20:08:33 07-уми Июни 2025 сол

Оғози Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар

То 30 июни соли равон дар Тоҷикистон 5 ҳазору 888 нафар ҳамчун нашъаманд сабти ном шудаанд, ки 128 нафари онҳо занон мебошанд. Зиёда 4 ҳазор нафар аз ҳисоби умумии нашъамандон афроде мебошанд, ки маводи мухаддирро бо усули тазриқӣ истеъмол мекунанд.

2 majlis 121254Дар Китобхонаи миллии Тоҷикисон Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар бо ширкати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оғоз ба кор кард. Дар ҷаласаи муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, аъзои Шӯро аз ҷумлаи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои мамлакат ва мутахассисон ширкат доранд.

Қарор аст то анҷоми кор Шӯро сари се м асъалаи калидӣ баҳс кунад: таҳлили вазъим нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва тадобири пешгирии он, вазъи густариши Вируси норасоии масъунияти одам, маълумот дар мавриди иҷрои қарорҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистифодаи маводи нашъадор аз 12-уми феврали соли 2019.

1 majlis 121254То ин лаҳзаҳо дар масъалаи аввал Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода суханронӣ кард ва вазъи нашъамандӣ дар кишварро мавриди таҳлил қарор дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа атрофи масъалаи дуюми ҷаласа изҳори назар намуд.

То 30 июни соли равон дар Тоҷикистон 5 ҳазору 888 нафар ҳамчун нашъаманд сабти ном шудаанд, ки 128 нафари онҳо занон мебошанд.

Зиёда 4 ҳазор нафар аз ҳисоби умумии нашъамандон афроде мебошанд, ки маводи мухаддирро бо усули тазриқӣ истеъмол мекунанд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854