17:34:06 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ду нафар дар як ниҳоди Вазорати кишоварзӣ 96403,55 сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷинояти сармуҳосиб ва муҳосиби Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъизироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» - и Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон барои ғайриқонунӣ ва бо асноди тақаллубӣ аз худ кардани маблағи 96403,55 сомонӣ хабар додааст.

saman 54562112Агентӣ иттилоъ додааст, ки Қушоқова Мавлуда Сафаровна – сармуҳосиби Муассисаи давлатии«Комиссияи давлатии озмоиши навъизироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизатинавъҳо» - и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳату машварати пешакӣ бо мусоҳиби муассисаи мазкур Манижа Маҳмадшоевна аз моҳи январи соли 2017 то моҳи майи соли 2019 дидаву дониста ба асноди расмӣ маълумоти бардурӯғ ворид карда, аз ҳисоби бастаҳои холӣ (вакантҳо) варақаҳои музди меҳнати электрониро сохтакорона тағйир дода, 96403,55 сомониро аз худ кардаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар айни замон нисбати Қушоқова М.С. ваМаҳмадшоева М.В. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ ҶумҳурииТоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi