13:24:31 04-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

30 ноболиғи хатлонӣ - дар қаламравҳои ҷангии Сурияву Ироқу Афғонистон

Даҳҳо ноболиғи хатлонӣҳамроҳи хонаводаҳояшон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ пайваста, дар қаламравҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣқарор доранд.

nobolighi-khatloni-458956.jpg30 ноболиғи хатлонӣҳамроҳи хонаводаҳояшон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ пайваста, дар қаламравҳои ҷангии  Ироқу Сурия ва Афғонистон қарор доранд. Дар ин бора дар баробари хабарнигорон дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 20 июл Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон хабар дод. Раиси полиси Хатлон бо зикри ин матлаб аз шомилшавии бархе наврасону ҷавонони маҳаллӣ ба  сафи гурӯҳҳои мисли "Давлати исломӣ"  шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Шарифзода гуфт, бар пояи омори расида, 124 сокини  вилояти Хатлон дар Ироқу Сурия ва Афғонистон меҷанганд ва дар нисбати ин афрод парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. 30 ноболиғе, ки дар қаламравҳои ҷангӣқарор доранд, ҳамроҳ бо волидонашон ба  ин кишварҳо рафтаанд ва маълум нест дар он манотиқ бо чӣ кор машғуланд.  Бар тибқи иттилои сохторҳои  ҳифзи ҳуқуқ, дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳалли ҷангҳои Сурия қарор доранд, 25 зан аз вилояти Хатлон низ будаанд, ки онҳо низ ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Сурия рафтаанд. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз 7 сокинони вилоят аз ҷангҳо ба ватан баргаштаанд ва умед аст, ки  шумораи пушаймоншудаҳо ва баргаштаҳо аз Сурияву Ироқ афзоиш меёбад. Баҳром Шарифзода дар ин бора гуфт:

"Баргаштани шаҳрвандон зиёд шудааст. Дар 6 моҳ 5 нафар ва ҳоло 7 нафар аст, ки ду нафар  - як сокини шаҳри Норак ва як нафари дигар аз Шаҳритус зиндонӣ шудаанд. Нафароне, ки ихтиёрӣ  меоянд. аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад", гуфт ӯ. Ба иттилои расмӣ, то имрӯз марги 1 нафар аз сокинони Хатлон дар ҷангҳои Сурия тасдиқ шуда, айни замон, бар тибқи иттилои фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 29 нафар кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳҳои охир тавассути пахши хабару матолиби хабариву таҳлилӣ, аз ҷумла бо ҷалби телевизиони давлатӣ, пайваста талош мекунанд даҳшатҳои ҷанг дар Сурияву Ироқро намоиш дода, пеши роҳи шаҳрвандонро аз сафар ба манотиқи ҷангӣ бигиранд. Коршиносон мегӯянд, ки ба мақомот воқеан ҳам ин шароит даст дод, ки пеши роҳи сафарҳои кӯркӯронаи гурӯҳҳои сарҷамъи шаҳрвандонро ба ҷангҳо бигиранд. Вале бо ин вуҷуд, ҳамоно хабарҳои ба таври инфиродӣ ба ҷангҳо рафтани шаҳрвандон ба  даст меравад.

Раиси полиси вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳафтаи гузашта ду сокини ноҳияи Шаҳритус ба Сурия рафта ба сафи "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Вай гуфт, ҳоло полис хабари сафари гурӯҳи 10-нафараи дигари ҷавононро аз Шаҳритус ба Сурия таҳқиқ мекунад. Хабари ғайб задани ин гурӯҳи ҷавонони шаҳритусӣҳафтаи гузашта дар миёни мардум сару садоро ба миён овард. Дар миёни онҳо ҳатто наврасони хатмкунандаи мактаби миёна ҳам мебошанд, ки гӯё санҷиши солонаро насупурда ба ҷанг рафтаанд. Баҳром Шарифзода танҳо хабари ғайб задани ин кӯдаконро тасдиқ кард, вале гуфт, ҳоло маълум нест, ки онҳо куҷо рафтаанд ва бими ин вуҷуд дорад, ки шояд онҳо равонаи Сурия шудаанд. Додситонии Хатлон мегӯяд, аз миёни сокинони Хатлон 150 нафар дар ҷангҳои Сурия қарор доранд.    

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi