21:29:20 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ғуломризоӣ бо пулҳои масҷиди калонтарини Тоҷикистон фирор кардааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоиста Ғуломризоӣ, шаҳрванди Эрон ва раиси ширкати "СОБ"-ро, ки сохтмони манораҳои масҷиди бузургтарини Тоҷикистон ба ӯҳдааш буд, таҳти пайгард қарор додааст.

masjid-5544512.jpgВазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як соҳибкори эрониро, ки аз пардохти маоши семоҳаи 20 кормандаш саркашӣ ва аз қаламрави кишвар фирор кардааст, дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ эълон кард. Соҳибкори эронӣ Шоиста Ғуломризоӣ роҳбари ширкати сохтмонии "СОБ" аст, ки масъулияти сохтмони манораҳои масҷиди калонтарини Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Масъулони Вазорати умури дохилӣ бар пояи шикояти сохтмончиҳо алайҳи Шоиста Ғуломризоӣ тибқи банди 4−и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қаллобии махсусан калон” парванда боз кардаанд. Агар оқои Ғуломризо боздошт ва мурофиа шавад, бо ин банди қонуни Тоҷикистон ба ӯ аз 8 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Абдураҳим Бӯриев, собиқ муҳандиси техникаи бехатарии ширкати “СОБ”, рӯзи 30 июн дар суҳбат бо мо гуфт, ин ширкат маоши ҳаштмоҳаи ӯро, ки 8 ҳазор сомонӣ будааст, пардохт накард. Бӯриев мегӯяд, ҳамроҳ бо 20 корманди манорасози дигар чандин моҳҳост, ки маош намегирифтаанд. Чаҳор нафари онҳо шаҳрванди Эрон будаанд.

Коргарони ширкати “СОБ” мегӯянд, онҳо дар ҳоле аз рӯи Шоиста Ғуломризоӣ ба пулис шикоят бурданд, ки ӯҳанӯз дар Тоҷикистон буд. Аммо парвандаи ҷиноӣ вақте боз шудааст, ки ӯ аз кишвар фирор кард. Ҳоло мақомоти пулис ӯро аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунанд.

Манобеи пулис мегӯянд, ки оқои Ғуломризо на танҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз ширкатҳои коршарик низ қарздор будааст. Дар маҷмӯъ қарзи ширкати кормандон ва коршарикон беш аз 2 миллион сомонӣҳисоб шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Шоиста Ғуломризоӣ дар ҳоле аз Тоҷикистон фирор кардааст, ки ташхиси муҳандисӣ 17 санитметр каҷ будани яке аз манораҳои масҷидро нишон додааст. Ба эҳтимоли зиёд каҷии манораи сохтаи ширкати Шоиста Ғуломризоӣ боиси фирори ӯ аз кишвар шудааст.

Дар қароргоҳи ширкати “СОБ” дар шафати Фурӯшгоҳи марказии Душанбе касе нест ва соҳиби бино мегӯяд, ширкати “СОБ” ин биноро иҷро гирифта буд, вале панҷ моҳ боз иҷорапулӣ надодааст.

Сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказиро, ки бо сармоягузории Қатар дар Душанбе бунёд мешавад, ширкати тоҷикистонии “СТС Иншоот” бар ӯҳда дорад. Бунёди ҷаҳор манор ва гумбазро, ки 75 метр баландӣ хоҳанд дошт, ширкати “СОБ” ба уҳда гирифта буд. Аммо баъд аз фирори Шоиста Ғуломризоӣ роҳбарии ширкати “СОБ” сохтмони манораҳоро низ ба ихтиёри ширкати “СТС Иншоот” гузоштааст.

Ин масҷид аз чандин бинои пайваста иборат буда, барои намозгузории ҳамзамони аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Сармоягузори аслии ин тарҳ падарамири Қатар Ҳамад ибни Халифа аст, ки танҳо барои сохтмони аввалияи бино 70 миллион доллар ҷудо кард ва Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид сӣ миллион доллар медиҳад. Хароҷоти комил, бо назардошти ороиши дохили бино ҳанӯз муайян нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ин сармояро Тоҷикистон ва ё Қатар пардохт хоҳанд кард.

Тагсанг ё хишти аввали сохтмони ин масҷидро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар авҷи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтан боздид карда буд. Он вақт дафтари раёсатҷумҳурӣ гуфта буд, сохтмони ин бино дар 3,5 то 4 соли оянда анҷом хоҳад ёфт, аммо бо гузашти қариб 5 сол сохтмони масҷид ҳанӯз анҷом нашудааст.

Гуфта мешавад, ки сохтмони масҷид бо далелҳои марбут ба пул ва рақобати ширкатҳои худиву бегона то кунун тӯл кашида буд. Ҳамакнун бо сар задани чунин ҳарҷу марҷ дар кори сохтмон маълум нест бунёди масҷид кай ба анҷом мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба хотири анҷоми ҳарчӣ зудтари масҷид ду ширкати аслӣ,“Дорулҳандаса”-и Қатар ва ширкати СТС “Иншоот”-и Тоҷикистонро аз молиёт (андоз) озод кардааст.

Масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аз 4 манораи баландиаш 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори барои нишасту ҷаласа иборат хоҳад буд. Дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз гузоранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi