21:07:45 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

С. Маҳмадалиева: Зӯроварии хонаводагӣ омиле мебошад, ки ҳамарӯза дар хуруҷ аст

Хушунат дар оила яке аз масъалаҳое  мебошад, ки ҳамарӯза мавриди таҳлилу баррасии мутахассисон қарор гирифта,  ҷомеаро нигарон намудааст. 19-уми  марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид, ки инак ба қабули он 3 сол пур  мешавад.

s.mahmadalieva_3459865.jpgВобаста ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ хабарнигори мо бо Сабоҳат Маҳмадалиева, сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

-Мегуфтед, ки сатҳи имрӯзаи хушунат дар оила нисбат ба  занон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ то кадом андоза дигаргун шудааст?

-Мавзӯе, ки имрӯз мавриди таҳлилу баҳси аҳли  ҷомеа қарор гирифтааст,  ин пешгирӣ намудани зӯроварии хонаводагӣ мебошад. Бояд гуфт, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хушунат дар оила нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам шудааст. Вале Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон бо ин қаноатманд шуда наметавонад, зеро зӯроварии хонаводагӣ омиле мебошад, ки ҳамарӯза дар хуруҷ аст.

-Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии зӯроварӣ дар оила  кадом корҳоро роҳандозӣ кардааст?

-Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар  оила» ба тасвиб расид ва барои дар амал татбиқ шудани қонуни мазкур барномаи давлатӣ оид ба «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» барои солҳои 2014-2023 таҳия шуд. Кумитаи кор бо занон  ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози барномаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» аст, муаррифии барномаи мазкур ва нақшаи амалии онро дар тамоми манотиқи кишвар муаррифӣ намуда, дар ин самт корҳои муайяну назаррасро ба анҷом расонид.

Дар соли сипаригардида аз ҷониби кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  пешгирӣ намудани зӯроварии хонаводагӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Семинарҳои омӯзишӣ бо намояндагони ВАО, намояндагони сохторҳои қудратӣ, бо занону духтарон, мудирону раисони шӯроҳои занон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардиданд.

Ҳамчунин он вазорату идораҳое, ки  маҳз бо чунин масъалаҳо сару кор доранд, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба семинар, мизҳои мудаввар ва  дарсҳои омӯзишӣҷалб гардиданд ва аз ҷониби масъулини дахлдор роҳҳои пешгирӣ намудани ин омили номатлуби ҷомеа пешниҳод шуданд.

-Зери мафҳуми «хушунат» ё ин ки «зӯроварӣ» кадом омилҳо фаҳмида мешаванд?

-Имрӯзҳо аз ҷониби тадқиқотчиён мафҳуми зӯроварӣ ба чор омил тақсим шудааст, ки ин зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ҳоло дар ҷомеаи мо бештар зӯроварии хонаводагии равонӣ ба чашм мерасад. Зӯроварии хонаводагӣ бештар дар оилаҳои носолим, яъне дар он оилаҳое, ки муносибатҳои оилавӣ дуруст ба роҳ монда нашудаанд, мушоҳида мешавад. Бисёр шаҳрвандон имрӯзҳо ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зӯроварии ҷисмониву равонӣ муроҷиат менамоянд.

Ҳоло дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ утоқи равоншиносон фаъолият дорад, ки аз тарафи мутахассисони соҳибтаҷриба, равоншиносону ҳуқуқшиносон ба он нафароне, ки дучори зӯроварии хонаводагӣ гаштаанду ба кумита муроҷиат мекунанд, маслиҳатҳои равониву ҳуқуқии ройгон  дода мешаванд.

-Имрӯз дар баробари занҳо мардон низ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи хушунат муроҷиат мекунанд. Ин муроҷиатҳо оид ба кадом масъалаҳоянд?

-Дуруст аст, имрӯз мардон низ ба кумита муроҷиат мекунанд. Он мардоне муроҷиат мекунанд, ки аз маърифати ҳуқуқии худ бархурдор нестанд. Ҳамчунин бештари муроҷиаткунандагон мардоне мебошанд, ки дар айни замон бе шуғл буда, дар ягон ҷо кор намекунанд, ки нисбат ба ин гуна мардҳо зӯроварии хонаводагӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ онҳо ба кумита муроҷиат мекунанд.

-Дар мавриди аз таҳсил дур кардани духтарон аз ҷониби волидайн кумита чӣ тадбирҳо андешида истодааст?

-Баъзан волидайн садди роҳи таҳсил намудани духтарони худ мегарданд, ки ин ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам  аз ҷиҳати маърифати шаҳрвандӣ ва ҳуқуқӣ нодуруст аст, зеро он ҷавондухтароне, ки имрӯз аз таҳсил дур мондаанд, фардо барпокунандаи оила ҳастанд. Онҳо, албатта, сад дар сад ба оила ва танзими муносибатҳои оиладорӣ омода нестанд. Пас, чӣ гуна он духтарон метавонанд оила барпо кунанд?

То он даме, ки онҳо маърифати комили ҳуқуқиву равонӣ нагирифта бошанд, наметавонанд оилаи солиму обод барпо кунанд. Бинобар ин ман ҳамчун намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар, ҳамчун зан-модари тоҷик аз ҳамаи падарону модарон ва аъзои ҷомеа даъват менамоям, ки садди роҳи таҳсили фарзандони худ нагарданд ва барои давом додани таҳсили духтаронашон мусоидат намоянд ва он духтаронеро, ки аз таҳсил дур мондаанд, ҳарчи зудтар ба омӯзиш ҷалб намоянд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт бисёр тадбирҳо андешида истодааст. Имрӯз кумита барои пешгирӣ намудани зӯроварии хонаводагӣ бо як зумра вазорату идораҳои марбута: Вазорати корҳои дохиии ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣҳамкории судманд дорад. 

Он ҷавондухтароне, ки аз таҳсил дур мондаанду дар мавриди ба таҳсил фаро гирифтанашон ба кумита муроҷиат мекунанд, намояндагони кумита ба онҳо роҳ нишон медиҳанд, ки ба куҷо муроҷиат намуда, таҳсили хешро идома диҳанд. Яъне, Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи бештар кӯшиш менамояд, ки ин гуна духтаронро дастгирӣ кунад ва дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳо нақши худро гузошта, ба онҳо кумак расонад.

Таҳияи Холиса Асомиддинова, АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi