21:56:16 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Боздошти Салим Бобохонов ба ҷурми заминфурӯшӣ

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-ро ба иттиҳоми "ришваситонӣ" ва "ваъдаи додани замин ба сокинон" боздошт кардааст. Боздошти Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти "Кӯлоб" дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Ҷӯрахон Кабиров - сокини ин ҷамоат дар 6 соли ахир 400-умин номаи худро аз рӯи қонуншиканиҳои ӯ ба мақомот супурд.

jinoyat_3255654.jpg399 аризаи шикоятии Ҷӯрахон Кабиров ба мақомоти ҳифзи тартибот аз болои Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-и шаҳри Кӯлоб, дар шаш сол бе натиҷа анҷом ёфта буд. Ӯ дар охир "таваккул ба Худо", аризаи 400-умини худро ба сардори навтаиншудаи Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб дод.

Ин сокини 65-соли деҳаи Лағмони ҷамоати «Кӯлоб» дар сӯҳбат ба мо гуфт, дар шаш соли ахир аз қонуншиканиҳо ва фурӯхтани заминҳои «президентӣ» аз болои Бобохон Салимов ба ҳамаи мақомотҳои интизомии минтақа ва ҷумҳур аризаҳои шикоятӣ навишт. Вале мегӯяд ӯ, иллати ба ҳадаф нарасидани шикоятҳояш шояд ин буд, ки баъзе аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз раиси собиқ пуштибонӣ мекарданд.

"Ман ҳамин қадар навиштам, ягон кас эътибор надод. Вақте шунидам, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Кӯлоб нав шудаааст, рафта муроҷиат кардам ва гуфтам, агар чора набинед, боз ба Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта мегӯям. Раиси нави мубориза бо коррупсия Салим Бобохоновро боздошт кард,"-мегӯяд Ҷӯрахон Кабиров.

Салим Бобохонов соли 2009 ба курсии раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб нишаста ва то моҳи октябри соли 2014 ифои вазифа кард. Дар замони раҳбарии ӯ шикоятҳо аз ин ки заминҳои обёришаванда ва ё “заминҳои президентӣ”-ро барои бунёди хонаҳо ба сокинон тақсим кардааст, рӯ ба афзоиш овард.

Дилшод Акобиров, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб, бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт: "Бобохонов бо иттиҳоми гирифтани маблағҳои пулӣ барои тақсимоти замин аз шаҳрвандон гунаҳкор дониста мешавад. Ҳолоӯ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва бар муқобили ӯ дар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст."

Баъд аз обхезии пурқурбонии моҳи майи соли 2010, ки ба хоҷагии мардум низ осеби зиёд расонд, бар асоси фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони зарардида ва нафароне, ки дар як хона 3-4 оила зиндагӣ мекарданд, 30 гектар замин аз заминҳои обёринашудаи ҷамоат ҷудо карданд. Ҳилолбӣ Расулова, як зани 55 солаи ҷамоати “Кӯлоб” дар сӯҳбат ба мо гуфт, “замини президентӣ"-и ӯро, ки барои кишту кор ҷудо шуда буд, ду сол қабл раиси ҷамоат барои хонасозӣ ба дигаре дод. Ӯ мегӯяд, нони мехӯрдааш аз пушти деҳқонӣ буд ва агар зани танҳо намебуду ҳамсар медошт, шояд ба гуфтаи ӯ “наҳангҳо” молашро ба яғмо намебурданд.

"Як гектар замин хоҷагии деҳқонӣ доштам. Ҳуҷҷат тайёр кунед гуфтам, ҳуҷҷатҳоро нимашро гирифта, нимашро дар дастамон доданду мо бехабар заминҳоро барои хонасозӣ тақсим карданд. Ҳарчанд мо ба мақомот муроҷиат кардем, ҳатто ба телевизиону радио рафтем, аммо касе чора надид,"-илова кард ҳамсӯҳбати мо.

Ҳоло дар ин ҷамоат баъд аз боздошти собиқ раис ҳудуди 30 хона тахриб шуда, дар нақша аст, хонаҳои боқимонда низ дар рӯзҳои наздик аз сӯи мақомот ба пуррагӣ бардошта шавад. Шамсиддин Нозимов, сокини 40 солаи деҳоти Лағмон ба мо гуфт: "Салим Бобохонов 1-2 моҳ пеш ваъдаи замин карда, писари маро ба хизмати ҳарбӣ равон кард, аммо ба ваъдааш вафо нанамуд. Як чизро мушоҳида кардам, онҳое, ки пул дода буданд, замин гирифтанд. Мо мондем."

Боздошти Бобохонов як бахши силсила аз боздоштҳои раисони ҷамоат аст, ки дар ҳамин авохир сурат гирифтааст. Дар баробари Бобохонов, маъмурони амният Баҳриддин Қурбонов - раиси ҷамоати «Меҳнатобод»-и ноҳияи Ҳамадониро ҳам ба иттиҳоми «порагирӣ» дастгир кардаанд. Оҷонсии зидди фасод молӣ мегӯяд, баррасии чанд парвандаи дигар алайҳи раҳбарони ҷамоатҳо дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон базудӣ оғоз мешавад.

Дилшод Акобиров, раиси дафтари Оҷонсии зидди коррупсия дар минтақаи Кӯлоб гуфт, Абдусаттор Халифаев - раиси ҷамоати «Истиқлол», Идимад Давлатов - муовини раиси ҷамоати «Деҳқонариқ», Акбар Қурбонов - раиси ҷамоати «Ватан»-и ноҳияи Фархор, Холиқназар Носиров - роҳбари хоҷагии деҳқонии «Убайдулло», Сафаралӣ Абдураҳмонов - котиби ҷамоати деҳоти «Тугараки» ноҳияи Восеъ, Мирзоалӣ Назаров, мутахассиси кумитаи заминсозӣ ва Яъқуб Мирзоев - директории корхонаи кӯҳсорзамини назди Кумитаи заминсозӣ дар ноҳияи Ховалинг дар заминаи муомилоти ғайриқонунии замин дар мадди назари мақомот қарор гирифтаанд.

Хабари боздошт ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ раиси ҷамоати деҳоти «Кӯлоб» - Салим Бобохонов сокинони минтақаро то ҳадде хушҳол кардааст. Аммо бархе ҳам бо ишора иттиҳомҳои қаблӣ алайҳи ин мақомдори маҳаллӣ, ки бенатиҷа анҷом шудаанд, бовар надоранд, ӯ дурудароз дар боздошт бимонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi