20:20:19 07-уми Июни 2025 сол

Таҷлили 25 соли таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

25 сол пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид. Ва имрӯз ба ин муносибат дар толори маҷлиси ниҳод ҷаласаи тантанавӣ доир шуд. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар остонаи ҷашн аз заҳматҳои ҳамкоронаш дар таҳкими қудрати Кумита дар пешгириву бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ситоиш кард. Аз собиқадорон ёд намуд, саҳмашонро дар ташаккули Кумита созанда арзёбӣ намуд. Аз ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ситоиш кард, ки як сабаби таҳкими пояҳои моддӣ-техникии Кумита шудаанд. Ва ба пешсафону хидматкардагон ҷоизаҳои идоравӣ тақдим намуд.

kumita 45451245Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси идораи наҷоти кишвар баргузор гардид, ки дар он роҳбарони Кумита, ҳайати шахсии гарнизони шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Дар маҷлис Раиси Кумита генерал – лейтенант Рустам Назарзода суханронӣ намуд. Вай аз ҷумла гуфт: “Дар остонаи ҷашни касбӣ – биступанҷумин солгради таъсиси Кумита мехоҳам ба шумо барои корҳои шоиставу азиме, ки ҳамарӯза барои наҷоти ҷони инсонҳо анҷом медиҳед, изҳори сипосу қадрдонӣ кунам. Шумо ҳаёти як нафарро наҷот надодаед, балки шумо ба одамони зиёде кумак кардаед ва ба шарофати ҳамин заҳамоти хоришикани шумо, ҷасорату талошҳои шумо КҲФ такмил меёбад ва аз рӯз ба рӯзи дигар нумӯ мекунад. Кори наҷотдиҳанда ин дар воқеъ касби мардист, ки арзиши сипосу эҳтиром дорад. Аз самими дил бароятон нерӯи бепоён ва комёбиҳо дар ҳадафҳои тарҳрезишуда таманно дорам!”

Дар суханронии худ Раиси Кумита аз собиқадорон ёд кард ва заҳамоти онҳоро қобили арзиш хонд ва гуфт, ки саҳмашон дар ташаккули Кумита беназир аст.

Ҳамчунин сарвари Кумита дар ин суханрониаш ба ҳамкориҳои созанда бо созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуд, ки имкон дод пояҳои моддиву техникии Кумита таҳким, донишу маҳорати кормандои КҲФ такмил ёбад.

Дар ҷаласаи тантанавӣ ҳамчунин як қатор кормандон барои натиҷаҳои хуби кориашон бо мукофотҳои идоравӣ ва медалҳои ҷашнӣ мушарраф гардонида шуданд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854