16:26:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«АНГОРАҲОИ ТОҶИКӢ» - I

Гоҳ-гоҳе ба воситаи расонаҳои хабарӣ ва дар сӯҳбатҳои хоса сари ноиттифоқии тоҷикон, номеҳрубонияшон нисбати қавми хеш дар дохил ва бахусус хориҷи кишвар зиёд мешунавему мехонем. Росташро гӯям, чун аз ин нифоқҳову номеҳрубониҳои фарзандони миллат мешунавам, аҷабам меояд, зеро мо миллати нисбати ҳам худиву ва ҳам бегона ҳеҷ гоҳ бадбин набудаем ва нахоҳем буд.

angorahoi tojiki 12125450000Сари ин мавзӯъ ман ҷанги соли 1992-1997-и кишварро, ки ҷанги таҳмилии кишварҳои душмани ҷону моли тоҷикон буд, дар назар надорад, зеро ин на ҷанги шаҳрвандӣ ва на ҷанги байни тоҷикон (чуноне, ки имрӯз расонаҳо ном мебаранд), балки ҷанги дигар кишварҳо буд алайҳи тоҷик ва бад-ин минвол ноиттифоқии тоҷикро ба хотири сиёсат рондани кишварҳояш,он онҳо ба вуҷуд меоварданд ва шӯр меангехтанд.

         Фикр мекунам, ки миллати тоҷик бо дӯстдорӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми ҳамдигар, бузургдошти ҳаммилатҳои худ дар доираи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва кулли ҷаҳон назир надошт. Ҳатто дар хориҷи Тоҷикистон баъзан ин эҳтиром, дӯстдорӣ ва эҳтироми тоҷикон боиси ҳайрат ва ҳасадхӯрии миллатҳои дигар мегардид.

        Аз ин рӯ, чанд дид ва бархӯрди худро оид ба вохӯрӣ бо тоҷикон, муносибатҳои дигар миллатҳо, забони муомилот, андешаи дигар миллатҳоро оид ба муносибати тоҷикон дар хориҷи Тоҷикистон, замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ барои мутолиа ба хонандагони азиз пешниҳод менамоям.

1.«Вохӯрӣ дар Марӣ»

Миёнаи солҳои 80-ум ҳангоми таҳсил ва хизмат дар мактаби механикҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии СССР(ВВС), воқеъ дар шаҳри Чорҷӯи Ҷумҳурии Туркманистон боре ман ва панҷ нафар ҳамсабақон, ҳамхизматҳоям, ду литвонӣ, ду украинӣ ва як нафар русро ба шаҳри Марӣ (дар наздикии шаҳри қадимаи тоҷикон Марв воқеъ аст-шарҳи Варқаи Зайниддин) ба сафари хизматӣ фиристониданд. Дар ин шаҳр баъди ба иҷро расидани корҳои ҳарбӣ, қарибиҳои пешин ба истгоҳи роҳи оҳан омада, барои ба Чорҷӯй баргаштан чипта харидем. Вақти зиёдеро дар ихтиёр доштем, зеро поезди Ашқобод-Душанбе соатҳои 10-11-и шаб ба Марӣ меомад.

          Мо шаш нафар аскарбачаи шӯравии киссаҳоямон холӣ дар истгоҳ ин тарафу он тараф гашту гузор намуда, бо иборае вақтро кӯтоҳ мекардем.

          Соатҳои шаш ё ҳафти бегоҳӣ дар хараке истода сӯҳбат доштем. Ногаҳон аз наздамон ҷавонмарди 30-35 солаи болобаланди ҷингиламӯе гузашта, ба тарафи мо диққат дода , гузаштан баробар қафо баргашта, аз мо бо забони русӣ суол кард, ки оё дар байни мо аскарбачаҳо тоҷикбача ҳаст ё не. Баназиси литвонӣ ба зудӣ ба сӯи ман ишора намуда гуфт, ки ҳамин кас тоҷик аст.

            Аз шунидани ин сухан дар рӯи ин роҳгузар сурхӣ давида, чашмонаш аз шодӣ барқ заданд. Ӯ ба сӯи ман роҳ пеш гирифта, бо забони тоҷикӣ сухан оғоз карда, маро бародаровор чун шиноси наздик ба оғӯш гирифт, баъди салому алейк ва гуфту гузор, ин роҳгузар бо ҳамхизматҳоям низ самимона даст дода, ҳолу аҳволашонро пурсид.

