03:31:26 20-уми Сентябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сафири ИМА: «Расми хуби тоҷикон»-ро фаромӯш нахоҳам кард!

Дӯстони азиз!

Ман бо ҳиссиёти гарон ин кишвари зеборо тарк мекунам. Муддати якуним сол гузашт, аммо дар назар чунин менамояд, ки дируз ба ин ҷо омадам. Ман ба ин халқу миллат барои пазироии гарму ҷушон изҳори сипос менамоям, зеро ба туфайли меҳмоннавозии шумо ман худамро инҷо гӯё дар хонаи худам эҳсос мекунам. 

1 safiri ima 584554112

Кишвари шумо бисёр ҳам кишвари зебост, забону фарҳанги шумо бою ғанӣ мебошанд, ва он чизе ки ман ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳам кард – меҳмоннавозии беандозаи шумост. Барои ман сафар ба Тоҷикистон басо мушкил буд. Шавҳарам нобаҳангом вафот кард ва ман панҷ фарзанду набераҳои дуструякамро дар тарафи дигари сайёра мондам, ва маҳз ҳамин меҳрубониҳо, саховатмандӣ ва ғамхориҳои шумо буд, ки ман дар кору фаъолиятам муваффақ гаштам. Чӣ тавре, ки шоири бузурги шумо Мирзо Турсунзода мегуяд: «Расми хуби тоҷиконро гум макун». Ман, бешубҳа, фаромуш нахоҳам кард.

Ман ифтихор аз он мекунам, ки ҷузъи он корҳое будам, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд. Дар давоми 18 моҳ мо ба натиҷаҳои назаррас дар мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳо дар доираи платформаи С5+1 ноил гардидем, ки ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва ИМА имконияти ҳамкории  муштарак оид ба масоили манфиати умумидошта пешниҳод намуд. Мо 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қайд намудем, ки ба мо имконият медиҳад, то ба муваффақияти пешрафти худ дар натиҷаи ин шарикӣ баҳо диҳем. Ман ҳамроҳи бонувони деҳқон  қулфинайро ҷамъоварӣ намудам, ки ҳангоми гузаронидани курсҳои омузишӣ оиди тиҷорат ва кору савдо аз ҷониби ЮСАИД гузаронида шуд, ба вуқӯъ пайваст.

Ин курсҳои омузишӣ барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии оилаҳояшон манфиатнок буданд.  Ҳамчунин ман масъули маросими интиқоли кумаки ҳарбиёни Амрико ба сарҳадбонони Тоҷикистон будам, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон нақши азиму муассир дорад. Бо бисёре аз донишҷӯён вохурдам, ки бо шавқи беандоза забони англисиро дар Гӯшаҳои Aмрико ва тавассути барномаи ACCESS меомузанд. Суҳбатҳои тулонӣ ва хотирмони ман бо ҷавондухтарони варзишгар, соҳибкорон, рӯзноманигорон, намояндагони расмии ҳукумат, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба ба ИМА сафарбар карда шуданд, аз он ёдоварӣ мекунанд, ки муносибатҳо байни одамон, асоси муносибатҳои дуҷониба мебошанд. 

2 safiri ima 584554112

Ман ифтихор аз он дорам, ки дар чунин муддати кутоҳ тавонистам корҳои зиёдеро ба анҷом расонам. Дар Панҷакент оши палави беҳтаринро чашидам, аз оромгоҳи Абӯабдулло Рудакӣ дидан намудам, дар хонаҳои бадахшонӣ ҳамчун меҳмон мезистам, оби чашмаи Носири Хусравро нӯшидам, қурути Панҷшанбе бозори Хуҷандро чашидам, Чилучорчашмаи вилояти Хатлонро зиёрат намудам, бо ҳамроҳии деҳқонон ҳосилро ғундоштам, дар бозори Корвон матоъеро харидорӣ намудам, аз меваю сабзавоти бозори Шоҳмансур лаззат мебурдам, ба куҳҳои Фону Помир сафар намудам, ба мусаввараҳои рӯи лойи Лангар даст расондам, суманакро дар даруни дег мекофтам, бозии бузкаширо тамошо кардам ва ин руйхатро метавон идома дод. Пас аз ба Вошингтон баргаштан, ман ба ҳама дар бораи муҷизаҳои кишвари шумо нақл хоҳам кард.

Барои ман ифтихор аст, ки бо бисёре аз шумо шинос шудам ва риштаи дустӣ пайдо намудам. Ҳамчунин хеле шод аз онам, ки бо ҳамкоронам дар Сафорат паҳлу ба паҳлу кору фаъолият намудам ва аз онҳо оиди фарҳанги миллаташон бисёр чизҳоро омухтам. Ман бо онҳо дар ҷашни Навруз рақсу бозӣ кардам, меҳмони хонадони онҳо будам, дар фурсатҳои дарду ғам бо онҳо мегиристам. Ман бисёр хушҳол аз онам, ки онҳоро дусти худ хонда метавонам ва онҳоро пазмон мешавам.

Дар охир иҷозат фармоед қайд намоям, ки ман ҳамдарди тақдири он занони тоҷик мебошам, ки аз ҳамсаронашон ҷудо ҳастанд. Ҳамчун зане, ки ҳамсари худро аз даст додааст, ман душвориҳое, ки ба сари шумо омадаанд амиқ эҳсос мекунам. Ин он занони қаҳрамонанд, ки на танҳо оилаҳояшонро дастгирӣ мекунанд, инчунин ба соҳибкорӣ машғул мешаванд, аз ӯҳдаи чандин корҳо мебароянд, то ки барои тандурустӣ ва таҳсили фарзандонашон маблағ дастрас намоянд. Ин беҳтарин сармоя аст барои рушди ояндаи давлату миллат. Занони боирода метавонанд оилаҳои солим, ҷомеаи солим ва давлати абарқудратро барпо намоянд. Бори дигар ба ҳамаи шумо барои пазироӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос менамям. Худо ҳофиз, ва иди Қурбон муборак!

 Маълумот дар бораи муаллиф: Элизабет Миллард ба ҳайси Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2016 то 30-юми августи соли 2017 кору фаъолият намуд. Ба наздикӣ дафтари Котиби давлатӣ Тиллерсон  ба Сафир Миллард вазифаи сармутахассиси хизмати давлатии дипломатиро пешниҳод намуд, ки масъули масъалаҳои вобаста ба амалӣ намудани сиёсати хориҷии ИМА ва пешбурди манфиатҳои ИМА дар Аврупо ва Авросиё дар Департаменти давлатии ИМА мебошад. Чанде пеш ӯ дар Вошингтон дар ҳайяти кормандони котиб Ҷон Керри кор мекард. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси муовини Сардори намояндагии дмпломатӣ дар Остонаи Қазоқистон ва сармуттахассиси консулии генералӣ дар Касабланкаи Морокко адои хизмат намуд. Хонум Миллард фарзанди намояндаи расмии Ташкилоти байналхалқии тандурусӣ буда, дар хориҷа ба воя расидааст ва дар макотиби давлатҳои Дания, Шветсия ва Тунис таҳсил намудааст. Ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Женева идома додааст, хатмкунандаи Мактаби иқтисодии Лондон ва Мактаби таҳқиқоти байналмилалии муосири ба номи Ҷон Хопкинс мебошад. Хонум Миллард ва ҳамсараш соҳиби панҷ фаразанд ва шаш набера мебошанд, ва небари ҳафтумашонро моҳи сентябр интизор ҳастанд. Дар вақти холӣ ӯ пухтупаз, варзиш, хондан ва мусиқӣ гуш карданро дуст медорад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1