02:45:04 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Пешниҳоди ҳатмӣ шудани "аҳдномаи никоҳ" дар қонун

Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон пешниҳод дорад, то аҳдномаи никоҳ дар қонун ҳатмӣ карда шавад. То кунун дар Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад.

arusi-1565621122.jpgМаҳкамбой Маҳмудзода,  раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 23 апрел зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун» дар шаҳри Душанбе бар қонунӣ кардани шартномаи ҳатмии никоҳ таъкид карда ва инро омили ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳо донист. Ин ҳам дар ҳоле, ки бар асоси банди Кодекси оила дар Тоҷикистон, шартномаи никоҳ ихтиёрӣ аст ва бо хоҳиши тарафҳои издивоҷкунанда, баста мешавад.

Аммо ҷаноби Маҳмудзода мегӯяд, ҷорӣ кардани шартномаи ҳатмии никоҳ дар қонун аз як сӯ фурӯпошии хонаводаҳоро ҷилавгирӣ кунад, аз тарафи дигар дар сурати ҷудошавии оилаҳо, мероси хонавода ба таври баробар миёни тарафҳо тақсим карда мешавад. Маҳкамбой Маҳмудзода мегӯяд, шартномаи ҳатмии никоҳҷанбаи таърихӣ дорад ва ҳатто аз қаламрави Панҷакенту Айнии водии Зарафшон навиштаҷотҳое пайдо шудааст, ки миёни ин санадҳо, шартномаи ақди никоҳи домоду арӯс низ вуҷуд дорад.

Раиси Қонуни Асосии Тоҷикистон дар ҳоле мавзӯи ҳатмӣ кардани шартномаи никоҳро пешниҳод дорад, ки қаблан масъулони Кумитаи кор бо занон низ гуфта буданд, ки шаҳрвандони зиёде таклиф доранд, то ба хотири пешгирӣ аз афзоиши талоқ, аҳдномаи никоҳ дар кишвар ҳатмӣ карда шавад. Ҳоло ин шарт танҳо барои хориҷиён ҳангоми издивоҷи онҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ дар нишасти хабарии худ гуфт, зимни мулоқоту сӯҳбатҳо бо сокинони кишвар аксарият мавзӯи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳро матраҳ карда, ин амрро як роҳи ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонавода ва беҳаққу ҳуқуқ дар кӯча мондани занону кӯдакон меноманд.

Аммо хонум Хидирзода мегӯяд, ин як масъалаи ҷиддист ва бояд қаблан омӯхта шавад: “Ҳамин аҳдномаи никоҳро аксарият ҳамчун як намуди маҳр медонанд ва дар сӯҳбат бо мо бисёр мегуфтанд, ки ин ҳатмӣ карда шавад. Ман фикр мекунам, ин масъалаест, ки бояд қаблан афкори ҷомеаро омӯхт. Аз як сӯ, албатта қонунгузорӣ ба мо ин иҷозаро додааст, аммо то куҷо онро мо метавонем дар амал истифода кунем, ин паҳлӯи дигари масъала аст. Ин масъала омӯзиши амиқу ҷиддиро талаб мекунад.”

Пешниҳодҳо дар мавриди ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон мавзӯи қонунӣ кардани маҳри арӯсиро ҳам, ба ҳайси яке аз чунин роҳҳо матраҳ мекунанд. Аммо Махфират Хидирзода мегӯяд, муайян кардани маҳр, ба низоми давлатдории Тоҷикистон мувофиқ нест.

Дар зимн, масъалаи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ, бори аввал нест, сари забонҳо мешавад. Соли 2010 айнан бо чунин пешниҳод раҳбари вақти кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Хайринисо Юсуфӣ ба мақомот ва порлумони кишвар муроҷиат карда буд. Вай он замон бо ишора ба занони танфурӯш гуфта буд, аксари онҳо баъди талоқ аз шавҳарони худ аз ҳаққи моликият маҳрум шуда, бидуни сарпарасту манзил дар кӯча мондаанд ва вазъи свахти иҷтимоӣ онҳоро ба роҳи бад бурдааст.

Аҳдномаи никоҳқарордодест, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои ду тарафро ҳангоми издивоҷ ва талоқ муқаррар мекунад. Соли 2011 бино бар илова ба Қонуни оилаи Тоҷикистон таҳия ва имзо шудани он ҳангоми никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён ҳатмӣ шуд. Ҳарчанд он барои издивоҷи байниҳамии шаҳрвандони Тоҷикистон низ тавсия мешавад, аммо ихтиёрӣ аст ва аҳёнан истифода мешавад.

Бино бар гузориши ЗАГС- раёсати сабти асноди шаҳрвандӣ, ҳар сол ҳамагӣ 3 ё 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси аҳдномаи никоҳ издивоҷ мекунанд. Он ҳам аксаран аз ҷониби заноне талаб мешудааст, ки як бор хонавайрон шудаву бо фарзандони худ бесарпаноҳ мондаанд ва ба хотири аз буда бадтар накардани зиндагии худ, рӯ ба ин санад меоранд.

Аммо на ҳама ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳро чун роҳи муассири ҳифзи ҳуқуқи занону фарзандон медонанд. Чунки он танҳо дар сурати сабти расмии никоҳ бақо дошта метавонад ва имрӯз асосан ҳаққи онҳое поймол мешавад, ки бо никоҳи мусулмонӣ иктифо кардаанд. Чунин издивоҷҳо дар кишвар зиёданд.

Танҳо дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор зан аз ҳамсарони худ талоқ гирифтаанд ва ин назар ба як сол аз он пеш 1000 маврид бештар будааст. Кумитаи кор бо занон ҳам бо анҷоми як пажӯҳиш коста будани фарҳанги оиладорӣ ва хушунат дар хонаводаро аз омилҳои аслии фурӯпошии хонаводаҳо арзёбӣ кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi