соати чори субҳи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шудааст. Шоҳидониҳол нақл мекунанд, дар натиҷаи садама баъзе аз аҷзои бадани Пирова аз ҳам ҷудо шуда, чанде аз ҳамкорони ӯ баробари дидани вазъ аз ҳуш рафтаанд.

Як корманди масъули додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори мо дучори садама шудани ҳамкори худро тасдиқ кард. Аммо ӯ гуфт, ҷузъиёти ин садамаро танҳо Додситонии кулл, ки парванда дар ихтиёрашон мебошад, метавонад ошкор кунад.

Фирӯз Холиқода 31 сол дошта, писари декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ, профессор Кароматуллоҳ Холиқов мебошад. Профессор Холиқов ду сол пеш вафот карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi