03:52:52 21-уми Августи 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26 27
28            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Қ.Қурбонов: Таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум вазифаи муҳим аст

Бахшида ба 25-солагии ИстиқлолиятиҶумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми имсола таъкид дошт, ки таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст.  Вобаста ба корҳои дар 25 соли соҳибистиқлолӣ дар ин самт иҷрошуда ва  нақшаҳои оянда дар ин самт суҳбате доштем бо сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов.

Qurbonov_chitayu-doklad_222.jpg-Дар 25 соли соҳибистиқлолииҶумҳурии Тоҷикистон соҳаи иҷтимоии кишвар ба кадом комёбиҳо ноил гардид?

-Масъалаи ҳуқуқи иҷтимоии инсон дар Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян шудааст. Ҳамзамон  дар  қонуни асосӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон гаштааст ва маълум аст, ки давлат муваззаф аст барои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон, дар маҷмӯъ ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд тадбирҳои муайян андешад. Дар давоми давраи истиқлолият давлати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ин мақсадҳо ноил шудааст.

Илова бар ин, мо дар оянда кӯшиш дорем, ки ба дастовардҳои бештар  ноил гардем. Ҳанӯз соли 1991 дар соли аввали соҳибистиқлолӣҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди қонунгузории мустақили соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иқдом карда шуд. Аввалин қонунҳои қабулшудаи он вақта, ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар  бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»  буд. Яъне дар  даврони истиқлолият, дар 25 сол мо тавонистем пойгоҳи ҳуқуқии соҳаро, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хеле  муҳим аст, мукаммал намоем.

ҚонунҳоиҶТ «Дар бораи таъмини нафақа, «Дарр бораи ветеранҳо, «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва даҳҳо қонунҳои дигари соҳавӣ имрӯз қабул шуда, амал мекунанд. Мо имрӯз метавонем гуфт, ки дар даврони истиқлолият заминаи ҳуқуқии соҳа пурра фароҳам оварда шудааст ва бо мурури замон ва бо тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ, мо мекӯшем дар ин низоми қонунгузорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намоем. Вақте ки Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор Президенти ҶТ интихоб шуд, яке аз аввалин фармонҳое, ки ба ҳайси Президенти кишвар қабул намуданд ва он фармон дар таърихи даврони истиқлолият ҳамчун фармони №1 ном гирифтааст, он дар тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ветеранҳои ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда буд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки на танҳо Конститутсияи мо давлати иҷтимоӣ будани онро эълон доштааст, балки ин сиёсат, дар сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ҳамчун як хати сурх ва афзалияти муҳим муайян шудааст.

Комёбии дигари даврони истиқлол ин беҳтар намудани сохтори институтсионалии соҳаи иҷтимоӣ, сохтори идоракунии он, гузаронидани ислоҳот дар низоми идораи ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Ҳанӯз соли 1993 бо фармони Президенти кишвар Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар заминаи собиқ таъминоти сотсиалистӣ таъсис дода шуда, аз ин даврон марҳилаи ташаккул ва рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуруъ гардид.

- Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ин табақаи аҳолӣ кадом корҳо анҷом дода шудаанд?

- Дар ин давра метавон гуфт, ки 4 хона интернат, 4 муассисаи санаторию курортӣ, зиёда аз 10 марказҳои будубоши рузона, 6 маркази минтақавӣ, 1 пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ ва даҳҳо сохторҳои соҳавӣ дар сатҳи маҳал бунёд шудаанд. Дар  ин давра на танҳо аз ҷиҳати миқдор, балки аз лиҳози сифат низ мо ба якчанд комёбиҳо ноил гардидем. Хусусан, дар мавриди такмили шакл ва сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ мо комебиҳои назаррас ба даст овардаем.

Дигар аз дастовардҳои соҳа ин таъмини кафолатҳои  иҷтимоии давлатӣ ва имтиёзҳои маъюбӣ  мебошад. Тавре маълум аст, дар солҳои аввали истиқолият  норасоии маблағҳои буҷетӣ ба мушоҳида мерасид, камбизоатии аҳолӣ аз 80 фоиз бештар буда, мардум, бешак дастнигари низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  буданд. Дар он солҳо сари вақт таъмин намудани аҳолӣ бо нафақа, бозҳисобии андозаҳои нафақа, баланд бардоштани нафақапуливу кумакпулиҳо ва музди меҳнати кормандон, масъалаи муҳим ба шумор рафта, ҳалли саривақтии онҳо хеле душвор буд. Вале Ҳукумати кишвар ба мушкилиҳои иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоию сиёсӣ нигоҳ накарда, тавонист, ки низоми муътадили соҳаро нигоҳ дошта, минбаъд онро рушд диҳад.

Яке аз дигар  дастовардҳои даврони истиқлол ин тайёр намудани кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар дохили кишвар мебошад. То даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пойгоҳи тайёркунии мутахассисони соҳаи иҷтимоиро надошт. Аз ин рӯ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар чанд донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикстон кафедраи «Кори иҷтимоӣ» амал мекунад, ки ба тайёркунии кадрҳои зинаи таҳсилоти олӣ – менеҷменти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» машғул мебошанд.

- Дар 25 сол аз ҷониби Раёсати Шумо кадом барномаву консепсия ё лоиҳаҳо амалӣ гаштанд ва он ба кадом табақаи аҳолӣ таалуқ дошт?

- Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҷалби олимон, коршиносон ва бо дастгирии дигар вазорату идораҳо якчанд консепсия, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ таҳия ва тасдиқ шуданд.

Дар доираи татбиқи стратегияву консепсияҳои мазкур даҳҳо барномаҳои соҳавӣ таҳия гаштанд. Имрӯз барои татбиқи босифат ва самараноки низоми ҳифзи иҷтимоӣ, рушду нумуи минбаъдаи соҳа Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», «Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҶТ» таҳия гардида амал мекунанд, ки ин ҳама асосан барои беҳтар намудани зисту зиндагии аҳолии осебпазир, маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони овони кӯдакӣ ва оилаҳои камбизоат равона гардидаанд.

амкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятҳо имрӯз чӣ тавр ба роҳ монда шудаанд?

- Самти дигаре, ки дар даврони истиқлолият рушд кардааст, ин ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад. Имрӯз вобаста ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ дар ҷумҳурӣ даҳҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд ва онҳо барои нафъи мардум фаъолият мекунанд, ки ҳамоҳангии фаъолияти онҳо бар дӯши мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор мебошад.

- Дастгирии иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба маъюбон ва оилаҳои камбизоат имрӯз дар кадом сатҳқарор дорад?

- Яке  аз самтҳои асосии фаъолияти мо-ин дастрасии аҳолии осебпазир,маъюбон, оилаҳои камбизоат, кӯдакони маъюб, ветеранҳои ҷанг ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Имрӯз тибқи қарори дахлдори Ҳукумати ҶТ хизматрасонии тиббӣ ба ин қишри ҷомеа тибқи тартиби муқарраргардида ба таври имтиёзнок ройгон пешниҳод мешавад.

Хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо шуъбаҳо ва ё марказҳои хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъол мебошанд, дар доираи қонунгузорӣ онҳо ба роҳ монда шудаанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ агар беш аз 600 ҳазор нафақахӯр ба қайд гирифта шуда бошад, наздики 145 ҳазор нафари онҳо маъюб мебошанд.

Дар баробари ин, дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ба оилаҳои камбизоат кумакпулиҳои гуногуни иҷтимоӣ пардохт мешаванд. Тибқи қарори дахлдори Ҳукумати ҶТ ба оилаҳои камбизоат барои пушонидани хароҷоти қувваи барқ ва гази табиӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи давлатӣҷубронпулӣ дода мешавад. Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ механизми таҷрибавии пардохти кумакҳои иҷтимоии унвонӣ ба тариқи арзёбии ғайримустақими дороӣҷорӣ шудааст, ки дар 25 шаҳру ноҳияҳо амалӣ шуда истодааст. Ин аст ки мо аз шумораи оилаҳои дар минтақа буда, камбизоаттаринашро дарёфт намуда, ба рӯйхат мегирем ва барои бархурдор гардидан аз кумакпулиҳои унвонӣ, пешниҳод мекунем.

Хамин тариқ, давлат имрӯз барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоиву тиббӣ корҳои зиёдеро карда истодааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ЧТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки: «Таҷрибаи дусолаи ҳамгироии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонӣ ва таъину муқаррарсозии маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ, фаъолиятҳои муассисаҳои будубоши доимӣ ва тавонбахшии кўдакони маъюб натиљањои назаррас бахшид». Вале мо кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар оянда низ барои беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум, бахусус табақаҳои осебпазири аҳолӣ бояд саъю талош намоем, то ин мардум муҳтоҷи дигарон набошанд.

Мо кӯшиш мекунем, ки ҳуқуқҳои иҷтимоии мардумро  таъмин намоем.

- Барои беҳтар намудани вазъи  иҷтимоии аҳолӣ Шумо кадом корҳоро дар оянда амалӣ карданиед?

-Мо дар оянда низ кӯшиш мекунем, ки дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди миллии ҶТ» барномаҳои иҷтимоии дахлдорро таҳия намоем. Албатта,  ин пеш аз ҳама, барномаҳои вобаста ба соҳаи иҷтимоӣ барои 5-10 соли оянда мебошад. Дар доираи таҳияи стратегияи дурнамои рушди соҳаи иҷтимоӣ, мо тасмим гирифтаем, ки соли 2016 якчанд барномаҳоро таҳия ва пешниҳоди Хукумати ҷумҳурӣ  намоем. Яке аз самтҳое, ки мо бояд баҳри он кӯшиш намоем, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Хусусан, бояд бо аҳолии камбизоат шахсони дорои имконияташон маҳдуд кор бурд, то онҳо аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд. Вақте шахс маърифати ҳуқуқии баланд дорад, вай метавонад тамоми ҳуқуқҳои худро талаб намояд ва барои зиндагии арзандаи худ талош намояд ва ба корҳои фоиданоки ҷамъияти машғул гарданд.

Мо дар соҳаиҳифзи иҷтимоӣ бояд кадрҳои соҳибихтисосро бештар  намоем Барои  ин  вазорат курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандонро мунтазам ба роҳ хоҳад монд. Яке аз дигар самтҳое, ки имрӯз давлату ҳукумат ба он таваҷҷуҳ доранд, ин ба шуғли доими фаро гирифтани аҳолии камбизоат ва маъюбон (вобаста ба қобилияти кориашон) мебошад. Ҳар як шахс бояд вобаста ба имкониятҳояш мавқеи худро дар ҷомеа дошта бошад, худро узви комилҳуқуқ донад ва баробар бо дигарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намояд. Ва мо кӯшиш мекунем, ки дар ин самт барномаҳои заруриро таҳия карда, пешкаши мардум намоем.

Таҳияи Лайло Қосимова, АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1