06:00:14 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қатли сардори маҳбас дар тасвири Алихон Икромӣ

Нашриёти “Ирфон” китоби Алихон Икромӣ, коршиноси судӣ-тиббиро бо номи “Қатли сардори маҳбас” нашр кардааст, ки паҳлӯҳои норӯшани куштори сардори маҳбасхонаи Кӯлобро шарҳ медиҳад.

alikhon-ikromi 4585475Дар китоби нави коршиноси судӣ-тиббӣ Алихон Икромӣ, куштори Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи Кӯлоб аз ҷониби маҳбус Умед Тешаев дар таърихи 17-уми феврали соли 2014 бо тафсил ва бар асоси далелҳо аз парванда қисса мешавад. Алихон Икромӣ, ки аз лаҳзаҳои нахустин дар ин парванда ширкат доштааст, ба мо гуфт, ин ҳодиса аз пуровозатарин ҳодисаи соли ҷорӣ буд ва ӯ ба хотири рафъи овозаҳо бо далелҳои воқеӣ ин китобро ба хонандагон пешниҳод кардааст.

Ӯ лаҳзаҳои содир шудани ин кушторро чунин тасвир мекунад: “Рӯзи истироҳат сардори маҳбас пас аз ҳолпурсии маҳбусон ба утоқи кории худ баргашт ва аз яке кормандон хоҳиш кард, то маҳбус Умед Тешаевро ба наздаш биоранд. Дар парвандаи Тешаев шубҳа пайдо шуда буд, ки эҳтимолӯ худаш танҳо ин кушторро содир накарда бошад. Умар Қаюмов супориш гирифта буд, то дар кушодани ин асрор ба тафтишот кӯмак кунад. Ӯ як бор бо Тешаев бо баҳонаи сартарошӣ сӯҳбат карда буд. Ӯҷои воқеа ва утоқе, ки Умед Тешаев Абдурасул Алиевро бо 54 зарби корд кушта буд, дида буд. Обро гарм карданд ва Тешаев ба кам кардани мӯи сар оғоз кард. Аз ӯ пурсид, ки аз Суди олӣ барои кам кардани ҳукмаш, ки 17 сол буд, посух гирифтааст ё на. Тешаев ҷавоби рад медиҳад. Аз ӯ мепурсад, ки ту чанд корд ба бадани Алиев зада будӣ. Ҷавоб медиҳад, ки 41 корд. Аз ин посух сардори маҳбас ҳайрон шуда мепурсад, ки чаро дар парванда 54 корд зикр шудааст. Ҳамин замон Тешаев эҳсос мекунад, ки ӯро на барои ба тартиб даровардани мӯйи сар, балки барои гирифтани маълумот барои тафтишот ба утоқаш даъват кардааст. Ҳамин замон ба ӯҳамла мекунад.”

Муаллифи китоб мегӯяд, ду зарбаи аввал, ки нӯги қайчӣ то мағзи сар расида буд, барои сардори маҳбас марговар буд. Аммо ӯ пас аз ин ду зарба ба сӯи дар меравад ва дар роҳрав меафтад, вале Тешаев ба ин қаноат накарда, ба дилу дигар узвҳои ҳаётан муҳими Умар Қаюмов то ҳозир шудани посбон зарба мезанад, ки дар маҷмӯъ 18 зарби қайчиро ташкил медиҳад. Пас аз 20 дақиқа ёрии таъҷилӣҳозир мешавад, вале дар роҳ ба беморхона аз хунравии аз меъёр беш Умаров дар роҳ мефавтад.

Наздикони Умед Тешаев иддао доранд, ки фарзандашон дар ҳолати хуруҷи бемории рӯҳиаш ба қатли сардори маҳбасхона даст задааст. Аммо Алихон Икромӣ мегӯяд, натиҷаи ду ташхис нишон дод, ки Тешаев аз лиҳози рӯҳӣ комилан солим аст. Ба гуфтаи Икромӣ, дар нахустин лаҳзаҳои бозпурсӣ Умед Тешаев ба тафтишот гуфта буд, ки ба назари ӯУмар Қаюмов мисли Абдурасул Алиев, нафаре, ки қаблан ӯро кушта буд, намоён шудааст: “Ӯ гуфт, ки вақте мӯи сари сардори маҳбасро ба тартиб медаровардам, ба ногоҳ дар назарам Абдурасул Алиев пайдо шуд, ки бо корд ба сӯям ҳамла мекард ва ман ҳам ӯро мавриди ҳамла қарор додам. Ӯ мегуфт, ки ӯҚаюм Умаровро не, балки боз Абдурасул Алиевро куштааст”.

Аммо ин коршинос мегӯяд, рафторҳои маҳбус пас аз қатли сардори маҳбас хеле солимақлона будааст. Ӯ пас аз огоҳ шудани кормандони маҳбас ба утоқи истироҳатии сардори маҳбас ворид шуда, дарро қулф мекунад ва аз телефони мобилии Умар Қаюмов, ки олудаи хун буд, ба хонаводааш занг зада, ҳодисаро нақл карда, кӯмак металабад.

“Дарро ба рӯи посбонҳо боз намекунад ва мегӯяд, агар талоши ба зӯр боз карданро кунанд, худашро низ мекушад. Аз саломатии сардори маҳбасхона суол мекунад. Барояш мегӯянд, ки вазъи сиҳатиаш хуб аст. Мутмаин мешавад, ки сардори маҳбасхона зинд аст ва ваъда ҳам мегирад, ки ӯро касе намекушад, баъдан дарро боз мекунад. Магар инсони дорои бемории рӯҳӣ чунин муомила мекунад?”

Ин 8-умин китоби Алихон Икромӣ, коршиноси собиқадори судӣ-тиббӣҳаст, ки бо теъдоди 500 нусха нашр шудааст. Дар хулосаи китоб Икромӣ гуфтааст, маълум шуд, ки Умар Қаюмовро на барои вазифаву пулу мол куштаанд, балки ӯҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар ҳоли кӯмак ба тафтишот фавтидааст.

Умар Қаюмов хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда вабеш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор кардааст. Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбаси Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов мебоист соли гузашта бознишаста мешуд, аммо аз ӯ хостаанд, ба иҷрои вазифааш идома диҳад. Ӯ моҳи феврал маҳз ҳангоми иҷрои вазифа аз сӯи яке аз маҳбусони зиндон Кӯлоб кушта шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi