05:20:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Раис на танҳо дар куштори ятим, балки "дузанагӣ" низ айбдор мешавад

Алайҳи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пештар танҳо дар куштори Зиёдбеки 16-сола ва латту кӯби дӯсти ӯ муттаҳам мешуд, иттиҳоми "дузанагӣ" эълон гардид.

rustam-juraev_5665651221.jpgДар рӯзи нахустини мурофиаи Рустам Ҷӯраев – раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва се кормандаш, алайҳи ӯ иттиҳоми нав – "дузанагӣ" эълон шуд.

То кунун Ҷӯраев танҳо дар куштори Зиёдбек Ҷӯраеви 16-сола ва латту кӯби Эраҷ Исоеви 17-сола -- тарбиятгирандагони парваришгоҳи шаҳри Чкалов айбдор мешуд. Худи ӯ рӯзи 13 апрел дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ба ҳама айбҳои эълоншуда розист, "ба ҷуз иттиҳоми нав".

Баррасии парвандаи раис, раҳбари бахши бехатарӣ ва посбону мудири ошхонаи бозори “Назари нек” дар додгоҳи вилояти Суғд рӯзи душанбе оғоз ёфт. Содиқ Ваҳҳобзода, қозии парванда, гуфт, Рустам Ҷӯраев -- раиси бозори “Назари нек”, Аҳлидин Файзиев – сардори бахши бехатарӣ ва Бобурҷон Юсуфов -- посбони ин бозор бар асоси ду банди кодекси ҷиноӣ - 104, қисми 2, яъне "куштори инсон" ва 112 - "қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ" муттаҳам мешаванд. Инчунин, ба қавли Ваҳҳобзода пойи мудири ошхонаи бозори “Назари нек” ба ин парванда кашида шуда, ӯ фақат барои “қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ” айбдор дониста мешавад. Ба ҷуз мудири ошхона, дигар айбдоршавандаҳо замони тафтиши аввалияи парванда дар боздоштгоҳи муваққатӣқарор доштанд.

Дар замони тафтиш иттиҳоми аслӣ нисбат ба ин афрод “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” буд, аммо баъдан ба айби вазнинтари “куштор” иваз гардид.

Дар мурофиаи рӯзи 13 апрел Эраҷ Исоев, дӯсти Зиёдбеки марҳум ва хонандаи синфи 9-уми ин муассисаро, ки аз зарбу латти масъулони бозори “Назари нек” маҷруҳ шуда буд, Қаҳрамон Умаров -- мудири парваришгоҳи шаҳри Чкалов ҳамроҳӣ мекард. Эраҷ баъд аз анҷоми рӯзи аввали мурофиа дар суҳбат бо мо гуфт, ҳоло ҷароҳатҳояш шифо ёфта, сиҳатиаш хуб аст.

Аммо мудири парваришгоҳи Чкалов бештар аз ҳузури ду вакили мудофеъ - Татяна Хатюхина ва Назар Назаров - аз як “Маркази ҳимоят аз ҳуқуқи инсон”, ки аз тарафи хешовандони Зиёдбек ба ин мурофиа даъват шуда, бепул хидмат мекунанд, норизоӣ намуд. Ӯ гуфт, "ман дар додгоҳ рости гапро гуфтам, ки ҳардуи вакили дифоъро барои ҳимоят аз шогирдонам ҷалб накардаам. Ман ба додрас гуфтам, намояндаи қонунии онҳо ман ҳастам ва онҳоро мисли фарзандони худам ҳимоят мекунам. Ин ду вакили дифоъ ин корро довталабона бо ризояти як хеши Зиёдбек карда истодаанд. Вале намехостам, касе ҳангома бардоштаву худро “пиар” кунад."

Дар ҳамин ҳол, Зебуннисо Солиева, модари айбдоршаванда Бобур Юсуфов дар сӯҳбат ба мо гуфт, писараш дар дидор бо вай гуфтааст, қасди расондани зарар ба касеро надошт, аммо амри раҳбарашро гӯш кард: "Писарам мегӯяд, гуноҳ надорад. Сардоронаш ба вай гуфтаанд, ки касони ба мағоза даромадаро дошта биёр. Вай онҳоро доштааст. Мегӯяд, биёр гуфтанд, назди онҳо бурдам, аммо бачаҳоро назадам."

Хонум Солиева афзуд, вай се писар дорад ва онҳоро танҳо калон кардааст ва азоби ятимонро медонаду аз ин фоҷиаи ба сарашон омада сахт андӯҳгин аст.

Зиёдбек Ҷӯраев ва Эраҷ Исоев, хонандаҳои 16 ва 17-солаи парваришгоҳи Чкаловро шаби 15 ба 16-уми январи соли ҷорӣ муҳофизони бозори “Назари нек” дар як мағозаи ин бозор дастгир мекунанд. Аммо раиси бозор ва муҳофизон ба ҷои ба милиса супурдани ин ноболиғон онҳоро якҷоя зери мушту лагат мегиранд, ки дар натиҷа Зиёдбек дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, Эраҷ бо осеби мағзи сар ба бемористони шаҳри Чкалов интиқол дода мешавад.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали баррасии парвандаи ин афрод, ба далели ҳозир нашудани ягона хеши Зиёдбеки кушташуда ва бо парванда ошно набудани вакилони дифои вай идомаи мурофиаро то рӯзи 16 апрел ба таъхир гузошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi