20:35:38 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷасади Ҳадятуллоро баъди 10 рӯз аз зери барф ёфтанд

Ҷанозаи як соҳибкори тоҷикро, ки дар шаҳри Челябински Русия кушта шудааст, шаби 4 ба 5 феврал ба Душанбе мебаранд.

jasadi-muhojiri-tojik.jpgҶасади Ҳадятулло Абдуллоев, як соҳибкори 32-солаи тоҷик ва корманди маъмурияти бозори Магнитогорски вилояти Челябински Русияро, ки аз вай “Тилло” ҳам ном мебаранд, пас аз 10 рӯзи нопадид шуданаш мақомоти пулис бо нишонаҳои зарби маҷбурӣ аз зери барф ёфтаанд. Ҷанозаи ӯ шаби 4 ба 5 феврал аз фурудгоҳи Челябинск ба Душанбе интиқол дода мешавад.

Исломиддин Раҷабов, раиси ҷамъияти "Сомониён", ҷамъияти тоҷикони вилояти Челябинск: шоми 4 феврал ба мо гуфт, Ҳадятулло Абдуллоев бо падару модар ва дигар аъзои хонаводааш дар Магнитогорск кору зиндагӣ мекард ва онҳо дар бозори шаҳр чанд дӯкон дошта, ҳамчунин бригадаҳои сохтмониро раҳбарӣ мекарданд.

Оқои Раҷабов гуфт, дар маросими видоъ бо ҷанозаи Ҳадятулло Абдуллоев дар Челябинск тақрибан 100 нафар аз тоҷикони муқими ин минтақа гирди ҳам омаданд ва "ҳама афсӯс мехӯрданд, ки ин соҳибкори тоҷик дар чунин синни ҷавонӣ аз дунё рафт."

Ба гуфтаи раиси ҷамъияти "Сомониён", пулис аллакай ба боз кардани ҷинояти куштори Ҳадятулло наздик шудааст ва интизор меравад, ба зудӣ гумонбари асосӣ дар қатли вайро дастгир кунанд: "Гумонбар боз ҳам аз ҳамватанҳои худи мост, ки аз Ҳадятулло 600 000 рубл (муодили 8 500 доллар) қарздор будааст, вале қарзашро надодааст. Бовар кунед, дили ҳамаи мо хиҷил шуд, чунки мо бо чунин амалҳо, яъне бо куштани ҳамватанҳои худамон, теша ба решаи худ мезанем."

Ӯ афзуд, ҷанозаи Ҳадятулло Абдуллоев соати дуи шаб ба Душанбе мерасад ва ғолибан рӯзи 5 феврал дар зодгоҳаш - совхози ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар ба хок супурда мешавад. Аз Ҳадятулло Абдуллоев ду фарзанди ноболиғ ятим монд.

Қаблан Сулаймон Султонов, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва яке аз хешовандони ин соҳибкори кушташудаи тоҷик рӯзи 4 феврал ба мо гуфт, Ҳадятулло Абдуллоев, ки чандин сол боз ҳамроҳи аҳли хонавода ва падару модараш дар Магнитогорск зиндагию фаъолият дошт, дар таърихи 22 январ нопадид шуд ва пас аз 10 рӯзи ҷустӯҷу ҷасади вай аз зери барфҳо ёфт шуд: “Имшаб дар соати 3 ҷасади ӯро бо рейси Челябинск -Душанбе ба Тоҷикистон меоранд ва ба ноҳияи Бохтар бурда дар зодгоҳаш ба хок месупоранд.”

Наздикони Ҳадятулло мегӯянд, ки вай ҳам соҳибкор буд ва ҳам дар маъмурияти бозори бозори Магнитогорск кор мекард. Онҳо мегӯянд, ки ӯ дар миёни тоҷикони вилояти Челябинск эҳтиром зиёд дошт ва ҳама ба нишони эҳтиром ба ӯ “Тилло” муроҷиат мекарданд.

Сулаймон Султонов мегӯяд, пас аз нопадиди шуданаш кормандони умури дохилаи шаҳри Магнитогорск ба воситаи дурбинҳои атрофи маҳбаси Магнитогорс ва роҳҳои мошингард маълум карданд, ки се нафар бо мошини худи Ҳадятулло ӯро бурда, латту куб карда ва сипас буғӣ намуда куштаанд. Дар экспертизаи тафтишоти шӯъбаи корҳои дохилӣ, ки ба хонаводаи Ҳадятулло пешниҳод шудааст, дар бадани ӯ доғҳои сиёҳ аз осори латту кӯб боқӣ монда ва изи дастони се нафар ташхис шудааст.

Кормандони умури дохила дар наздикиҳои шаҳри Челябинск мошини Ҳадятуллоро пайдо мекунанд, ки дар дохили он як тоҷик ва се нафар рустабор савор будаанд. Сулаймон Султонов мегӯяд, то ҳанӯз рушан нашудааст, ки кадом гурӯҳ ва ё нафаре ӯро куштааст. Вале ҳадс зада мешавад, ки ин амал аз тарафи онҳое амалӣ шудааст, ки аз Ҳадятулло дар ҳудуди 2 миллион рубл қарздор будаанд.

Ҳадятулло Абдуллоев, соҳибкори 32-солаи тоҷик ҳанӯз дар синни 17-солагиаш ба Русия омада буд. Наздикони вай мегӯяд,кӯмакҳои вай ба тоҷикҳое, ки дар вилояти Челябинск кору фаъолият мекунад, бисёр расидааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi