20:30:32 16-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз беоб мемонанд

Шаҳрдории Душанбе дар бораи қатъи оби нӯшокбӣ дар баъзе манотиқи пойтахти кишвар хабар дод. Дар қарори шаҳдори пойтахт Рустами Эмомалӣ омадааст, ки бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури қутраш 900 мм, воқеъ дар кӯчаи Карамов интиқоли оби нӯшоки ба чанд навоҳии шаҳр муваққатан маҳдуд мешавад.

ob 54545545Аз ҷумла дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ (маҳаллаи Гулистон, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Ҳ.Ҳакимзода, Карамов (аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ.Шерозӣ), Фирӯз, С.Ғанӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Шаҳрчаи тандурустӣ ва Боғи Ирам) интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳамин муддат қатъ карда мешавад.

Ҳамчунин интиқоли оби нӯшокӣ ба хотири пайваст намудани шоҳқубур дар ноҳияи Сино (маҳаллаҳои 11, 12, 13, 14, 15, 15а, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1, Зарафшон 2, Испечак 1, Испечак 2, Испечак 3, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Али Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло, Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон 1, Қазоқон 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав ва кӯчаи Бобо Ҳамдам) аз соати 23:00 рӯзи 14 август то соати 23:00 15 августи соли равон мутаваққиф мешавад.

Дар банди сеюми қарор раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор карда шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Аз сӯйи дигар раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi