21:20:26 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

МАРД НАМИРАД БА МАРГ…

Сугворӣ

Ёди марзбони шуҷоъ ва майҳанпарасти асил

«Ба пирӣ мерасад хори биёбон,

Вале гул гар ҷавон гардад,бимирад”

Шабохуни марг              

1 sadriddin 1245Боз баҳори ғаму андӯҳ чу се сол қабл ба ин оилаи ҳамидахисолу дардбардори мардум фаро расид. ”Марг завқу маҳорати фавқуллода баланд дорад,беҳтаринҳоро аз байни мо мебарад”. Ин иқтибоси Иоган Волфганг Гёте моро каме тассалӣ медиҳад,ки дунёи охират беҳтаринҳоро гулчин мекунад.Вале бори андуҳи марги фарзанд барои волидон басо вазнин аст. Боз ҳам сухани Бобои Шабдол “Худованд ранҷро бар муъминони поктинат раво мебинад” ёдрас мешавем.Эҳсосоти андуҳ чанд ҳафта боз садди роҳи андешаҳоям ҳастанд.Аммо дӯстони хонавода,садҳо нафар ҳамхизмтҳои Садриддин (Руҳаш шод бод!) маро водор карданд.ки зиндагиномаи ба чандумри инсон баробари Садриддинро ба наслҳои баъдӣ гушрас намоям...

Садоқат,мардонагӣ,ҳамраъӣ,поктинатӣ,нафси мурда,шавқи беишрат Ва ...тану (Ватан)ҷони солим..Ин “Формула”-рамзи Ватан ва Тандории Садриддин буд.Харитаи камолоти ӯ низ чор бурҷи Тоҷикистонро куллан фаро мегирад. Дар Хоруғ чашм ба олам кушод,дар шаҳри Шаҳритус қадам ба синфи аввал ниҳод, дар ноҳияи Панҷ занги охирини мактаб шуниду дар шаҳри Душанбе дипломи хатми донишгоҳ гирифт. Гармии Шаҳритус гармии меҳри Ватан,сардии Хоруғ дилсардӣ ба зиштрафторӣ ва рӯди Панҷ хуруши неруи ақлонию ҷисмонии уро обутоб дод. Ӯ Хоруғ,Шаҳритус, Бохтар, Панҷ ва куллан Тоҷикистонро дӯст медошт. Барои Садриддин калимаи “хизмат” фалсафаи “ибодат” ба халқ маъано дошт.Ба ин хотир ҳам марзбон шуд. Хати марзи кашидаи мактаби тарбияи оилаи Ниёзмамадовҳо мушахас буда,ба таҳрир ниёз надошт.Аз ин лиҳоз ҳам фарзандонашон Амриддин, Садриддин, Мадина,Лола,Наргис хати марзи кашидаи волидонро тахаллуф намекарданд. Лекин барои интихоби касб,вазифа, ҳамсар мустақил буданд. Садриддин бо одоби намунавӣ аввал мактаби миёна ва сипас Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.Соли 1989 ба Садриддин тамоми дарвозаҳои интихоби вазифа,касб боз буданд. Ҳатто ёд дорам одамон кӯшиш мекарданд,ки писари Котиби якуми комитети партиявиро, яке аз қудратмандтариин мансабдори даврро ба кор гиранд. Аммо Садриддин ихтиёрӣ ба хизамити ҳарбӣ рафт. Соли 1994 марзи Тоҷикистону Афғонистон сангари доғи ҷанг бо силоҳбадастон, қочоқбарон ва интиқолкунадагони силоҳ буд. Моҳи феврали ҳамон сол дар марз 67 нафар марзбон дар марзи Ҷануби ИДМ ҳалок гардиданд.

