07:02:09 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тасарруфи бештар аз як миллион 422 ҳазор сомонӣ аз ҷониби як соҳибмақоми суғуртаи иҷтимоӣ

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасарруфи бештар аз 1 миллиону 422 ҳазор аз ҷониби як корманди масъули таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод.

somoni 4454555Дафтари матбуотии ин ниҳод дар хабаре, ки ахиран расонаӣ кардааст, мегӯяд ин бону Боқиева Зарина Ҷамахоновна ном дошта, дар вазифаи муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фрдавсии шаҳри Душанбе кору фаъолият мекард.

Хонум Зарина Боқиева дар давоми фаъолияти кориаш дар солҳои 2016- 2018 ва 4 моҳи аввали соли 2019 бо роҳи сохтакорона тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами аснодҳои нафақавӣ ба воситаи 11 адад корти бонкии нафақавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 1.000. 422,84 (як миллиону чорсадубисту се) сомонӣ маблағҳои буҷетиро тасарруф намудааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар айни замон нисбати Зарина Боқиева ва афроди дигаре, ки эҳтимолан дар ин амалҳо шариканд, бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 323 ва 340 қисми 2 бандҳои «а» ва «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки маблағи 1 000 422,84 (як миллиону чорсаду бисту се) сомонии тасарруфшуда рӯёнида шуда, пурра ба буҷа барқарор карда шудааст.

Тафтишот идома дорад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi