14:33:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ба духтар табдил ёфтани писари Малика Қаландарова дар "Пусть говорят"

Сарнавишти Артур Гулкоров, писари раққосаи машҳур, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова (Каронтарова) дар маркази намоиши нави Андрей Малахов қарор хоҳад гирифт.

artur-gulkorov-56214554Шабакаи аввали телевизиони Русия шоми 23 апрел намоишеро пахш хоҳад кард, ки дар он сухан аз сарнавишти Артур Гулкоров, писари раққосаи машҳур, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова (Мозел Каронтарова) дар маркази намоиши нави Андрей Малахов хоҳад рафт, ки ҷинси худро аз писар ба духтар иваз кардааст. Артур Гулкоров ҳунармандест, ки дар дастаҳои рақсии Тоҷикистон шӯҳрат  ёфта, аз соли 1993 дар Ню Йорк ва Маскав зиндагӣ мекунад. Бори охир ӯ дар Душанбе дар соли 2009 консерт дода буд.

Дар намоиши "Пусть говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия на танҳо тағйири ҷинс ва ном кардани Артур, ки акнун ба худ номи Самираро гирифтааст, балки ҳамчунин сарнавишти яҳудитаборони Тоҷикистон, ки ба Амрико ва Исроил кӯчиданд, баррасӣ мешавад. Тағйири ҷинс ё тасвири ҳаёти афроде, ки трансвестит ё хуносоянд, барои расонаҳои Русия мавзӯи ҳассос ба шумор меравад, зеро бино бар қонунҳои ин кишвар "таблиғи ҳамҷинсгароӣ" дар Русия манъ аст ва бархӯрд ба ҳамҷинсгароён дар ин кишвар хушунатомез шумурда мешавад.

Чанде баъд аз сафари Тоҷикистон дар соли 2009 Артур Гулкоров дар мусоҳиба бо мо гуфта буд, ки издивоҷ накардааст ва ҳаёти худро пурра ба рақс бахшидааст. Модари ӯ, Малика Қаландарова баъд аз кӯч бастан ба Ню Йорк дар соли 1993 дар ин ҷо мактаби рақс ва ансамбли худро таъсис дод, ки барномааш асосан аз рақсҳои тоҷикӣ ва мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ иборат аст.

Дар мусоҳибааш бо мо Артур Гулкоров гуфта буд, ки асосан дар тарабхонаву марказҳои дилхушии Маскав кор мекард ва маблағи даромадашро барои сабти суруд ва дӯхтани либосҳои саҳнавӣ сарф мекард.

"Раққосон хеле зиёданд, вале ҳар кас сабки махсуси худро дорад. Аммо сирри муваффақияти ман дар он аст, ки аввалан, ман фарзанди афсонаи зиндаи рақси Шарқ Малика Калонтарова ҳастам. Баъдан, ҳунари ман худододӣ буда, ман бо он зиндагӣ мекунам, рақс барои ман танҳо як мояи даромад ё шуғли дӯстдошта нест, балки ман бо он зиндагӣ мекунам. Барномаи ман гуногун аст, одатан ман, ки дар марказҳои тафреҳӣ ва ё тарабхонаҳо ҳунарнамоӣ мекунам, аз ин рӯ баъзан рақсҳоямро ба хости раҳбарияти он ҷо мувофиқ мекунам. Аммо рақсҳои ман хеле зиёданд, вале бисёри онҳоро на дар ҳама ҷо истифода кардан мумкин аст. Барои мисол, рақси Худои Офтобро дар майдони калон наметавон истифода кард, чун барои мардум ҳаракоти махсус ноайён мемонад. Аммо, дар маҷмӯъ, ҳамаи рақсҳои ман, аввал бо назардошти талаботи саҳнаҳои профессионалӣ таҳия мешаванд. Мутаасифона, ахиран дар Душанбе ман бо рақси кӯҳнаам баромад доштам. Аммо нақша дорам, ки ин навбат ба Душанбе бо барномаи наву васеъиҳунариам сафар бикунам. Албатта, мардуми тоҷик маро бо гармии зиёд пешвоз мегирад. Ман худам Душанберо дӯст медорам, дар хиёбонҳои Душанбе бароям қадам задан хеле писанд аст. Дар маҷмӯъ, ман ҳамаи саҳнаҳо ва мухлисони тамоми ҷаҳонро дӯст медорам, аммо дар Тоҷикистон мардум ба ман чун ба ҳамватани худ муносибат мекунанд ва ин кишвар бароям азизу мардумаш аз ман аст.”

Дар охирин консерти ӯ дар Душанбе дар соли 2009 модари ӯ Малика Қаландарова, навозанда ва овозхон Стас Калонтаров, мутриб Алберт Норкаллаев ҳамчунин овозхонҳои маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Афзалшоҳ Шодиев, Нигина Амонқулова ва гурӯҳи рақсии "Зебо" ширкат ва ҳунарнамойӣ карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi