10:53:50 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Корманди додгоҳ бо $52 ҳазор ба чанг уфтод

Як корманди Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон барои гирифтани ришва дар ҳаҷми 52 ҳазор доллар, боздошт шудааст.

azimjon-asrorov-65987845Кормандони Оҷонсии зидди корупсия котиби Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон Азимҷон Асроровро боздошт карданд, ки бо роҳи фиреб ба бовари кормандони театри “Гаҳвора” даромада, барои ба фоидаи ин театр бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки бо Додситонии кулл баҳс доштааст, аз моҳи июни соли 2014 то моҳи июли соли равон 52000 долларро ҳамчун ришва гирифтааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки пас ворид шудани аризаи дастҷаъмонаи кормандони театри “Гаҳвора” ба Оҷонсӣ маълум шуд, ки котиби Додгоҳи олии иқтисодӣ Азимҷон Асроров бо роҳи фиреб ва суйистифода аз боварии онҳо барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки аз ваколатҳои хизматии берун мебошад, 52000 доллар пора гирифта, ба манфиати шахсии худаш хароҷот кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар моҳи июни соли 2014 ҷаноби Асроров бо Ҳоҷимуродова ва Шокирова - кормандони театри "Гаҳвора" дар назди «Маркази савдои марказӣ»-и Душанбе вохӯрӣ намуда, барои бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора», ки даъвогари он Додситонии кулли Тоҷикистон будааст, маблағи 20 000 долларро гирифтааст. Ба дунболи ин ӯ, дар моҳи июни соли 2014 бо шаҳрвандон Ҳоҷимуродова ва Шокирова дар манзили истиқоматиашон воқеъ дар кӯчаи Ғуломови пойтахт мулоқот намуда, аз онҳо боз 10 000 доллари дигар мегирад .

Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, бо вуҷуди он, ки ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии Душанбе бекор нашуда бетағйир монда шуда бошад ҳам, Асроров дар моҳи июли соли 2014 боз бо шаҳрвандон Ҳоҷимуродова ва Шокирова вохӯрӣ намуда, аз онҳо хоҳиш кардааст, ки барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» ҳал кардани кор, боз 22 000 доллар биёранд. Ин маблағро ҳамчун ришва ҷаноби Асроров дар назди «Боғи Устод Рӯдакӣ» гирифтааст, ки ҳамагӣ ба 52 000 доллар баробар мебошад

Оҷонсии зидди коррупсия ҳамакнун алайҳи Азимҷон Асроров бо банди “б”и  қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноии барои “қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз мақоми хизматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мубориза бо фасод аз чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар, Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад.

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi