16:46:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷузъиёти қатли ду маъмури пулиси Исфара

Барои таҳқиқиҳодисаи куштори ду милиса дар Исфара гурӯҳи вижа таъсис дода шудааст, ки раҳбарии онро яке аз муовинони сардори раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Суғд бар дӯш дорад.

juziyot-54455465.jpgМақомоти интизомӣ дар вилояти Суғд ба таҳқиқи куштори ду афсари пулис дар Исфара оғоз кардаанд. Аммо то ҳол ин гурӯҳи таҳқиқотӣ тафсилоти ҳодисаро баён надошта, аз ҳар гуна шарҳи сар задани ҷанҷоли хунин миёни 3 корманди гурӯҳи вижаи зудамали пулис дар Исфара, ки бо кушта шудани 2 нафари онҳо анҷом ёфтааст, худдорӣ мекунанд.

Аз ситоди пулиси Суғд ба мо гуфтанд, ки ба таҳқиқи ин қазия мақомоти додситонӣ машғуланд ва фарзияву сабабҳои сар задани муноқиша ба онҳо маълум нест. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара мегӯянд, ки дар маҳалли ҳодиса як гурӯҳи таҳқиқотии пулис низ кор мебарад ва раҳбарии онро яке аз муовинони раёсати Вазорати корҳои дохилии Т оҷикистон дар вилояти Суғд бар дӯш дорад.

Аз додситонии Исфара ба мо гуфтанд, ки дар робита ба қатли 2 корманди пулис аз сӯи як ҳамкасбашон парванда боз шудааст.

Дар ҳаминҳол, ба қавли бархе аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара, ки муноқишаву куштор дар он ҷо рух додааст, гурӯҳи таҳқиқотии мақомоти пулис ваъда додаанд, ба зудӣ сабаби сар задани муноқиша байни афсарони пулисро ба сокинон ва наздикони яке аз кушташудагон баён хоҳад кард.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи 19 октябр дар деҳи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара миёни 3 маъмури пулис муноқиша рух дода, яке аз онҳо бо тири туфангча ҳамкасбони худро куштааст. Ин хабарро манобеи мо дар Исфара таъйид карда ва гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан соати 11-и рӯзи душанбе дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, ҳаммарз бо Қирғизистон, рух додааст.

Бино ба иттилои манобеи мо, маъмурони пулиси кушташуда - Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров будаанд. Ҷасади Сафаров дирӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ба хок супорида шуда, ҷасади Шехназаров ба зодгоҳаш - ноҳияи Мастчоҳ интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи манобеъ аз деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара, ин 2 корманди пулисро як ҳамкасбонаш бо номи Сабур ҳадафи тир қарор додааст.

Ин корманди пулис баъди куштани ҳамкасбонаш худро ба мақомоти пулиси Исфара таслим кардааст. Вай тӯли як соли ахир дар деҳаи Хоҷаи Аъло дар гурӯҳи вижаи зудамали пулис (СОБР) кор мекардааст. Ба қавли сокинони Хоҷаи Аъло, раҳбарии гурӯҳи вижаи зудамали пулис (СОБР) –ро дар ин маҳали марзӣ Алишер Шехназаров бар дӯш доштааст. Вай рутбаи лейтенанти калон ва Маҳкам Сафарову Сабур рутбаи лейтенантӣ доштаанд.

Дар гузаштаи наздик дар Исфара чанд мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтан, кушта ва маҷруҳ шудани кормандони пулис аз сӯи афроди мансуб ба гурӯҳҳои ҷиноӣҷой доштааст, вале ин барои бори аввал будааст, ки як корманди пулис 2 ҳамкасби худро ба қатл мерасонад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi