07:31:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сержант: Вақте Заринаро аз об берун кашидам, гуфт: Мон, ки равам...

Як сержанти милисаи шаҳри Хуҷанд аз қасди худкушии Зарина Нурматоваи 38-сола дар дарёи Сир ҷилавгирӣ кардааст. Ҳоло додситонӣқазияи қасди худкушии Заринаро таҳқиқ дорад.

firuz-rahmatov-89854545.jpgФирӯз Раҳматов, сержанти хурди милисаи шаҳри Хуҷанд, аз қасди худкушии як зани 38-сола дар Сирдарё ҷилавгирӣ карда ва ин занро аз чанголи марги ногузир наҷот додааст. Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд ба мо гуфт, ин ҳодиса 23 октябри соли ҷорӣ, тахминан соати 10:40, дақиқа рух додааст.

Ӯ мегӯяд, Зарина Нурматоваи 38-сола - сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро дар рӯ ба рӯи бинои Шӯъбаи корҳои дохилии Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст. "Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур сержанти хурди милиса Раҳматов Фирӯз Исмоилович, ки дар басти навбатдорӣқарор дошт, аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода, Заринаи қасди худкушӣ доштаро наҷот медиҳад. Сардии оби дарё низ монеи ҷасорати Фирӯз Раҳматов нашуд. Амали саривақтии ӯ боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломати ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад," – гуфт ӯ.

Худи Фирӯз Раҳматов рӯзи 26 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, вақте дид зане худро ба дарё андохтааст ва мехоҳад риштаи умрашро биканад, нахостааст тамошогар бошад ва худро ба дарё андохтааст. "Сокинон ҷамъ омада, ҳаёҳӯ доштанд, ба ёрӣ мехонданд. Нахостам дар ин ҳолат тамошогар бошам ва барои ҳамин ба наҷоташ шитофтам. Вақте ин занро дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи "Ленинобод" аз об берун овардам, ӯ бисёр хоҳиш кард, ки гузорам, то дар об биравад..." – нақл кард сержант Раҳматов.

Сержанти милисаи Хуҷанд мегӯяд, то ҳол аз мушкили Зарина Нурматова хабар надоранд ва намедонанд, чӣ чиз ӯро барои худкушӣ водор кардааст. Аммо гуфт, феълан ин ҳолатро додситонӣ таҳқиқ дорад ва шояд тафсилоти қазия дертар маълум шавад.

Сержанти хурди милиса Фирӯз Раҳматов 23 сол дорад ва баъд аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияташро аз моҳи марти соли 2015 дар шуъбаи корҳои дохлии Хуҷанд шурӯъ намудааст. Мақомоти умури дохилии хуҷанд мегӯянд, давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди маркзаи Суғд ин сеюмин ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ мебошад, ки аз тарафи кормандони пулис пешгирӣ мешавад.

Моҳи марти соли ҷорӣ Парвизҷон Ёқубов, сержанти 24-солаи шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, Мавзуна Зокироваи 25-соларо, ки ба қасди худкушӣ аз болои купрӯки дарёи Сир худро ба об партофта буд, аз хатари ғарқшавӣ наҷот дода буд. Гуфта мешавад, ин зан ба далели мушкилоти хонаводагӣ ба ҷони худ қасд карда буд. Сержант Ёқубов қаблан ба мо гуфта буд, дигар сарнавишти баъдии ин занро дунбол накардааст, вале то ҳол ифтихор дорад, ки тавонистааст як инсонро аз марг ва як оиларо аз нобудӣ наҷот диҳад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд. Вилояти Суғд аз лиҳози шумори худкушиҳо, бахусус дар миёни занон, дар Тоҷикистон дар ҷои якум меистад. Танҳо дар соли 2014 дар ин вилоят 125 зан дар ин минтақа ба ҷони худ қасд кардаанд. Теъдоди онҳое, ки ба далоили мухталиф, вале асосан ба маҳзи мушкилоти иҷтимоӣ ваё ҷанҷолҳои хонаводагӣ даст ба ҷони худ мезананд, бахусус дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он бештар мушоҳида мешавад.

Худкушиҳо дар ин минтақа бо шеваҳои мухталиф, аз ҷумла ба дор кашидан ё нӯшидани доруи зиёд анҷом мешаванд, вале як бахши аъзами онҳое, ки мехоҳанд ба зиндагӣ падруд бигӯянд, худро аз рӯи пул ба Сирдарё меандозанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi