02:50:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мансабдори тоҷик дар парвандаи никоҳи духтари ноболиғ

Алайҳи як мақоми давлатӣ дар Истаравшан бо иттиҳоми ба духтари ноболиғ хонадор кардани писараш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Як масъули Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷамоати Ҷавқандаки шаҳри Истаравшан барои оиладор кардани писараш бо духтари ноболиғ айбдор мешавад.

arusu-domod_455445.jpgМақомоти интизомии ин шаҳр алайҳи Каримбердӣ Иброҳимов, сармутахассиси Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд оқои Иброҳимов аз 17-сола будани арӯсаш бохабар будааст, "аммо бо ёрии муллое ӯро ба писараш никоҳ кардааст."

Дар баробари ин масъули Идораи дин, ба муқобили домод – Беҳрӯзи Каримбердӣ, падари арӯс - Баҳодур Зиёев ва мулло - Зариф Абдуллоев низ бар асоси моддаи 168-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “бастани ақди никоҳи духтари ба синни никоҳӣ нарасида” парванда боз шудааст. Ин модда ҷазои “корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол” ё “маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол”-ро пешбинӣ кардааст.

Ақди никоҳ ва арӯсии ин духтари 17-сола рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ сурат гирифта, парванда дар пайи шикояти сокинон ва ошкор кардани қазия боз шудаааст. Вале чӣ водор карда, ки як масъули ҷилавгирӣ аз никоҳҳои барвақтӣ дар Истаравшан худ аз ҳадди муайянкардаи қонун берун по ниҳодааст? Хостем, то посухи ин саволро аз худи Каримбердӣ Иброҳимов бипурсем, аммо телефони ҳамроҳи ӯ "хомӯш" буд.

Толиб Юсуфов, котиби Шӯрои ҷамоати Ҷавқандаки шаҳри Истаравшан, 18 феврал дар суҳбат бо мо гуфт, чанд рӯз боз Иброҳимов аз чашми мардум пинҳон шуда, ҳатто ба тамоси ҳамкорони собиқаш ҳам ҷавоб намедиҳад. "Мо субҳи имрӯз ҳамроҳи намояндаҳои мақомот ба хонаи Иброҳимов рафтем, ки дари хонаашон аз берун қулф аст. Баъд аз боз шудани парванда онҳо ё аз шарм ваё аз тарс ба ҷои дигар рафтаанд,"-афзуд Юсуфов.

Хуршед Ҳакимов, мутахассиси пешбар дар Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳукумати шаҳри Истаравшан мегӯяд, бо Каримбердӣ Иброҳимов як рӯз қабл дар бораи қазияи ӯву писараш сӯҳбат доштаанд: “Он кас хайр, ҳамин кор шуд гуфта, гапро ба дигар сӯ бурданд. Дигар бо ҳамин дигар телефонашон хомӯш. Мо рафта, бо модари арӯс сӯҳбат кардем.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, модари арӯс ба намояндагони мақомот гуфтааст, барои барвақт ба шавҳар додани духтараш ӯро шароити вазнини зиндагӣ водор кардааст: "Арӯс баъд аз синфи 9 дигар дар мактаби миёна таҳсил накардааст. Домод ҳам касбу кор ва ихтисосе надорад. Вай баъд аз хатми мактаби миёна ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафтааст."

Дилрабо Раҳматова, мудири Шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар Истаравшан, дар суҳбат бо мо гуфт, дар соли гузаштаи 2014 ҳудуди 20 духтари зери синни 18 дар ин маҳал бо қарори додгоҳҳаққи барвақт шавҳар кардан дарёфт карда, вале бидуни иҷозаи қонун издивоҷ намудани онҳо ҳодисаи ягона аст. Вай афзуд, "бисёриҳо дар додгоҳ барои барвақт хонадор кардани духтарашон баҳонаҳои бемор будани бобо ё модаркалонашро баҳона меоранд. Баъзе ҷавонон якдигарро дӯст дошта, бе ҳам буда наметавонистаанд. Баъзе парасторони духтарони ятиму бекас ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, ки ба барвақт хонадор кардан иҷозат диҳанд. Вале мо дар бархе маврид дар додгоҳ хоҳиши волидайн ва парасторонро барои никоҳи барвақтии духтарон рад мекунем.”

Хонум Раҳматова илова кард, никоҳи барвақтии духтарони тоҷик, дар ҳоле ки онҳо ба хонадорӣ ва зиндагии мустақилона омода ва соҳиби касбу коре ҳам нестанд, боис ба нопойдории баъзе оилаҳо ё кӯдаки ноқис ба дунё оварданашон мегардад.

Дар Тоҷикистон издивоҷ бо духтарони зери синни 18 қонунан манъ шудааст. Бо ин вуҷуд, никоҳҳои барвақтӣ дар ин кишвар як падидаи ҳамчунон маъмул боқӣ мемонанд. Барои мисол, ҳоло келин кардани духтарони соли таваллудаш 1999 ва ҳатто 2000-ум дар Тоҷикистон ба истилоҳ "муд" шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi