12:16:37 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вазорат: "Дар ҳамлаҳо 17 нафар кушта шудаанд"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри ҷузъиёти ҳамла ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе гуфт, ки ин ҳамлаҳоро Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо раҳбарӣ кардааст.

musor-65895451221.jpgВазорат бо нашри баёния гуфт, ки “4-уми сентябр, соати 04:28-дақиқа гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона карданд” ва ба гуфтаи вазорат “миқдори зиёди силоҳу муҳимоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд.”

Ба гуфтаи вазорат, дар ин ҳамлаҳо, ки якеаш дар наздикии фурудгоҳи Душанбе сурат гирифт, 4 корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи вазорати умури дохилӣ ва 4 корманди шӯъбаи умури дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расиданд. Дар  баёния омадааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки “дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ворид гардида буд, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст.”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гуфтаи вазорат, ҳангоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷойи истиқомат ва корхонаи нонпазии ҳоҷӣ Абуҳалим Назарзода, ҳамчунин ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира карданд.

Вазорат мегӯяд, ки Абдуҳалим Назарзода ҳангоми ин ҷиноят “бо роҳи фиреб, сохтакорӣ ва ба иштибоҳ андохтани кормандони вазорати мудофиа, ҳамчунон аз мансабаш сӯистифода кардааст. Ба қавли вазорат, “Абдуҳалим Назарзода аз аввал то охир дар ин амалиёти террористӣ ширкат варзида, онро шахсан роҳбарӣ намудааст. “

Маъмурони амниятии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти махсус ба зидди “дастаи террористӣ” 6 узви даста аз ҷумла Сарабек Муродов, Илҳомиддин Ибронов, Собир Сафаров, Фозил Аюбов, Хуршед Холиқов, Ҳаёт Салоевро дастгир кардаанд ва 9 узви дигари гурӯҳи мусаллаҳро куштанд. Ба гуфтаи вазорат, яке аз онҳо Зиёраддин Абдуллоев, размандаи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини давлат ва афсари собиқи вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.

Дар баёнияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон омадааст, ки Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифо, ки имрӯз бо қарори ҳукумат аз мақомаш барканор шуд, бо теъдоде дигаре аз ҳамроҳонаш ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор кардааст. Минтақаи мазкур, яке аз саҳнаҳои даргирӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва дар солҳои ноороми баъди он буд.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки таъқиб ва ҷустӯҷуи бақияи аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳро идома медиҳанд ва вазорати умури дохилӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки дар “дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаи террористии ҳоҷӣҲалим Назаров ба сохторҳои қудратии мамлакат ҳамкории хешро дареғ надоранд.”

Аммо вазорати умури дохилӣ сабабҳои ҳамлаи ин афрод ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъро шарҳ надодааст, ҳарчанд баёния ин гурӯҳи афроди мусаллаҳ "дастаи террористӣ" ном бурда шудааст.

Ва телефонҳои худро ҳам дар вебсайт гузоштааст. Додситонии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вазорати умури дохилӣ акси чанде аз афроди боздоштшуда ва кушташудаҳоро дар вебсайташ нашр кардааст.

Баъди ин ҳамлаҳо бино ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ, чораҳои амниятиро дар саросари Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон тақвият бахшиданд ва дар посгоҳҳо маъмурони иловагии милиса ва сарбозон гузошта шудаанд, ки мошинҳоро тафтиш мекунанд.

Сафоратҳои ИМА ва Бритониёи Кабир шаҳрвандонашонро ба эҳтиёткорӣ даъват карданд

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар пайи тирпаронии субҳи 4 сентябр дар Душанбе дарашро баста, ба кормандонаш машварат додааст, ки дар маҳалҳои амни худ бошанд ва имрӯз аз фиристодани фарзандонашон ба мактабҳо худдорӣ кунанд. Дар саҳифаи расмии сафорат дар Фейсбук аз ҳамаи шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон хоста шудааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд. Сафорати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, субҳи 4 сентябр дар ҳодисаҳои ҷудогона Душанбе задухӯрди афроди мусаллаҳ бо маъмурони пулиси Тоҷикистон сурат гирифта, ҳарчанд ҳодиса таҳқиқ мешавад, аммо асли қазия номаълум аст. "Ин ҳодисаҳо метавонанд оғози хушунатҳои дигар бошанд,"-омадааст дар изҳороти сафорат. Сафорати Амрико дар Душанбе азҳамла болои ШКД-и шаҳри Ваҳдат низ изҳори ғамгинӣ кардааст.

Сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш даъват кардааст, ки шадидан эҳтиёткор бошанд. Дар изҳороте, ки дар сайти сафоратхона дар Душанбе нашр шудааст, гуфта мешавад, ки рӯзи 4 сентябр дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе задухӯрди мусаллаҳонае бо иштироки нирӯҳои амниятӣ сурат гирифт. Дар ин ҳодиса чанд нафар кушта шуд. Мақомоти тоҷик ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва дар минтақа тадобири шадиди амниятӣҷорӣ шудааст. Эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо дар оянда водор мекунад, ки сафоратхона шаҳрвандони Бритониёи Кабирро ба эҳтиёткории шадид даъват кунад ва машварат медиҳад, ки хабарҳои охирро аз матбуоти маҳаллӣ пайгирӣ кунанд. 

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi