07:49:19 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Оғози муҳоқимаи ҳодисаи марги сарбоз дар додгоҳ

Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе ҳодисаи марги сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифоъ (воқеъ дар ҷамоати Сағирдашт) Парвиз Дӯстматовро оғоз карда ва ҳамхизмати ӯ Фаррух Бозоровро ба маҳкама кашидааст.

prokuraturai-harbi55464554.jpgМукаррама Дӯстматова, модари Парвиз ба мо гуфт, додгоҳи ҳарбӣ рӯзи душанбе,  5 октябр мурофиаи қатли писараш аз тарафи ҳамхизматаш Фаррух Бозоровро шурӯъ кард, ки дар куштори  Парвиз бо зарби корд муттаҳам мешавад.

Ӯ гуфт, аз рӯи гуфтаи сарбоз Фаррух Бозоров шаби 13 июл дар соати 4-и субҳ, ҳангоми  аз хоб хезонидани сарбозҳо омада ба гӯши Парвиз дод задааст, ки  аз хоб хезад. Вақте ӯ дар посух мегӯяд, ки "чаро дод мезанӣ?", муноқиша мешавад. Фаррух гӯё аз ошхона корд оварда ба қафаси синаи Парвиз задааст. Бар тибқи хулосаҳои тафтишот, бо сабаби сари вақт нарасидани кумаки тиббӣ, сарбоз Парвиз Дӯстмадов ҷон дод.

Шоҳин Ҳофизов, фармондеҳи қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар ҷамоати Сағидашт рӯзи 6 октябр ба мо гуфт, ба далели набудани чархбол дар ин қисми низомии кӯҳӣ Парвиз Дӯстматови захмӣсари вақт ба бемористони дорои васоили пешрафтаи тиббӣ интиқол наёфт ва ба ҳалокат расид. Сарбозро тавонистанд танҳо то бемористони маҳаллии ҷамоати Сағирдашт интиқол диҳанд, вале бо сабаби набуди шароити зарурии тиббӣӯҷон дод.

Шоҳин Ҳофизов гуфт, вай ҳеҷ нафарро гунаҳкор намедонад ва танҳо додгоҳ маълум хоҳад кард, ки Фаррух гунаҳкор аст ё на.

Тавре модари Парвиз,сарбози кушташуда мегӯяд, дар додгоҳ Фаррух Бозоров нақл кард, ки қасди куштан ва ё барқасдона ба ҳалокат расонидани ҳамхизматашро надоштааст ва намедонад ин фалокат чӣ гуна рух додааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi