16:40:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Боздошти 53 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон дар Истамбул

Дар пайи як амалиёти нерӯҳои интизомии Туркия 53 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон боздошт шудаанд, ки 24 тани онҳо ҳанӯз ба балоғат нарасида, қасд доштаанд, ба ДИИШ пайванданд.

bozdosht-98544554.jpgДар пайи як амалиёти махсуси мақомоти интизомии Туркия дар Истамбул 53 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон, аз ҷумла 24 ноболиғ, боздошт шудаанд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ин афрод ғайриқонунӣ дар қаламрави он кишвар ҷой гирифта, қасд доштаанд, ба гуруҳи "Давлати исломӣ" бипайванданд.

Торнамои туркии gazetevatan.com 19 октябр бо такя ба қавли раҳбари Шуъбаи мубориза бар зидди терроризми Истамбул навишт, ки онҳо чанд рӯз боз ин гуруҳро таъқиб мекарданд ва билохира ба дом афтонданд. Амалиёти махсуси боздошти ин гуруҳ дар маҳаллаҳои Пендик ва Каяшаҳер сурат гирифта, аз 53 нафари боздоштшуда 24 нафарашон ҳанӯз ба синни ҳаждаҳ нарасида будаанд.

Аз манзили онҳо варақаҳои мухталифи тамосҳо ва харитаи маҳалҳое, ки бояд дар он ҷо биҷанганд, ёфт шудааст.

Расонаҳои Туркия мегӯянд, аз ин теъдод афроди боздоштшуда ҳамагӣ се нафарашон аз Тоҷикистон ва бақия аз Узбакистон будаанд. Ҳоло онҳо дар Шуъбаи мубориза бо терроризми Истамбул мавриди бозпурсӣқарор доштаанд. Ноболиғон ба боздоштгоҳи махсуси Истамбул интиқол ёфтаанд.

Ба иттилои маъмурони пулис, барои ин ноболиғон дар таҳхонаи манзилҳое, ки муваққатан иқомат доштанд, мактаби махсус вуҷуд доштааст ва онҳо дар он ҷо зиндагӣ бар асоси қонуни хилофати исломиро меомӯхтаанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли омм ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигари дини Ислом ном баровардааст, иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи "хилофати воҳиди исломӣ"-ст.

Бар пояи омори расмӣ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин ҳудуди 36 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ”аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба “ҷиҳод” дар хоки Тоҷикистону Туркия боздошт шуданд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi