23:28:01 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Cарбозони пойгоҳи 201, гумонбарони қатлро ба Душанбе меоранд

Ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия, ки ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон, ронандаи таксӣ - Раҳимҷон Тешабоев айбдор шудаанд, шоми 25-уми декабр аз Екатеринбург ба Душанбе оварда мешаванд.

sarbozoni-poygoh-54454554Ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия Илдар Сахапов ва Федор Басимов, ки дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев, муттаҳам мешаванд шоми имрӯз бо ҳавопаймо аз Екатеринбург ба Душанбе оварда мешаванд. Бо гумони он ки ин ду сарбоз аз лиҳози равонӣ солим нестанд, онҳо моҳи октябри соли равон барои ташхиси тиббӣ ба Екатеринбург интиқол дода шуданд.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев рӯзи 25-уми декабр ба мо гуфтанд, ки айбдоршавандагони куштори ин шаҳрванди Тоҷикистон соати 18:00 аз Екатеринбург ба Душанбе оварда мешаванд. Сахапов ва Басимов барои он ба Екатеринбург бурда шуданд, ки пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ҳавзаи марказии ҳарбии Русия тааллуқ дорад ва ситоди марказии он дар Екатеринбург воқеъ аст. Ба қаламрави Русия бурда шудани ду гумонбари қатли шаҳрванди Тоҷикистон сару садоҳоеро ба миён оварда буд, ки пойгоҳ мехоҳад, сарбозони худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо кунад. Ин дар ҳолест, ки таҳқиқи ҷиноӣ ва муҳокимаи парвандаи мазкур бояд дар яке аз додгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон сурат гирад.

Ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26-уми августи соли равон баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19-уми август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштанд.

Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба мо гуфт, Фёдор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 000 рубл қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Илдар Сахапов машварат мепурсад, ки бо “таксист” чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Раҳимҷон Тешабоев, ки бо мошини “Опел-Астра”-аш асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-и Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд, 36-сол ва падари 3 фарзанд буд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон ба камияш то соли 2042 тамдид шуд.

Феълан тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони пойгоҳи 201-и Русия идома дорад, чунки мувофиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, сарбозони Русия дар Тоҷикистон аз масуният дар баробари ҷавобгарии ҷиноӣ бархӯрдоранд ва агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi