ШИШАҲОИ СИЁҲ ДАР ХУДРАВҲО МУҶОЗ ШУД
Давлати Тоҷикистон қасд дорад бо муҷоз сохтани истифода аз худравҳои шишасиёҳ солиёна 50 милюн сомонӣ ба буҷети худ ворид кунад. Мақомот таъкид мекунанд, ки ин маблағ дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" масраф хоҳад шуд.
Истифода аз шишаҳои сиёҳ дар мошинҳо дар пайи ислоҳи қонунҳо дар бораи пардохтҳо ба буҷет ва ҳаракат дар роҳ имконпазир шудааст. Порлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 16 декабр ба ин ду қонун ислоҳоте ворид кард ва шароит барои истифода аз шишаҳои сиёҳ дар худравҳоро фароҳам сохт. Дар авоили моҳи ҷорӣ Президент Раҳмон зимни як суханронӣ изҳор дошта буд, ки омори расмӣ ҳокист, ки бо истифода аз чунин худравҳо ҷиноёт кам рух медиҳанд ва бояд истифода аз онҳо муҷоз дониста шавад.
Оқои Раҳмон гуфта буд, ки қимати дарёфти муҷаввиз барои шишаҳои сиёҳ на камтар аз 500 дулор хоҳад буд ва ҷаримаи истифода аз чунин шишаҳо бидуни муҷаввиз як ҳазор дулор муқаррар мешавад. Вай ҳамчунин хабар дода буд, ки куллияи маболиғе, ки дар пайи судури чунин муҷаввизҳо ба даст меояд, дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" масраф мешавад.
Рамазон Раҳимов, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, зимни муъаррифии лоиҳаи ислоҳот ба қонунҳо гуфт, пизишкон мушаххас кардаанд, ки истифода аз шишаҳои сиёҳ дар худравҳо барои саломатии инсон судманд аст ва яке аз аҳдофи муҷоз сохтани он ҳифзи беҳдоштии умумист. Вай афзуд, ки шишаҳои сиёҳ ё сояранг дар мошинҳо инсонро аз нури офтоб то 45 дарсад камтар осебпазир месозанд.
Дар посух ба ин иддаъо Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон, ин суолро матраҳ кард, ки "пас чаро чунин имтиёз танҳо барои мардуми сарватманд дода мешавад ва мо аз вазъи саломатии сокинони камбизоъати кишвар сарфи назар мекунем? Зеро, имкони пардохти 500 дулор барои муҷаввизро танҳо афроди сарватманд хоҳанд дошт.”
Аъзои порлумон аз посух ба ин суол сарфи назар карданд, вале тавзеҳ дода шуд, ки истифода аз шишаҳои сиёҳе, ки то 25 дарсад нури офтобро мегузаронанд, ба таври ройгон иҷоза аст. Барои мизони болотаре аз тирагии ин шишаҳо, вале на бештар аз 75 дарсад, бояд қимате пардохт шавад.
Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимов пешниҳоди бархе аз аъзои порлумон мабнӣ бар ин ки бояд муқаррарот барои манъи истифода аз пардаҳои сиёҳ дар шишаҳои ақаби худравҳо низ лағв карда шавад, напазируфт.
Аз сӯйи дигар, намояндагони мардумӣ аз оқои Раҳимов дархост карданд, ки вазорати кишвар дар бораи ин ислоҳот бояд тавассути расонаҳои гурӯҳӣ ба мардум иттилоъ диҳад.
Ба гуфтаи онҳо, моҳе қабл порлумони Тоҷикистон барои истифода аз шишаи сиёҳи худравҳо, ки мизони тирагиии онҳо то 25 дарсад аст, иҷоза дода буд, вале масъулони пулиси роҳ тавассути телевизиюн иддаъо доштанд, ки ин амр ҳамчунон мамнӯъ аст. Дар посух ба ин нукта, тавзеҳ дода шуд, ки то ҳол ин муқаррарот мавриди иҷро қарор нагирифтааст.
Зимнан, истифода аз шишаҳои сиёҳ дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба ин сӯ мамнӯъ эълом шудааст. Давлати Тоҷикистон ин амрро ба манзури таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз афзоиши иртикоби ҷароим аз сӯйи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар он замон иттихоз карда буд.
Дар авоили соли ҷорӣ низ порлумони Тоҷикистон барои лағви ин муқаррарот иқдом карда буд, вале Президент Раҳмон ин пешниҳодро рад кард ва изҳор дошт, ки иҷозаи истифода аз шишаҳои сиёҳ ё сояранг дар мошинҳо ба афзоиши ҷароим дар кишвар мунҷар намешавад.
Ҳамакнун, ба назар мерасад, ки дар як соли ахир вазъ тағйир ёфта ва хатари иртикоби ҷароим бо истифода аз мошинҳои шишасиёҳ аз байн рафтааст ва давлат мехоҳад аз як сӯ барои тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" сармоя фароҳам кунад ва аз сӯйи дигар, ба ҳифзи саломати онҳое, ки пул доранд ва намехоҳанд пӯсташон дар офтоб тира шавад, алоқаманд аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1326-shishahoi-siyoh-dar-khudravho-mujoz-shud.html