21:49:24 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳси вазири молия бо мушовири собиқи Э.Раҳмон ба додгоҳ рафт

Вазорати молияи Тоҷикистон аз масъули собиқи ин ниҳод тақозо дорад, ки манзили даҳ сол пеш гирифтаашро баргардонад. Ҳоло ин баҳс ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт кашонда шудааст.

vaziri-moliya-54871245.jpgАбдусалом Қурбониён - вазири молияи Тоҷикистон аз Сафаралӣ Саидшоев, муовини собиқи вазири молия ва мушовири дараҷаи аввали раисиҷумҳур талаб кардааст, хонаеро, ки ба ӯ дар замони кораш дар ин вазорат дода буданд, бозпас гардонад. Ин манзили сеҳуҷраӣ даҳ сол қабл ба Саидшоев дода шуда ва дувумӣ иддао дорад, ки дар ивази хидматҳояш акнун ин хона ба ӯ тааллуқ мегирад, на Вазорати молия.

Ҳоло ин баҳс бо аризаи Абдусалом Қурбониён, вазири молия, ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кашида шудааст. Котиботи додгоҳи Фирдавсӣ рӯзи 3 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин манзили баҳсӣ дар кӯчаи "40-солагии Ғалаба"-и пойтахт ҷойгир буда, аммо ба далели маризии Сафаралӣ Саидшоев баррасии он ба таъхир уфтодааст.

Сафаралӣ Саидшоев, муовини пешини вазири молия ва мушовири дараҷаи аввали раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2005, рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат баҳси манзили зисти вай бо Вазорати молия идома дорад. Ӯ гуфт, "даъвои Вазорати молия тибқи қонун шояд дуруст бошад, аммо ман ҳам тайи 41 сол дар идораҳои давлатӣ, шурӯъ аз шуъбаҳои молияи вилоят то муовини вазири молия ва мушовири дараҷаи аввали президенти Тоҷикистон кор кардаам, маъюби гуруҳи дувум ҳастам ва ин хидматҳо бояд ба эътибор гирифта шаванд."

Оқои Саидшоев дар идома гуфт, дар ҳамин манзили зист беш аз 10 сол боз зиндагӣ дорад ва "мувофиқи қонунгузорӣ дар сурати аз даҳ сол бештар зиндагӣ кардан манзил аз они шаҳрванд дониста мешавад". Ӯ гуфт, манзили баҳсияш дар соли 2004, вақте муовини вазири молия таъин шуд, аз тарафи Вазорат ба ӯҳамчун хизматчии давлатӣ дода шудааст.

Аммо масъулони Шӯъбаи ҳуқуқии Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, вақте хона барои Саидшоев ба унвони хизматчии давлатӣ дода шудааст, баробари бознишаста шудан бояд он хонаро бозпас бидиҳад. "Манзил ҳамон вақт тӯҳфа мешавад, ки агар онро “Фонди манзили умумӣ”-и Вазорати молия дода бошад," - гуфтанд ҳамсӯҳбатони мо.

Сафаралӣ Саидшоев, муовини пешини вазири молияи Тоҷикистон бо изҳори умедворӣ мегӯяд, Абдусалом Қурбониён бо назардошти хизматҳои ӯ дар соҳаи молияи кишвар аз ин баҳс бояд чашм пӯшад. Саидшоев дар соли 1998 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуда ва дар соли 2004 муовини вазири молия мегардад. Дар соли 2005 мушовири дараҷаи аввали президенти Тоҷикистон оид ба масъалаи молӣ буд.

Ӯ соли 2007 сардори идораи андози вилояти Хатлон таъин шуда, то соли 2014 ба вазифааш идома медиҳад ва тӯли як сол боз бознишаста аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi