08:48:01 08-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Моро гипноз карданд..." Боздошти 14 ҷонибдори "Давлати Исломӣ"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки як гуруҳ аз сокинони ҷавони Норак барои баёни садоқати худ ба "Давлати Исломӣ" дар маркази ин шаҳр парчами сиёҳро овезон кардаанд.

bozdoshtshudaho-4566598.jpgВазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 14 сокини шаҳри Норак ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи "Давлати Исломӣ" хабар дод. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 29 август ба мо гуфт, ҷавонтарини ин афрод 21 ва бузургсолашон 37-сола буда, бархеи онҳо гӯё узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро низ доштаанд. Иттилое, ки то ҳанӯз раҳбарияти ҲНИТ таъйид ё такзибаш накардаанд.

Ба иттилои манбаъ, чордаҳ сокини шаҳри Норак тавассути Интернет бо Юнус ном ҷангии тоҷик дар гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ошно шуда, барои баёни садоқаташон ба ӯ ва ҳамроҳонаш парчами сиёҳро дар маркази Норак боло кардаанд. Давлиё Саидов, яке аз боздоштшудаҳо дар сӯҳбат бо муфаттишон гуфтааст, ӯ бо роҳнамоии Юнус аз Душанбе матои сиёҳу ранги сафед харидорӣ карда буд.

"Юнус таъкид кард, ки вақте парчамро овезон кардем, ҳатман акс гирифта, ба ӯ фиристем," - афзудааст вай. Давлиё Саидов гуфтааст, ҳоло аз асли қазия бохабар шуда, аз хатои кардааш пушаймон аст. Вале гуфтааст, "дар оғоз аслан чизеро пай намебурдам ва ҳоло фикр мекунам, гӯё моро гипноз карда буданд".

Ин дувумин ҳолати дар ноҳияҳои вилояти Хатлон боло шудани парчами монанд ба байрақи "Давлати Исломӣ"-ст. Аввали моҳи август мақомот аз пайдо шудани парчами сиёҳ бо навиштаи "Аллоҳ" дар маркази ноҳияи Шаҳритус хабар доданд. Вазорати корҳои дохилӣ низ мегӯяд, дар робита ба ин қазия ҳашт нафарро боздошт карда, Маҳмадалӣ Абдуллоеви 15-сола, ки аз муттаҳамони аслии ин қазия будааст, таҳти пайгард қарор додааст.

Ҳашт тани боздоштшуда дар робита ба парчами сиёҳ дар Шаҳритус дар сӯҳбатҳои худ аз Абӯсаид ном нафаре ёдоварӣ кардаанд, ки ба қавли онҳо дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна қарор дошта, бо Маҳмадалии 15-сола тавассути Интернет дӯстӣ мекардааст. Рамазонбек Худойбердиев, яке аз ин ҷавонҳо ба маъмурони пулис гуфтааст, ки Маҳмадалӣ онҳоро ғоибона бо Абӯсаид шинос карда ва ба ӯ ваъда дода будааст, ки ҳар супорише диҳад, иҷро хоҳанд кард. Ба қавли Худойбрдиев, "ман гуфтам, ки ин кор лозим нест. Ӯ ба ман амри маъруф кард ва ман билохира розӣ шудам. Гадоев Бахтӣ моро сурат гирифт ва Маҳмадалӣ тарқи Вотсапп суратро фиристод".

Яке дигар аз ин боздоштшудаҳо гуфтааст, роҳбарони ғоибонаашон ҳатто дар миёни онҳо як нафари фидоиро ҷустуҷӯ мекарданд. Чаро ки ба гуфтаи ӯ, онҳо қасд доштаанд тавассути ин фидоӣ бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Шаҳритусро бикафонанд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, боло кардани парчами сиёҳ дар ноҳияи Шаҳритус соати 1-и шаб сурат гирифтааст ва онҳо дар ин кор волидони ҷавононро муқассир дониста, ба бепарвоӣ муттаҳам мекунанд. Тӯйчибой Тошев, падари Худойбахш Тошев, яке аз ҷавонҳои боздоштшуда мегӯяд, ӯҳамон шаб чанд бор ба писараш занг зада буд. "Аммо ба сабаби хомӯш будани телефонаш натавонистам бо ӯ суҳбат кунам ва дар куҷо буданашро пурсам. Кори хато кардем, вале ин дафъа ҳушёртар мешавем", - афзуд ӯ.

Комёб Ҷалилов, коршиноси умури амниятӣ, мегӯяд, ҳарчанд ин парчамҳо ҷуз як матои сиёҳе беш нестанд, вале зоҳиран аз сӯи кадом нерӯе барои асабонӣ кардани мақомот овезон мешаванд. Ӯ афзуд, "решаҳои асосии ин корро бояд ёфт. Пуштибонҳои асосияшонро бояд пайдо кард. Чунки агар решаву пуштибон намедоштанд, ин корро намекарданд.”

Баъди боло шудани парчами сиёҳ дар Шаҳритус ва, инак шаҳри Норак, дар навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа аз ҳисоби асосан омӯзгорону фаъолони ҷамъиятӣ навбатдории шабона ташкил шудааст, ки ҳадафаш ошкор намудани "афроди бегона" ва "шубаҳанок" мебошад. Маркази асосии ин навбатдориҳо макотиби миёна буда, вале навбатдорон муваззаф будаанд, ки маркази деҳаҳо, ҷамоат ва ноҳияҳоро низ назорат кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi