14:07:27 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Озода Раҳмон: 40%-и аҳолии Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд

Озода Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир чиҳил дарсади аҳолии кишвар барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мушкил доранд.

ozoda-rahmon_985665.jpgОзода Раҳмон - муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 40 дарсади аҳолии кишвар барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мушкил доранд. Ӯ ин ҳарфро 8 июн дар ҳамоиши байнулмилалии зан ва об дар Душанбе баён дошт ва гуфт, ин вазъият дар ҳолест, ки шаст фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Озода Раҳмон дар идома гуфт, “таъмини об дар баъзе аз деҳоти кишвар ба мушкили бештар дучор гардидааст” ва афзуд, ки аз камбуди об беш аз ҳама занон ранҷ мебаранд. “Ин ҳолатҳо боиси дар канор мондани занон ва духтарон аз раванди таҳсил, кор ва маҳдудияти даромади молӣ мегарданд. Ҳамаи ин занон ва духтаронро водор месозад, то барои таъмини ҳуқуқҳои худ дар робита ба дастрасӣ ба об, беҳдошт, пешгирӣ аз марги модар ва кӯдак, беҳбуди зиндагӣ саъю талош намоянд,” -- афзуд ӯ.

Озода Раҳмон аз баҳсҳо бар сари тақсими захираҳои оби минтақа ҳам сухан гуфта, аммо таъкид кард, ки Тоҷикистон бо вуҷуди дар саргаҳи об қарор доштанашҳамеша ҷонибдори ҳалли мусбати ин мушкил будааст.

“Дар воқеъ ҳалли минбаъдаи мушкилиҳои обӣ идомаи ҳамкориҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ, минтақаҳо ва кишварҳоро тақозо менамояд. Ин муносибат бешубҳа ба ташаккули раванди идораи муштараки захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи он мусоидати ҳамаҷониба хоҳад кард,” - хулоса кард Озода Раҳмон.

Ҳамоиши “Зан ва об” як рӯз пештар аз нишасти натиҷагирӣ аз даҳсолаи “Об барои ҳаёт” дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин нишасти байнулмилалӣ, ки 9 июн оғоз шуда, то ду рӯз идома хоҳад кард, ба қавли мақомот, намояндагони 99 кишвару созмонҳо, аз ҷумла Бан Ки Мун - дабири кулли Созмони Милал иштирок хоҳанд кард.

Нахустин даҳсолаи Об барои ҳаёт бо пешниҳоди Тоҷикистон аз соли 2005 то 2015 идома кард ва қарор аст, Душанбе ин дафъа ҳам пешниҳод кунад, даҳсолаи дувуми Об барои ҳаёт эълон гардад. Ин пешниҳод моҳи апрели соли ҷорӣ дар як ниашсти марбут ба масъалаи об дар Куриёи Ҷанубӣ аз забони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон садо дод.

Аммо ин нишасту бархостҳо дар ҳолест, ки бештари аҳолии рустоҳои дурдаст ва сокинони биноҳои баландошёна дар кишвар аз дастрасии маҳдудашон ба об шикоят доранд. Аз ҷумла, ахиран дар ноҳияи Файзобод барои кашидани қубури об то рустои Яккабед даҳ тан аз сокинони ин минтақа зери тарма монда, ҷон бохтанд. Танҳо баъд аз он мақомот ваъда доданд, ки ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi