20:00:22 07-уми Июни 2025 сол

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои бунёди марказҳои ташхису табобат дар Хатлон

Дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд дар Хатлон мақомоти ин вилоят бо ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд. Бино ба гузориши манбаъ мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан ва ҳамроҳонаш дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир шудааст.

tabobat 54454545Ҷонибҳои зикр кардаанд, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин амал менамояд, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷалолиддини Балхӣ марказҳои ташхису табобат мавриди истифода қарор гирифтанд ва онҳо бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз гардонида шуданд.

Намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии Мардумии Чин Дан Зан барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ ба раиси вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, иброз доштааст, ки ки онҳо омодаанд ин марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд намуда, барои таъмин намудани марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассисони маҳаллиро омода намоянд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854