Вохурӣ ва шиносии мо бо Садриддин бори аввал дар даҳлези утоқи кории сардори Отряди фаврии Хоруғ (ОВО) Игор Харкавчук доир шуд. (Генерал-майор Игор Афанасьевич Харковчук 11 апрели соли 2008 дар шаҳри Воронеж дар синипи 57 солагӣ даргузашт.Игорь Афанасевич афсари интернатсионалист, барои пирӯзиҳо дар амалиёти ҳарбии Афғонистон соли 1984 бо ордени “Ситораи Сурх” қадр гардида буд.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Афанасьевич ба ҳайси сардори ситоди отряди сарҳадии Москва, фармондеҳи отряди сарҳадии Панҷ ва Хоруғ бо дилгамӣ ва самимият ёд мекунанд.Барои таъмини хуруҷи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон бо ордени "Байраки Сурх” мукофотонида шуд.Дар Бадахшон барои дилсӯзӣ ба мардум,хайркорӣ Харкавчукро “Кавекаси нав мегуфтанд). Тибқи нақша мо кормандони нашрифти “Помтир” ману Қурбон Аламшо, Ато Мирхоҷа ва ёрдамчии сардори отряди Хоруғ Севиридов ба дидбонгоҳои марзии самти Хоруғ Дарвоз сафар доштем.Ҳамзамон мо китоби тозанашри Игор Харкавчук “Сарҳадбонон ва сокинони Помир” (“Погрничники и жители Памир” Нашриёти “Пайванд”. Душанбе 1994) муаррифӣ менамудем. Роҳнамоии гуруҳ ба зиммаи Садриддин Ниёзмамадов гузошта шуда буд.Аслан ӯ бо вазифаи хидматиаш ба ин самт сафар дошт. Садриддин табаитан камгап вале дар омади гап ҷавобҳои оқилон мегадонад ва дар суҳбати ӯ ҳарфи зиёдатӣ набуд.Яке аз ҳамсафарони мо зуд насабномаи хешу табориашро бо Садриддин ҳикоят кард.Дар асл ҳам пешдодиёни Шабдоловҳо (Бобои падарии ӯ)ва Азизбековҳо (Боби модарии Садриддин) қадимтарин бунаи Хоруғ буданд.Ин ду авлод дар саргаҳи таърихи панҷсадсолаи сулолаи зиёини босаводи Бадахшон меистоданд. Насабномаи ҳамсафари мо торафт асабхарош мешуд.Садриддин сохтакорӣ ва нишон додани вонамуди сунъиро бад медид.Барои ин ба суҳбат бо ду ҷумла нуқта гузошт:

-Бародари азиз,мо дар ҳақиқат ҳам хеши наздик ҳастем.Ҳар ду аз авлоди Одам ва Момоҳаво ҳастем ҷиддӣ гуфт Садриддин.

Пас за анҷоми хидмат Садриддин метавонист ба ҳаёти озоди мулкӣ гузарад.Дар оилаи Ниёзмаммадовҳо, чӣ хеле ки дар боло зикр кардем, “диктатура”и оилавӣ набуд.Шавқу ҳавас ва тамоили касбии фарзандон дар мадди аввал меистод. Пас аз воқеаи августии соли 1996 дар марз, ки боиси ҳалокати се нафар марзбонон гардид,волидон нахостанд аз ояндаи хизмати Садриддин гап кушоянд.Дар он задухурд Садриддин бори аввал мукофоти Сипосномаи Неуруҳои марзбони Россия дар Тоҷикистон гирифт.Садриддин 18 август барои озмуни довталабони таҳсил дар Москва ариза навишт.Баъди пирӯзи дар интихоби даври дуюм дар шаҳри Душанбе волидонаш аз нияти марзбони доимӣ шуданаш огоҳ гаштанд. Воқеан таҳсил ба шакли фаврӣ дар Институти сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Россия осон набуд. Интихоби довтлабон ба ин муассиса аз пазириш ба Академияи ҳарбии сарҳадии Москва мушкилтар буд.Институт таҳсилоти олии касбии федералии марзбонӣ, яке аз қадимтарин муассисаҳои таълимии ҳарбии Хадамоти марзбонии Русия мебошад.Аз байни 348 нафар Садриддин курсант интихоб шуд. Пас аз хатми Институт ба минтақаи мушкилтарини он давр Ҷануби Тоҷикистон баргашт.Соли 2000 дар марзи ноҳияи Дарвоз,Шуғнон задухурдҳои хунин авҷ гирифтанд. Ба ҳамин мақсад Хадамоти марзбонии Федеролии Россия гуруҳи махсуси фаврӣ дар марзи Афғонистон таъсис дод.Садриддин Ниёзмамадов акнун ба ҳайси афсари рутбадор бо тавсияи Хадамоти Федролии марзбонии Россия муовини роҳбари гурӯҳи махсус таъин гардид.Гуруҳ дар 123 амалиёти низомии марзӣ ширкат варзид.Аз ҷумла дар набард бо қочоқбарон ва силоҳбдастон дар дидбонгоҳи марзии Зиғар, Қалъаихум, Пшихрав рахнаи марз пешгирӣ шуда,18 нафар қочоқбарони силоҳдор бо маводи мухадир боздошт шуданд.Дар мавриди яке аз муҳорибаҳо подполковник Алексей Попов, собиқ аъзои гуруҳ он вақт лейтнант дар тамоси телефонӣ чунин гуфт:

2 sadriddin 1245-Ман аз марги нобаҳангоми Садриддин Алимамадович хел андӯҳгин шудам.Лутфан ҳамдардии маро ба аҳли оилааш расонед.Дируз аз шаҳри Балашиха ҳамхизматҳо занг зада гуфтанд.Баъди соли 2004 мо дигар бо Садриддин дучор нашудем.Охрин бор дар деҳаи Қалъаихум ҳамроҳ супориш фаврӣ иҷро мекардем.Садриддин дар гуруҳ муҳимтарин афсар буд.Ӯ ҳамаи маҳалаҳои Бадахшонро медонист.Бо чанд забон ҳарф мезад.Дар ягон амалиёт ақибинишинӣ намекард.Ва ҳамеша мегуфт.”Ман ҳар сангу хамгашти ин диёрро медонам”.Мо аз нотарсӣ ва ҷасорати ӯ ҳама вақт дар хавотир будем. Моҳи маи Соли 2018 мо собиқ афсарони гуруҳ иборат 16 нафар дар қайди ҳаёт буда, дар шаҳри Балашиха ҳамоиш доир кардем.Мутасифона Садриддин мусибати хонаводагӣ дошт.Модараш вафот карданд.Аслигул Азизбекова низ хидматчии марзбонӣ буд.Ман ширчойхуриро дар хонаи онҳо дар шаҳри Хоруғ ёд гирифтам.Ӯро мо ҳама бо эҳтиром “Модари сарҳадчӣ” мегуфтем.

Вале вохурии моҳи июни соли 1995 бо Садриддин ҳеҷ гоҳ аз ёди мо намеравад.Соли 1994 бо иқдоми нашрияи “Фарҳанги Бадахшон” ва нашриёти “Помир” нахустин дуконҳои китоб,маҷалаву газетфуршӣ бо дастгири Раиси ВМКБ Алимамад Ниёзмамадов дар шаҳри Хоруғ ташкил гардиданд. Алимамад Ниёзмамадов ба рушди матбуоти маҳалӣ,маънавиёт ҷиддан муносибат мекард.Маҳз нашрияи “Фарҳанги Бадахшон” осори класикони адабиёт аз тариқи нашриёти “Помир”, таҷдиди техникии телевизиони “ТВ Бадахшон”аз зумраи барномаи рушди маданияти вилоят буданд. Моҳи май тамоми мардум ба сафари расмӣ ва дидор бо Имоми Замон Мавлоно Шоҳкарим Ал Ҳусайнӣ омодагӣ медид.Нашриёи “Помир” ва нашрияи “Фарҳанги Бадахшон” ягона созмонҳои ғайридавлатии ВМКБ буданд.Раиси вилоят Ниёзмамадов барномаи Намоишгоҳи маҳсулоти муассисаҳои ВМКБ ро дар ситоди вилоятӣ дида гуфт:

- Барномаҳои шабакаҳои Оғохон ғайритиҷоратӣ ва ғайридавлатӣ мебошанд.Мо бояд маҳсулоти онҳоро бештар муаррифӣ кунем. Мо чиро пешниҳол карда метавонем?

- Агар дар паҳлуи дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти нашриёти “Помир” монем,ҷолиб хоҳад буд,пешниҳод кард Директори ТҶ “Милал Интер” Боймаҳмад Алибахшев.

Раиси ВМКБ Ниёзмамадов барои мо 1 ҳафта муҳлат дод.Директори нашриёт Қурбон Аламшо ва ману Ато Мирхоҷа аз китобхонаи вилоятӣ рафҳо,аз отряди сараҳдӣ ҷевонҳои нав ба иҷора гирифтем.

Намоиши маҳсулоти нашриёти “Помр” писанди умум гардид.Муовини раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон Қозидавлат Қоимдодов, Раиси вилоят Алимамад Ниёзмамадов Мавлоно Ҳозиримомро ба намоишгоҳ бурданд.Профессор Парвона Ҷамшедов ба ҳайси тарҷимон сарвати маънавии Помирро муаррифӣ кард.

Акнун пас аз анҷоми чорабиниҳо амволи иҷорагирифтаро бояд баргардонем.Дар назди ситоди отряди Хоруғ ба Садриддин дучор омада,барои овардани ҷевонҳо кумак пурсидам.

-Муалим 4 пештахта ва ҷевонҳоро кашола карда овардан шарт мӣ?

-Акунн мо бояд баргардонем. Каме узрхоҳона гуфтам.

-Ман ба сардори амволи ақибгоҳ маслиҳат мекунам.

Маслиҳати Садриддинн барои нашриёти “Помир” ва “Фарҳанги Бадахшон” чор ҷевон ду миз туҳфа кард.Бо ин кори хайри Садриддин ба анҷом нарасид.Чӣ наве, ки дар бол зикр намудем,талабот ба дукони киотбфурушӣ торафт зиёд мешуд.Бо ҳамдастии Раиси вилоят ва полквник Боронбеков мо нақшаи дукони китобфурушӣ дар ҳудуди отрядро пешкаш кардем. Бо такудав Садриддин барои мо ҷо ҷудо карданд.Ду нуқтаи китобу газетафурушӣ харидори зиёд пайдо кард.Дар баробари китоб ашёҳои хатнависӣ низ ба фуруш мерафт.Бадбахтона нафси инсон мисли осмон андоза надорад.Афсарон аввалан баъзан ширинҳо баъдан талхиҳоро (Шароб) фармоиш медоданд.Мо пинҳонӣ ин фармоишҳоро иҷро мекардем. Дар яке аз рузҳи иди марзбонон роҳбарияти Отряд дар дукон машрубот ошкор кард.Ин алакай ҷиноят буд.Банда назди Садриддин рафтам.Ӯ дар ҳамаи қисму сохторҳо шиносҳои боъэтимод дошт.Бахусус Сардори отряди фаврӣ Игор Харковчук, сардори отряд Решетников Садриддинро эҳтиром мекарданд.

3 sadriddin 1245Садриддин кумакро қатъиян рад кард.

-Ба ман дар мавриди муаммои маводи мухадар ва арақ ягон бор муроҷиат накунед. Дигар ягон кумакро аз Шумо дареғ намедорам. Бе шумо ҳам афсарони отряд аз берун машрубот мехаранд.Инро командирон низ медонанд.Маслиҳати ман ҳамин, ки шахсан ба Игор Афанасевич муроҷиат кунед- гуфт Садриддин

Вале пас аз чанд дақиқа дилсузии Садриддин ахиран ба қасам ва усули ӯ , мансабаш ғалаба кард.

- Рафтем, генерал Шуморо хуб мешиносад Ҳарду сарбози интекрнатсионалист ҳастед.Ман шуморо наздаш мебарам.

Ганерал моро хеле хуб истиқбол гирифт.Арзамро шунида ҷиддӣ гуфт:

-Иқрори самимӣ гуноҳатонро кам мекунад.Ба ман алакай маълумот расид.Агар бори дуюм такрор шавад,дуконатро баста, худатро ба Афғонистон бадарға мекунам бо шухӣ гуфт генерал.

Бори охир Садриддинро дар шаҳри Душанбе назди Ситоди Неруҳои марзбонӣ дучор омадам.Ӯ алакай ба ситоди марказӣ ба хизмат даъват шуд.Ман садҳо нафар марзбонону афсарони бадахшониро мешинохтам.Аммо дониш,кордонӣ ва дилсузии ӯ нисбат ба Ватан ба ягон кас қиёс карда наметавонам.Садриддин иродаи устувор ва фалсафи поки инсониро дошт.Одамони дуруя,сустиродаро бад медид.Он чиро бад медид дар хизмати ҳарузааш дучор мешуд.Вале на ба ҳар кас дарди умқи дилашро ифшо намекард. Суҳбат тулонтрин мо он рӯз тамоми паҳлуҳои доғи ҷомеаро фаро гирифт.Садриддин адабиёти калассикӣ ва антиқаро дӯст медошт.Аз нуқси зиндагии олам шикванагез гуфт:

