10:17:17 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аз Тоҷикистон - ба Русия, аз онҷо - ба Сурия

Дилшод Қурбонов, як сокини минтақаи Кӯлоб зану ду кӯдаки хурдсолашро дар Русия ва волидони кӯҳансолашро дар Тоҷикистон партофта, ба ҷанги Сурия рафтааст.

dilshod-qurbonov-98458745Дар якуним соли охир шумори он шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” меҷанганд, се маротиба афзудааст. Бино ба ҳисоби созмони амрикоии “The Soufan Group”, ки дар бахши масоили амниятӣ кор мекунад, шумори ҷангҷӯён аз ин кишварҳо дар Ховари Миёна ба 5000 нафар наздик мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангҷӯён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро беш аз 600 нафар рақам мезананд.

Яке аз онҳо Дилшод Қурбонов, як сокини ҷавони деҳаи Токакапаи ҷамоати Зиракии Кӯлоб аст, ки ним сол пеш зану ду кӯдаки хурдсолашро дар шаҳри Челябински Русия ва волидони кӯҳансолашро дар Кӯлоб партофта, барои ба ном “ҷиҳод” ба Сурия рафт.

Далер Қурбонов, бародари Дилшод мегӯяд, дар манзили онҳо ҳама чиз аз бародари раҳгумзадаи ӯ дарак медиҳад: «Ин дарахтонро ӯ бо дастони худаш шинонда буд. Ман хурд будам ва ёрдамаш мекардам.”

Далер Қурбонов ҳамин тавр, як гӯшаи холӣ дар кунҷи дигари ҳавлиашонро нишон медиҳад, ки бояд онҷо барои Дилшод хонаи дуқабата месохтанд.

Ӯ мегӯяд, ҳеҷ кадоми онҳо ҳатто ҳадс намезад, ки рӯзе Дилшод ба “Давлати исломӣ” мепайвандад. Ӯ мегӯяд, бародараш чандон диндори мутаассиб набуд, балки “намозашро мехонд, албатта, вале ҳамеша машғули кор буд.”

Дар посух ба ин суол ки оё дар бораи масъалаҳое, чун рафтан ба Сурия бо наздиконаш сӯҳбат мекард ё на?, Далер Қурбонов гуфт: “Агар дар ин бора лаб мекушод, ҳоло инҷо буд, на дар Сурия. Намегузоштемаш, ки биравад.”

Хонаводаи Дилшод Қурбонов як зиндагии хоксорона, вале бе камбудӣ дорад. Онҳо як қитъаи замин ҳам доранд, ки сабзавот ва пахта кишт мекунанд. Як коргоҳи хурди коркарди пахта ҳам доранд.Ин коргоҳро Қурбоновҳо аз пуле сохтаанд, ки фарзандони муҳоҷири ин хонавода дар қисматҳои мухталифи Русия – Челябинск, Санкт-Петербург, Сургут ва Екатеринбург – кор карда, ба Ватан фиристодаанд. Далер мегӯяд: “Ҳама чизе ки инҷо дорем, аз ҳисоби Русия аст. Онҷо кор мекунем, инҷо месозем.”

Роҳи муҳоҷирати Русияро барои ин хонавода Дилшод кушод ва Далер аз 14-солагиаш роҳи бародари калониашро идома дод ва низ ба Русия рафт. Далер як сол пеш ба Тоҷикистон баргашт, то издивоҷ кунад.

Дар ҳамин байн, Дилшод Қурбонов, ки дар Челябинск монда буд, ғайб зад. Баъди чанде ӯ аз тариқи Скайп ба занаш занг задааст.

Далер мегӯяд: «Ба занаш гуфтааст, ки онҳо ба Сурия рафтаанд. Занаш мегӯяд, ки ӯро силоҳ дар даст дидааст. Ман аввал ҳатто боварам наомад.»

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз қаламрави Сурияву Ироқро ишғол ва дар инқаламрав эълони «хилофат» кардааст. Ин гурӯҳ, ки бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда оташ задану зери хок кардани асирону пайравони ақидаҳои барои онҳо «бегона» ном баровардааст, дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротиву террористӣ шомил карда шудааст.

Волидони аксари шаҳрвандони тоҷике, ки ба «Давлати исломӣ» пайвастаанд, бар ин боваранд, ки онҳо, мисли Дилшод Қурбонов дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб шудаанд. Аммо Далер то ҳол намефаҳмад, ки чигуна бародари ӯ волидони кӯҳансолашро дар Кӯлоб  ва зани русу ду кӯдаки хурдсолашро дар Челябинск партофта, ба Сурия рафтааст: «Ман худам «Қуръон мехонам ва медонам, ки онҷо чӣ навишта шудааст. Ислом дини раҳму шафқат аст, Ислом ин сулҳ аст, на инки силоҳро ба даст бигириву касони дигарро бикушӣ

Дилшод чанд моҳ боз бо хонаводааш дар тамос нашудааст. Тобистон ба хонаи онҳо занг заданд ва гуфтанд, ки ӯ кушта шудааст. Вале волидон ба ин бовар надоранд. Онҳо умедворанд, ки ӯ ягон рӯзҳатман ба хонаи худ бармегардад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi