13:47:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Филми даъвои "пайғомбарӣ"-и "Шайх Темур"

Нашри филми "Ривояти "Шайх Темур" дар бораи нафаре, ки худро "Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва ҳатто “Пайғамбар” эълон кардааст, сарусадои зиёдеро дар ҷомиа ба по кард.

shaykh-temur_65614545.jpgШабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанади нимсоатӣ дар бораи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” ном як рӯҳонӣ аз водии Ҳисорро, ки худро “Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва бино ба иддаои муаллифони филм, ҳатто “Пайғамбар” эълон кардааст, нашр кард. Дар ин филм гуфта мешавад, ин рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва дар соли 2012 номи худро ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст.

Муаллифони филм “Шайх Темур”-ро як “қаллоби динӣ” ба қалам дода, мегӯянд, ӯву муридонаш бо сӯиистифода аз бесаводию гумроҳии мардум тавонистаанд садҳо нафарро ба доми фиребашон андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми аз дунё бехабар зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Ва мардум то ҳадде ба “авлиё” будану “каромат” доштани “Шайх Темур” бовар карда будаанд, ки ҳатто, тавре дар навори телевизион дида мешуд, мошини ӯро бӯса мезаданд ва тавре як рӯҳонии маҳаллӣқисса мекард, оби боқимонда пас аз дасташро шустани “Шайх”-ро “савоб дорад” гуфта, менӯшидаанд.

Муҳаммадӣ Абдуллоев, як сокини ноҳияи Шаҳринав, рӯзи 7 феврал баъд аз тамошои филми мустанади “Ривояти “Шайх Темур” ба мо гуфт, дар маҷмӯъ ончи дар бораи ин рӯҳонӣ гуфта мешавад, воқеият дорад: “Аз барои Худо, наход оби ифлоси бозмонда аз дастшӯии Шайхро бинӯшанд? Ширк аст ин ҳама. Агар ин Шайх Худотарс мебуд, бояд ин мардумро худаш аз чунин одампарастиҳо манъ мекард. Вале маълум буд, ки онҳо дониста ин фалсафаи ғарқи ширкро сохта буданд. Аз бесаводии мардум истифода бурдаанд.”

Аммо як рӯҳонии сокини Шаҳринав, ки ба иқрори худаш, аз муридҳои “саллакабудак”-и Шайх Темур аст, мегӯяд, ин филм идомаи маъракаи бадному беобрӯ сохтани рӯҳониёни тоҷик аст: “Бубинед, тамоми муридҳои Шайхро бурданд, заданд, ҳатто ришашонро чиданд бо даст, вале ягон гуноҳи бузурге дар онҳо ва Шайх Темур наёфтанд. На ягон навори шаҳвонӣ ёфтанду на ягон чизи дигар. Ёфтагиашон фақат ҳамин бисёрзанӣ шуду ғайриқонунӣ гирифтани замин. Аммо оё ягон муллое, ҳатто дар байни муллоҳои давлатӣҳаст, ки замини зиёдатӣ нагирифта бошад? Ва ё ҳадди ақал ду ё се зан надошта бошад? Қариб ки нест!”

Дар филми “Ривояти Темур” гуфта мешуд, ӯҳанӯз дар соли 1986 барои дузанагӣ ду сол маҳкум ба зиндон шуда буд, вале бо вуҷуди доштани ду зани дар никоҳ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ваҳдат, дар маконҳои нави зисти худ – рустои Асбоби ҷамоати Работи Турсунзода ва рустоҳои Сангимелаю Пашми кӯҳнаи ноҳияи Шаҳринав 5 зани дигар гирифтааст. Охирин зани ин рӯҳонии 65-сола аз рустои Комсомоли ноҳияи Ҳисор буда, дар замони издивоҷаш ба “Шайх Темур” 15 сол ва ҳоло ҳамагӣ 20 сол доштааст. “Шайх Темур” дар ин навор эътироф мекунад, ки ҳамсари ҷавонтаринаш набераи яке аз муридонаш буд ва ӯ аз тариқи як муриди дигараш бобои ин духтарро тарсонда буд, ки агар набераашро ба никоҳи вай надарорад, ба ягон бало гирифтораш мекунад.

“Шайх Темур” аз ин 7 занаш 20 фарзанд доштааст, ки тавре дар ин филм мудири мактаби деҳаи Сангимела мегуфт, ягонтои онҳо мактаб нарафтаанд.

Муаллифони филм мегӯянд, як сабаби ба мактаби муаллим ҳамла кардани рӯҳониёне, ба мисли “Шайх Темур” ҳамин аст, ки танҳо дар муҳити бесаводӣ афроде чун онҳо метавонанд аз бесаводии мардум истифода бурда, ҳамаро ба хотири қонеъ кардани нафси худ гумроҳкунанд. Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон “Шайх Мансур”-ро дар ин филм ҳатто “қаллоби динӣ” ном мебарад.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо рӯҳониро бо иттиҳомоти гуногун, асосан бо ҷурми бадрафториҳои ҷинсӣ ва ё таълими ғайриқонунии улуми динӣ, боздошт мекунанд, аммо ин бори аввал аст, ки як рӯҳонӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ ба даъвои “авлиё” будану худро “Имом Маҳдии замон” ва ҳатто “Пайғамбар” муаррифӣ карданаш муттаҳам мешавад.

Дар мавридҳои қаблии боздошти ин ё он рӯҳонӣ бо иттиҳоми бадрафториҳои ҷинсӣ ва нашри наворҳои шаҳвонӣ бо ширкати рӯҳониён мунтақидони давлат ин ҳамаро ҷузъе аз маъракаи тарҳрезишудаи бадном кардани аҳли дин дар чашми ҷомиа меномиданд.

"Шайх Темур” худаш ҳам дар ин навори кӯтоҳи таблиғии телевизиони давлатӣ чанд бор зоҳир шуда, дар як “баҳс” бо гурӯҳе аз рӯҳониён эътироф мекунад, ки рафтори ӯ, аз ҷумла аз паси чодар сӯҳбат карданаш бо корафтодаҳо, саллаи кабуд пӯшидани ӯву муридонаш дархӯри таълимоти мазҳаби дар Тоҷикистон роиҷи АбӯҲанифа нест. Аммо яке аз муридони “Шайх Темур”, ки бо мо сӯҳбат кард, гуфт, ин як “баҳс”-и сохта буд ва Шайх таҳти фишори мақомот маҷбур буд, аз рӯи сенария дар ин “баҳс” нақши бозандаро бозӣ кунад.

Бар пояи таълимоти дини Ислом, Ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) охирин фиристодаи Худо мебошад. Ҳадисе ҳам ҳаст ки мегӯяд, "ло набия баъдӣ", яъне баъди Муҳаммад(с) дигар паёмбар намеояд.

Дар гузаштаҳо низ дар нуқтаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла дар нимҷазираи Араб, нимқораи Ҳинду Покистон ва дар Эрон афроде бо даъвои паёмбарӣ зуҳур карда буданд, вале ин даъватҳо аз сӯи мардум зиёд пуштибонӣ пайдо накарданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi