00:46:06 24-уми Июни 2025 сол

БЕПО АЗ ПАСИ РӮЗГОР МЕДАВАНД

Ҳамасола сеюми декабр дар ҷаҳон рӯзи байналмилалии маълулин ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи онҳое, ки ё аз батни модар ба дунё аз лиҳози ҷисмонӣ ва ё тафаккурӣ бо илале ё худ камбуде чашм ба дунё кушодаанд, ва ё дар ҳамин дунёи фонӣ фоҷиае ба сарашон омадаасту баъд аз он кадом як узви бадани онҳо аз фаъолияти мурраттаб боз мондааст. Бешубҳа, вақте Худованди бузург онҳоро дар рӯйи замин, дар паҳлӯи инсонҳои солим халқ мекунад, ҳатман ин амалкарди Парвардигори мо ҳикматеро ба ҳамроҳи худ дорад. Теъдоди ин навъ инсонҳо дар миқёси ҷаҳон ба даҳҳо миллион нафар мерасад.

 

Бешубҳа, дар ҳама гӯшаву канори олам инсонҳои солиме, ки бохираду дурандеш ҳастанд, аз эҳсосоти башардӯстӣ орӣ нестанд ва аз Худои бузурги хеш метарсанд, ба ин қабили одамҳо бархӯрди меҳрубонона ва дилсӯзона менамоянд, онҳоро ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман дастгирӣ менамоянд. Вале муҳимтар шояд он бошад, ки ин қабил инсонҳо худашон ба тақдири худашон чӣ назар доранд, ба зиндагонии хеш чӣ гуна муносибат мекунанд, аз қисмати худ розианд ё на?

 

Тоҷикистони азизи мо як гӯшаи сайёраи зебои Заминро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ чун дар тамоми дунё диле аз фараҳ меболаду қалбе аз дард менолад. Теъдоди маълулин дар Тоҷикистоне, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, шояд бештар аз кишварҳое бошад, ки ин офати иҷтимоиро аз сари худ нагузаронидаанд. Ба ҳар ҳол дучархаҳои маълулӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳён-аҳён ба чашм мехӯранд.

 

-Биёед, муштарии гиромӣ, якҷо ба аёдати яке аз чунин инсонҳои шариф меравем ва бо ӯ аз наздик шинос мешавем.

 

- Исми банда Зайнулло Муродов, сокини яке аз навоҳии Тоҷикистон мебошам. Аз синни ҳафтсолагӣ ба мактаб рафта онро даҳ сол баъд хатм карда, ба сафи Армияи шӯравӣ даъват шудам, Хидматро дар кишвари Краснодар, дар Кафқози шимолӣ паси сар кардам.

 

Баъди хизмат дар яке аз калонтарин корхонаҳои Тоҷикистон ба кор сар кардам ва бо роҳхати ин корхона ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дохил шудам. Мутаассифона, ана дар ҳамин вақт ба сарам фоҷеа омад. Хуб дар ёд дорам. 29-уми декабри соли 1994 буд. Мехостам, ки соли нави масеҳиро дар иҳотаи оила дар зодгоҳам пешвоз гирам. Равонаи деҳа шудам.

 

Азбаски рӯзи боронӣ буд, мошин дар ҷодаи барфолуд лағжида ба ҷарӣ рафт. Инак аз ҳамон рӯз то ба ин дам 16 сол аст, ки бистарӣ мебошам. Албатта, борҳо чи дар ноҳия, чи дар Душанбе духтурон ҷарроҳӣ гузарониданд, вале табобати дилхоҳ гирифта нашуд. Дар айни ҳол тавассути дучархаи маълулӣ аз як ҷо ба ҷойи дигар ҳаракат мекунам. Ман чунин ақида дорам, ки на ҳар як пирӯзи нишон ғалаба ҳаст ва на ҳар як шикаст нишони бохт.

 

-Ҳангоме, ки мо вориди ҳуҷраи истиқомати Шумо шудем, Шуморо машғули хондани намоз дидем. Ҳарчанд то фаро расидани  вақти намози фарзӣ ҳанӯз фурсат буд? Ин чӣ гуна намоз буд? Аз Худои худ чӣ хостед, Шумо дар ин ибодати худ? Агар махфӣ набошад?

 

-Намоз аслан намози шукргузорӣ буд, аз тақдир аз қисмат. Шукргузорӣ барои он ки то имрӯз Худованд маро дар паноҳаш нигоҳ доштааст. Худованд дидаи бинову гӯши шунаво ба ман додааст. Неъматҳои дигари зиёдеро ба мо додааст.  Инчунин барои онҳое дуо кардам, ки маро, ман барин маълулинро кӯмак мекунанд. Ман ҷисман коре намекунам, Вале маро мехӯронанду мепӯшонанд. Ин корро одамони наздикамон мекунанд, ки барои ҳамаи онҳо пеши Худо дасти дуо баланд мекунам.

 

Шумо инчунин дар баробари ба ҷо овардани тоату ибодати Худо боз мебинам ба корҳои дигари фоиданок низ машғул ҳастед. Масалан китоб навиштаед?

 

-Бале, ба ғайр аз тоату ибодат боз ба ҷиянчаҳоям дарс медиҳам. Инчунин китоби зиндагиномаи худро навиштаам. Бо номи «Боли шикаста». Аз ҳаштод саҳифа иборат аст. Рӯзгори маро фаро гирифтааст. Мехоҳам, ки чанд нусхае онро бароварда ба наздиконам тӯҳфа намоям. Хулоса бепояму аз паси рӯзгор медавам.

 

-Оё ҳастанд ниҳодҳое, ки ба Шумо кӯмак мерасонанд, чӣ аз ҷиҳати моддӣ ва чӣ аз ҷиҳати доруворӣ?

 

-Банда 16 сол боз шомили табақаи маълулин шудаам. Ин табақа ҷамъияте дорад бо номи Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон. Рӯзи 8-ми июл ҳамасола дар ҷумҳурӣ рӯзӣ маълулин ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин рӯзи 3-юми декабр рӯзи ҷаҳонии маълулин қайд карда мешавад.

 

Ана аз ҳамин иттиҳодия намояндаҳо ба қадри имкон дар арафаи ҳамин рӯзҳо аз ҳоли мо хабар мегиранд ва ба қадри имкон кӯмак мерасонанд. Дар масъалаи таъмини доруворӣ низ ҳамин гап аст. Яъне ба доруҳои нархашон баланд дастрасӣ надорем. Ба мо он дорӯҳоеро бепул медиҳанд, ки арзишашон дар дорухонаҳо баланд набошад.

 

-Қабл аз он ки бо Зайнуллоҳ худоҳофизӣ кунем аз ӯ хоҳиш кардем, ки чанд порчаеро аз навиштаҳояш барои муштариёни сомонаи «Рӯзгор» бихонад.

 

- «Ғам одамро ба нестӣ мебарад, ҳамчуноне, ки занг оҳанро». «Хостам шахси хушчақчақу гапзан бошам. Пургӯву лаққиям хонданд. Хостам фарди камгапу ботамкин бошам, дамдузду муғамбирам гуфтанд. Хостам инсони чеҳракушоду хандонрӯ бошам, девонаам пиндоштанд». «Ҳамаи он чизҳое, ки замин дар пушташ мебардорад, оқибат дар бағалаш хоҳад кашид».

 

Ҷаҳонгири Султон,  «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