01:10:48 24-уми Июни 2025 сол

МАҲДУДИЯТИ КОРИ НЕРӮГОҲИ САНГТУДА-1

Масъулони ширкати "Сангтуда-1", дар ҷануби Точикистон, мегӯянд, ки ин нерӯгоҳ аз дувуми декабр бо режаи маҳдуди тавлиди нерӯи барқ фаъолият хоҳад кард. Қаблан раҳбарони ин нерӯгоҳ дар номае ба Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, ҳушдор дода буданд, ки дар сурате ки то якуми декабр “Барқи тоҷик” бидеҳиҳои 42-милюнсомонии худро пардохт накунад, фаъолияти ин нерӯгоҳ ба таъвиқ дароварда мешавад.

 

Аммо як масъули ин нерӯгоҳ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки бо дарназардошти мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон, ин нерӯгоҳ фаъолияти худро ба таври комил мутаваққиф нахоҳад кард. Аммо ба гуфтаи вай, аз фардо аз чаҳор турбини нерӯгоҳи Сангтуда-1 танҳо як турбин фаъол хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, масъулони нерӯгоҳи Сангтуда-1 мегӯянд, ки таҷҳизоти яке аз турбинҳои ин нерӯгоҳ ниёз ба таҳқиқи фаннӣ дорад ва расидагии кормандони масъул ба вазъияти фаннии ду турбини дигари ин нерӯгоҳ идома дорад.

 

Дар ҳоли ҳозир ду турбини нерӯгоҳи Сангтуда-1, 5,4 милюн килувот соъат барқ тавлид мекунанд ва дар сурати аз фаъолият бозмондани яке аз ин турбинҳо тавоноии тавлиди барқ дар он то ба 2,7 милюн килувот соъат коҳиш хоҳад ёфт.  Масъулони нерӯгоҳи Сангтуда-1 мегӯянд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” дар мавриди пардохти бидеҳиҳо, раҳбарони ин ширкат ба ҷуз аз ваъда то ҳол иқдоми дигаре накардаанд.

 

Аммо Нозир Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи сешанбеи якуми декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ширкат тибқи як ҷадвали замонӣ бидеҳиҳои 14-милюндулории худро ба ширкати Сангтуда-1 батадриҷ пардохт хоҳад кард.

 

Оқои Ёдгорӣ афзуд: “Бар асоси як тавофуқ миёни руасои ҷумҳурии Русия ва Тоҷикстон, бо дарназрдошти мушкилоти иқтисодии кишвар, ширкати мо ин сармояро аз моҳи октябри соли равон то моҳи марти соли оянда батадриҷ пардохт мекунад. То ҳол ин ширкат панҷ милюн сомонӣ, ки муоъдили як милюн дулор аст, ба ширкати Сангтуда-1 пардохт кардааст.”

 

Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба сурати муштарак аз ҷониби давлати Тоҷикистон ва Русия сохта шудааст ва 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба ҷониби Русия таъаллуқ дорад. Ин нерӯгоҳ бо зарфияти 670 меговот яке аз бузургтарин таъсисоти муштараки Русия ва Тоҷикистон дар ин кишвар маҳсуб мешавад. Сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-1 тобистони соли 2005 оғоз ёфт ва нахустин турбини ин нерӯгоҳ дар моҳи январи соли 2008 ба тавлиди нерӯи барқ оғоз кард.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