-Он чиро мебинем аз худи мост.Ман дирӯз аз маҷаллае хондам: “Дирӯз шайтонро дидам дар наздикии бозор чизҳояшро паҳн карда буд ва фиреб мефурӯхт. Мардум гирдаш ҷамъ шуда буданд. Ғулғулае ба по карда буданду ҳар касе чизе мехарид. Дар суфрааш ҳама чиз буд, ғурур, ҳирс, кина, дурӯғ, хиёнат ва ғайра. Ҳар кас чизе мехарид ва дар муқобилаш чизе медод. Баъзеҳо порае аз қалбашонро медоданду баъзеҳо порае аз рӯ ҳашонро, баъзеҳо имонашонро медоданду баъзеҳо озодагиашонро ва шайтон механдиду даҳонаш буи ҷаҳаннам мекард ва дилам беҳузур мешуд. Мехостам ҳамаи нафратамро бар рӯ яш туф кунам. Мисли инки фикри маро хонда буд, ки муаддабона гӯфт:«Ман ба касе кор надорам. Ман дар ҳамин кунҷак васоиламро паҳн кардаам ва оромона замзама мекунам. Ман касеро маҷбур намекунам, ки аз ман чизе бихарад. Мебинӣ, ки одамҳо худашон гирди ман ҷамъ шудаанд».Ин тақозои давр аст муаллим. Ба ақидаам соли 2008 ба истеъфо рафтнаш низ хамин буд..

Соли 2000- 20001 вазъ дар марзи Афғонистон куллан муташаниҷ гардид.Аз тарафи толибон забт шудани Кобул ва ҷангҳои шадид дар назди марз қариб ҳамлаи ҳарруза дар марз рух медод. Дар яке аз даргириҳои шадид дар марзи Дарвоз 4 нафар сараҳадбонон ҳалок шуданд.Дар муҳорибаи нобаробари январи соли 2001 гурҳи Садриддин бо ҳайати фаврии Отряди Хору ширкат варзид.Ин амалиёти калонтарин дар таърихи 25 солаи марз буд.Барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ дар амалиёти ҷангӣ майор Садриддин Ниёзмамадов ба мукофоти давлатӣ пешниҳод кардид.Амалиёти “Шить Памира”ро бевосита Директори Хадамоти федералии сараҳадбониии Россия Константи́н Васи́льевич То́цкий (Генерал лейтнант, Солҳои 1984, 1988 дар Отряди Хоруғ командир буд) сарварӣ мекард.

Константи́н Васи́льевич аҳли хонаводаи Шабдоловҳоро хуб мешинохт,Солҳое ,ки амаки Садриддин Шодӣ Шабдолов котиб якуми комитети ҳизбии шаҳри Хоруғ кор мекард, Константи́н Васи́льевич узви Бюрои комитети ҳизбии вилоят буд.Ӯ пешниҳодшудагонро чашм давонда амр дод,ки фақат ду нафар яке Ниёзмамадов Садриддин бо ордени “Мужество” қадр шавад. 27 майи соли 2001 фармони Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин Ниёзмамадов Садриддин Алимамадович бо ордени “Мужество” мукофотонида шуд...

Аз соли 1994 боз аҷал дар камин буд.Дар марз ягон инсон аз марг замонат надорад. Дар набард доимо пирӯз мешуд. Ҳайот, афсус ва дареғо дар авҷи камолот Садриддин дунёро тарк кард.

Оҳу фиғони фарзандонаш Имомалӣ, Фарзона, Ватанбекро ро шоир хуб ифода крдааст:  

Пеши чашми ҳама тифлон- падарон,

Сурату сиккаи Рустам доранд:

- Дӯстон шод зи сарпанҷаи ӯ,

Душманонаш ҳама мотам доранд.

Қахрамонии падар дар ҳама ҷост:

-Ғолиби маъракаи деви сиёҳ,

Халқро пушту паноҳ …

Пеши чашми ҳама тифлони ҷаҳон,

Падаронанд ба ҳиммат Ҳотам.

Падаронанд ба ҳикмат Луқмон….

Наҷмиддин Шоҳинбод

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi