05:35:10 24-уми Июни 2025 сол

ҶИЛАВГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ ҲЕРУИН БА ЧИН

Маъмурони Идораи гумруки Тоҷикистон барои нахустин бор аз қочоқи ҳудуди 1,5 килуграм ҳеруин ба Чин ҷилавгирӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки то ба ҳол дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон аз мавориди талоши қочоқбарон барои интиқоли маводди мухаддир ба Русия, Туркия ва Қазоқистон ва ҷилавгирӣ аз онҳо гузориш мешуд.

 

Вале кӯшиши интиқоли ин мавод аз Тоҷикистон ба Чин бесобиқа будааст. Ба ин далел ҳадс зада мешавад, ки қочоқчиён шояд масири ҷадиде барои интиқоли маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷиро пайдо кардаанд. Масъулони маркази матбуъотии Идораи гумруки Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзи панҷшанбеи 10 декабр аз ду мусофири хатти сайри Душанбе-Урумчӣ як килуграму 400 грамм ҳеруин кашф ва мусодира кардаанд.

 

Гуфта мешавад, ки Дилбар Қурбоноваи 43-сола ва Зарина Ҳайдароваи 41-сола, ду тоҷири маҳаллӣ, талош доштанд дар ҷисмҳои худ ин миқдор ҳеруинро паноҳ карда ва ба Чин бубаранд. Манобеъи Идораи гумруки Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи омодагии ин ду тоҷир барои қочоқи маводди мухаддир иттилоъе дар даст доштанд ва зимни бозрасӣ аз онҳо дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ин миқдор ҳеруин ёфт шудааст.

 

Ҳоло алайҳи ин ду хонум ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти муқаддамотӣ оғоз шудааст. Вале масъулони Идораи гумрук мегӯянд, ки бо боздошти ин қочоқбарон, онҳо ин ду хонумро аз ҳукми эъдом дар Чин наҷот додаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, қавонини Чин барои қочоқчиёни маводди мухаддир ҳукми эъдомро пешбинӣ кардааст. Дар Тоҷикистон маъмулан ин афрод то ба 7-8 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

 

Ба гуфтаи коршиносон, боздошти ин ду хонум бо маводди мухаддир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки масири ҷадиде барои интиқоли маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Чин фаъол аст ва масъулони ниҳодҳои интизомӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз густариши он тадобире рӯйи даст бигиранд. Ба эътиқоди онҳо, тақвияти назорат дар масирҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия ва Қазоқистон гурӯҳҳои қочоқчиро бар истифода аз масирҳои ҷадид, аз ҷумла тавассути қаламрави Чин, водор месозад.

 

Гуфта мешавад инитқоли маводди мухаддир аз Чин ба Русия содатар ба назар мерасад, зеро маъмурони гумруки Русия чунин эҳтимолро баъид медонанд. Ин дар ҳолест, ки куллияи мусофирони тоҷике, ки озими Русия мешаванд ва ё колоҳое, ки аз Тоҷикистон ба ин кишвар ворид мешавад, таҳти назорати шадиди ниҳодҳои интизомии Русия қарор мегиранд.

 

Дар соли ҷорӣ ҳамчунин мавориди зиёди ҷалби атбоъи хориҷӣ ба қочоқи ҳеруин аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, чанд табаъаи Филиппин, Ниҷериё ва Русия зимни интиқоли ҳеруин ба шаҳрҳои Русия ва Туркия боздошт ва муҷозот шуданд.

 

Тибқи омори расмӣ, аз авоили соли ҷорӣ то кунун аз сӯйи куллияи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ҳудуди чаҳор туну 200 килуграм маводди мухаддир, аз ҷумла беш аз як тун ҳеруин кашф ва мусодира шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1293-jilavgiri-az-kochoki-geroin-ba-chin.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