03:05:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ю.Раҳмонов: Мардумро беасос боздошт накунед

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов аз зердастонаш талаб кардааст, ки тафтиши парвандаҳоро тӯл надиҳанд ва мардумро беасос боздошт накунанд.

yousuf-rahmonov-dodsiton.jpgКоллегия ё ҳайати мушовараи додситонии кулли Тоҷикистон бо ширкати намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, вазорати умури дохилӣ, оҷонсии зидди коррупсия ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир рӯзи 24 феврал масоили мубориза бо фасод дар қаламрави кишварро баррасӣ кард.

Ин нишаст ба думболи суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои Амният аст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои ҳифзи тартиботро ба чашм пӯшидан аз фасодкорӣ ва гузашта аз ин даст задани худи мақомот ба фасод айбдор кард.

Дафтари матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон ба мо гуфт, ки додситони кул Юсуф Раҳмонов, таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба масъалаи мубориза бо фасод ва ҳам боздоштҳои бидуни асос ва тӯл надодани бозҷӯии парвандаҳо ҷалб кард.  “Парвандаҳои ҷиноятӣ беасос боз карда нашаванд ва шаҳрвандон ғайриқонунӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд,”- гуфтааст прокурори нав.

Яке аз ширкатдорони ин ҷаласа дар сӯҳбат бо мо, гуфт, додситони кулл бештар бар сари фармони рақами 30-и ин ниҳод таъкид кард. Бар пояи ин амр, агар муфаттиш ба як нафар бар пояи чанд банди қонуни ҷиноӣ айб эълон кунад, вале баъдан дар мурофиаи судӣ чанде аз ин айбҳо бекор шавад, масъулияти ин иштибоҳ бар дӯши муфаттиш меуфтад.

Ин манбаъ ба унвони мисол гуфт, гоҳо муфаттишон алайҳи як нафар бо ду ё се модда парванда боз мекунанд ва дар мурофиа танҳо якеаш собит мешавад. Фармони рақами 30 муфаттишро маҷбур мекунад, ки ба факту далелҳои шайъӣ такя кунад ва бидуни асос ба шахс иттиҳом эълон накунад. Агар додрас дар ҷараёни мурофеи судӣ ошкор кунад, ки муфаттиш ба шахси мавриди бозҷӯӣ бидуни асос айбномаҳои иловагӣ эълон кардааст, муффатишҳо ва додситони мутассадӣ дар ростои ҷазо қарор мегиранд, - гуфт манбаи мо.

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи нозирони умур, ин амр додситонҳоро маҷбур мекунад, то бар ҳар воситае тамоми моддаҳои омада дар айбномаро дар додгоҳ низ ба гардани нафари гумонбар бор кунанд. Хоса дар шароити додгоҳҳои Тоҷикистон, ки ба бовари аксар, мустақил нестанд.

Бархе аз шаҳрвандон, ки корашон ба додситонӣ афтодааст ва ҳатто муддате зиндонӣҳам шудаанд, гуфтаҳои додситони куллро дар намунаи сарнавишти худ тасдиқ мекунанд.

Шодигул Ғаффорова, сокини 32-солаи шаҳри Ваҳдат, мегӯяд,  парвандае, ки ду соли пеш бо гумони авбошӣ алайҳи ӯ баррасӣ шуда буд, беасос буд. Шодигул иддао дорад, ки  ӯро ду сол пеш барои авбошӣ зиндонӣ карданд, дар ҳоле ки замони муноқиша ӯ аслан дар ҷойи ҳодиса набуд. Шодигул мегӯяд, ӯро бо ҷурми латту кӯби як ҳамсоя муттаҳам ва 2 сол зиндонӣ карданд. Баъди 5 моҳи адои ҳукм дар зиндони занонаи шаҳри Норак Шодигул афв шуд ва талош кард, ки доғи судиро аз исми худ пок кунад. Ӯ ба Додгоҳи оливу дастгоҳи раисиҷумҳур муроҷиат кард, вале натиҷае надод: “Судя баъди аз зиндон озод шуданам гуфт муҳим дар назди Худованд бегуноҳ бошам. Ҳатто узр напурсида гуфт, баъди содир шудани ҳукм фаҳмидам, ки баҳс миёни апаату хешовандони шавҳараш ба хотири хона будааст. Ту ҳеҷ рабт надоштӣ ба ин қазия. Аммо бо такя ба маводи муфаттиш ҳамин хел ҳукм баровардем.”

Ба қавли манбаъи мо, дар ин нишасти машваратии рӯзи 24 феврал додситони кул таъкид кардааст, ки муфаттишон бояд сари вақт парвандаҳоро таҳқиқ карда, аз анҷоми кори худ ба зудтарин фурсат гузориш диҳанд. Чун таваққӯи додситони кул ин аст, ки таҳқиқи парвандаҳо набояд зиёд тӯл кашад.

Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқуқдони тоҷик дар сӯҳбат бо мо гуфт, тӯл кашидани таҳқиқи парванда дар замони додситонии Шерхон Салимзода бештар шуда буд. Ба ин далел шаҳрвандон муддати зиёд дар ҳабси пешакӣқарор мегирифтанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил Юсуф Раҳмонов, додситони нав мехоҳад то ин гуна шеваи корро аз байн бардорад ва аз муфаттишон низ талаб кардааст, ки кори тафтишотро ба зудӣ анҷом диҳанд.

Вай мегӯяд: “Агар аз ҷониби муфаттишон парвандаҳо зудтар таҳқиқ мешуд, раисиҷумҳур низ аз кори онҳо шадидан интиқод намекард. Ислоҳоти кадрии додситонии кул низ маҳз ба ана ҳамин гуна мушкилҳо бастагӣ дорад. Агар барои беасос боздошт кардани шаҳрвандон ва ё боз кардани парванда таъин шудани муҷозот кори хуб аст. Зеро ин кори мутассадиёнро ба низом медарорад. Мо дар ҷараёни додгоҳҳо борҳо шоҳид мешавем, ки муфаттишон бо баҳонаҳое, ки ҳеҷ арзиш надоранд,  тафтишотро тӯл медиҳанду муддати зиёд одамонро дар боздошт нигоҳ медоранд.”

Аз чунин парвандаҳое, ки тафтишу баррасиаш солҳо тӯл кашид, яке “парвандаи исфарагиҳо”-аст, ки дар саргаҳи он Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара қарор дошт. Бо гузашти 8 сол ва зиндонӣ шудани даҳҳо нафар дар чорчӯби ин парванда мақомот эътироф мекунанд, ки то ҳол дар ин парвандаи пурсарусадо нуқтаи ниҳоӣ ё таммат гузошта нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi