МИЗОНИ БОЛОИ ФАСОД ДАР БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН
Ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон аз фасодзадатарин сохторҳои молии ин кишвар арзёбӣ шудаанд. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси назорати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 9 декабр, дар як конфаронс дар иртибот ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар бонкҳои ин кишвар 59 мавриди фасод ошкор шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Саидов, танҳо кормандони бонк дар ноҳияи Мастчоҳ, дар шимоли Тоҷикистон ба миқдори 1 милюну 660 ҳазор сомониро ба сирқат бурдаанд. Ӯ таъкид кард, ки мавориди истифодаи ғайримуассир аз маболиғи бонкӣ ва сирқати онҳо дар бархе аз бонкҳои навоҳӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон ифшо гардидааст. Гуфта мешавад, умдатан маболиғе, ки барои бахшҳои иқтисодию иҷтимоъӣ, бо шумули кумакпулии бознишастагону маълулон аз будҷаи давлатӣ тахсис мешавад, ба сирқат рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, ширкаткунандагони конфаронс иброз доштанд, ки ҳамакнун фасод чун саратон бештари ниҳодҳо ва сохторҳои Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи дуктур Абдулвоҳид Шамолов, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон мизони фасод дар сохторҳои қудратӣ, бахусус, ниҳодҳои интизомӣ, марзбонӣ ва гумрукӣ дар ҳоли афзоиш будааст.
Дуктур Шамолов гуфт, тибқи пажӯҳише, ки Маркази мутолеъоти истротежии Тоҷикистон дар шаш гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва панҷ гузаргоҳи марзии Афғонистон дар соли гузашта анҷом шудааст, ронандагони комюнҳо, тоҷирон ва мусофирон аз мавориди фаровони фасоду ришвахорӣ дар ин гузаргоҳҳо шикоят кардаанд. Дар гузориш омадааст, ки бархе аз кормандони гумрук бо дарёфти ришва арзиши колоҳои комюнҳоро поин аз арзиши воқеъии онҳо сабт карда ва ба ин васила тоҷир аворизи гумрукии камтар пардохт мекунад.
Дар натиҷа маболиғи камтар ба будҷаи давлат ворид мешавад. Дуктур Абдулвоҳид Шамолов гуфт, ки бар асоси ин гузориш Ожонси назорати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва сохторҳои масъули дигари ин кишвар барои ислоҳи вазъи мавҷуда дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон тадобиреро рӯйи даст гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Заҳира Виранӣ, муъовини раиси кишварии барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки бо вуҷуди талошҳои давлати Тоҷикистон мизони фасод дар ин кишвар ҳамчунон зиёд боқӣ мондааст. Зимнан, бар асоси шохиси мизони фасоди созмони Шаффофият ё “Transparency International” Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар миёни 180 кишвари ҷаҳон аз лиҳози мубориза бо фасод дар зинаи 158 қарор гирифтааст. Дар соли 2008 мавқеъи Тоҷикистон дар шохиси мушобеҳи ин созмон 7 зина болотар буд.
Сайфулло Сафаров, муоъвини раиси Маркази мутолеъоти истротежии Тоҷикистон мизони болои фасодро аз мавонеъи аслӣ дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Сафаров бахши хусусӣ ва пружаҳои мухталифи давлати Тоҷикистон ба сармояҳои хориҷӣ шадидан ниёз доранд.
Ширкаткунандагони конфаронс таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо фасод дар назди раёсати ҷумҳурӣ ё порлумони Тоҷикистонро аз ҷумлаи намояндагони ботаҷрубаи сохторҳои қудратӣ, аҳзобу созмонҳои ғайридавлатӣ ва ақшори мухталифи ҷомеаи ин кишвар аз роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз густариши фасод дар Тоҷикистон унвон карданд.
Би-Би-Си