             Чун баъди шиносоӣ фаҳмид, ки мо соатҳои даҳ-ёздаҳи шаб бо поезд ба шаҳри Чорҷӯ меравем, аз ҳамхизматҳоям маъзарат хоста , маро ба тарабхонаи «Туркманистон», ки каме дуртар аз истгоҳи поездҳо ҷой гирифта, тарабхонаи бузурге буд, бурда зиёфат дод.

Маълумам гашт, ки ин ҷавон Сафар ном дошта, аз Ишкошим будааст. Дар ин шаҳр муҳандис шуда кор мекардааст. Ҳангоми зиёфат як тоҷики дигари муқимии ин шаҳр Аҳмадхонро, ки аз Кӯлоб буда, табиб шуда кор мекардааст, бо телефон сим зада ба зиёфат ҷеғ зад.

           Ҳангоми зиёфат ин тоҷикмардҳо ,баъди нӯшидани як ду қулт коняк дам ба дам ба шарофати ман, аскарбачаи тоҷик, мусиқаи фармоиши тоҷикӣ аз оҳангҳои «Эй санам»-и машҳурро ба мутрибон супориш медоданд. Чун тарабхона пур аз афсарони баландрутбаи қушунҳои гуногун,мисли десантӣ, дохилӣ, танкӣ, пиёдагард ва ғайраҳо иборат буд(шаҳри Марӣ ва гирду атрофаш пур аз қисмҳои ҳарбии шуравӣ буд -шарҳи Варқаи Зайниддин) ва ҳамагӣ сархуш гашта, зери ин оҳанги дилошӯби тоҷикӣ мерақсиданд, барои ман, як сарбози қатории хиҷолаткашида ин манзара басо аҷиб менамуд.

             Соати 9-и шаб ин ҷавонмардони тоҷик таксӣ киро карда маро ба истгоҳи қатораҳо бурданд. Ҳамзамон ба он хотир, ки ҳамхизматҳоям мушавваш нашаванд ва шояд таоме ба даҳон назада бошанд, онҳо мурғу ҳасиб ва машруботи спритӣ ва дигар анвои хӯрданӣ хариданд. Дар истгоҳ онҳо ҳамхизматҳоямро, ки дар ҳақиқат пайса дар кисса надошта,сахт гурусна шуда буданд, хуб зиёфат доданд ва соатҳои қариб ёздаҳи шаб моро хушҳолона ба Чорҷӯй гусел намуданд.

                Ҳамхизматҳои шикамашон сер ва аз таъсири май каме сархуш ба ман ва ҳамдиёрони нохост дар истгоҳ пайдо гаштаам ташаккур мегуфтанд.Дар қатора бошад, онҳо дар хусуси Сафар ва Аҳмадхон пурсиданд. Чун онҳо фаҳмиданд, ки ман бо Сафар ва Аҳмадхон хешу табор нестам, ҳамаи ин ҷавонони литвонӣ, украинӣ ва рус ба ҳайрат омаданд.Ёд дорам суоли навбатии онҳо чунин буд: модоме, ки шумо хешу табор нестед, пас дар давраи пеш аз хизмат, ҳамсоя ва шиноси наздик будед?Чун ҷавоб додам, ки на, онҳоро мисли шумо аввалин бор дидаам ва ҷои зисти ман аз макони зисти онҳо садҳо чақрим дуртар аст, тааҷҷуби онҳоро ҳадду канор набуд.

                Суоли навбатиро сарбози литвонӣ аз шаҳри Каунас, Тотвалдас Юхнавичус дод: Гӯш кун Зайниддинов модоме, ки хешонат нестанд, ҳамсоя ва шиноси наздикат набудаанд, якумин бор ҳамдигарро дидаед, пас ин қадар ҳурмату эҳтиром, ташкилӣ дар тарабхона, ташкилӣ барои мо, гусели шумо ва ҳурмати мо аз тарафи ин тоҷикҳо аз баҳри чӣ буд?

                Ҷавоби ман чунин буд:

                Ин ҳама зиёфатҳо, гуселкуниҳо, ҳурмату эҳтиром аз тарафи он бародарон танҳо ба хотири тоҷик буданам буд! Мо ҳаммилатҳо дар кадом гӯшаи дунё агар қарор надошта бошем, ҳамдигарро чун аккаву додар, аппаву хоҳар пешвоз гирифта, лозим шавад, ҷонамонро низ қурбон хоҳем кард, нозу неъмат он тараф истад!

                Сергей Сергееви рус аз шаҳри Тирасполи Молдава ёд дорам он вақт оҳ кашида иброз дошта буд, ки ба тоҷикону урфу одати онҳо ҳасад мебарад, ин миллат, миллати бузурге будааст, аҳсан, мо Иванҳои рус зиёфат он сӯ истад, агар ношинос бошем, саломи ҳаммилати худро алейк намегирем. Рафиқони литвонӣ ва украиниам, низ аз «менталитет»-и тоҷикӣ ба ваҷд омада, танҳо бо нишонаи эҳтиром сар меҷунбониданду халос. Росташро гӯем, дар ин ҳолат аз миллати кӯҳанбунёд ва фарзандони баномусу меҳрубони он сарам ба осмон мерасид.

                Ин ҳодисаи ба қавле «одамгарӣ»-и тоҷиконаро, ки барои мардуми меҳрубону меҳмондӯсту башардӯсти тоҷик аз гарде беш нест, баъдан дар шаҳри Чорҷӯй, дар қисми ҳарбӣ, рафиқони ҳамроҳам буда, ба дигар ҳамхизматҳо нақл намуда, эҳтироми «тоҷик ба тоҷик»-ро афсона карданд ва аскарбачаҳои миллатҳои гуногун- озарӣ, қазоқ, гурҷӣ, арманӣ, кабардин, эстон, гагауз (халқи турки насронӣ аз Молдава), тоторҳо, юнониҳо, немисҳо ва ғайраҳо дар хусуси эҳтироми бузурги тоҷик ба тоҷик аз мо, аскарбачаҳои тоҷик мепурсиданд ва мо ба онҳо дар ин хусус монда нашуда (гоҳо бо муҳоббот) нақл мекардем.

                2. «Дар Чорҷӯй»

Ҳангоми хизмат, гоҳ-гоҳ аз тарафи мактаби ҳарбӣ моро ба хизмати патрулии шабонарӯзӣ ҳидоят мекарданд.Боре ҳамроҳи ҳамхизмат ва дӯстам Бурҳон Расулии ғозималикӣ мо ба чунин хизмат фаро гирифта шудем. Шабона дар ҳавлии бинои комендатураи ҳарбии шаҳри Чорҷуй бо афсари навбатдори камендатураи ҳарбӣ майори қисми артиллерия Марченко дохили сӯҳбат шудем. Марченко ҷавонмарди тахминан сиюпанҷсолаи украинӣ ва ё руси баландболо ва зебо ба сигоркашӣ таваҷҷуҳ дошта, дар шаби гарми Чорҷӯй тез-тез сигор мекашид. Чун аз ману Бурҳон фаҳмид, ки тоҷик ҳастем, майор ба гумонам, ки гӯё шахси наздикашро ёфта буданд, хело шод шуд ва дар ҳузури Юсуф Қаландарови хивагӣ, Нурлан Дапесови қирғиз ва Серик Тундукбоеви қазоқ иброз дошт, ки тоҷикон ин миллате ҳастанд, ки онҳоро сахт ҳурмату эҳтиром менамояд. Зимни сӯҳбат ман аз ӯ сабаби ҳурмати беандозаашро пурсидам. Майор Марченко иброз доштанд, ки авалан ӯ ашъори Хайёмро сахт дӯст медорад бо таърихи миллати тоҷик нағз шинос ҳаст. Филми «Рустам ва Сӯҳроб» ба ӯ таъсири сахти равонӣ расонидааст ва сониян ӯ қариб се сол дар хоки Афғонистон хизмат карда медонад, ки маданияти ин кишвар, ки басо нодир аст, ин кори дасти тоҷик аст на каси дигар. Ӯ ҷавонмардтарин, айёртарин ва беҳтарин мардумро дар хоки афғон дар симои тоҷик дарёфтааст!

Сарбозони тоҷике, ки зери дасташ будаанд, беҳтарин, вафодортарин, бебоктарин ҷанговарон буда, худи халқи тоҷики Афғонистон низ пешқадамтарин миллати ин кишвар ҳастанд. Ҳукумати Шӯравӣ агар мехоҳад, ки дар хоки Афғонистон пешравие дошта бошад, бояд ба ин миллат такя кунад, вагарна кораш ба турку паштун пеш нахоҳад рафт.

Ин суханҳоро майор Марченко чанд сол пеш аз баромадани артиши шӯравӣ аз ин сарзамин мегуфт ва мегуфт,ки такязании Шӯравӣ ба турки босмачӣ ва паштуи яғморгар ахиран сари ҳукумати шӯравиро хоҳад хӯрд в а бояд гуфт,ки оқибати кори СССР низ хамин тавр шуд.

Идома дорад...

                Варқаи Зайниддин,

                Узви ИЖ ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi