07:56:06 24-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/12/17_--01-a-911-agenti2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/12/17_--01-a-911-agenti2.jpg'

ТАЪСИСИ ШИРКАТЕ "ҲАМАКОРА" ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон як ширкати мавсум ба “911” фаъол шудааст, ки масъулонаш мегӯянд, ки омодаанд да ҳалли ҳама гуна мушкилоти мардум ба онҳо кумак кунанд. Аз ҷумла, кормандони ин ширкат ҳозиранд ба сурати шабонарӯзӣ ҳар гуна ниёзи сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон ба мавод ё хадамоти мухталиферо бароварда созанд.

 

Аммо масъулони ин ширкат мегӯянд, ки танҳо ба ироаи хадамоте машғуланд, ки қавонини Тоҷикистон иҷоза медиҳад. Яъне намешавад аз онҳо ироаи хадамоти номашрӯъеро таваққӯъ дошт. Ба гуфтаи Фарангис Бафоева, як масъули ширкати “911”, ахиран хонуме аз онҳо хострои кумак барои боз кардани дари манзили худро карда буд. Дари ин хона баста шуда ва дар дохил кӯдаки навзоде ҳузур дошт ва соҳибхона зоҳиран калиди худро ҷо гузошта буд.

 

Кормандони ин ширкат дар зарфи 15 дақиқа ба маҳалли ҳодиса расида ва дари ин хонаро боз кардаанд. Бонуи Фарангис афзуд, ки чанд рӯз қабл як ҷавон мехост наҳваи фаъолияти онҳоро бисанҷад ва соъати чаҳору сӣ дақиқаи субҳ аз онҳо хостааст, ки барояш ду баста сигор, обмева ва қаҳва биёранд. Ин дархост низ дар зарфи 15 дақиқа иҷро шудааст. Ҳамчунин, фарди дигаре дар нимашаб аз онҳо дархост кардааст, ки барояш китоби шеърҳои Александр Пушкин, шоъири русро, пайдо кунанд, ки ин дархост низ ҳарчанд душвор аст, вале базудӣ иҷро шудааст.

 

Фарангис Бафоева мегӯяд, ки “911” дар Тоҷикистон нахустин ширкатест, ки метавонад ба ҳар гуна ниёзмандӣ ё мушкили сокинон расидагӣ кунад. Вай афзуд: "Барои мо фарқе надорад, ки мизоҷи мо дар куҷост ва чӣ ниёзе дорад. Шиъори мо ин аст, ки дархости муштарӣ бояд иҷро шавад.” Ба ҳамин далел, ба гуфтаи хонуми Бафоева, ҳатто агар мошини касе дар гарданаи Шаҳристон хароб шавад ва соҳиби он аз ширкати “911” дархости кумак кунад, кормандони ин ширкат сареъан ба ҳалли ин мушкил мепардозанд.

 

Ва ё агар касе дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва мехоҳад нафареро дар Тоҷикистон шодбош бигӯяд, барои ин амр мушкиле нест. Онҳо аз номи ин муштарӣ ба мухотаб гулдастае тақдим мекунанд. Ҳоло, ба гуфтаи Фарангис Бафоева, бештари муштариён дархости кумак барои тармими симҳои барқ ва ё лӯлаҳои обгузар дар манозилашонро мекунанд. Вай афзуд, ки бештари муштариён сокинони Тоҷикистон ҳастанд. Вале атбоъи хориҷӣ низ ба ин ширкат зиёд муроҷеъа мекунанд. Бонуи Фарангис мегӯяд, ки бисёре аз хориҷиён хоҳиш мекунанд, ки барояшон пизишк ё дору бирасонем.

 

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, теъдоди зиёди атбоъи хориҷӣ аз онҳо дархост мекунанд, ки барояшон равоншиносе фиристем, ки ба забони инглисӣ битавонад сӯҳбат кунад. Вале ширкати “911” дар ин замина бо мушкил рӯбарӯст. Зеро дар Тоҷикистон пайдо кардани равоншиноси ҳирфаӣ, бавижа касе ки забони инглисиро донад, тақрибан ғайримумкин аст.

 

Ҳамчунин, ба гуфтаи бонуи Фарангис, атбоъи хориҷӣ зиёд ба моссож ниёз доранд, ки ин дархости онҳо иҷро мешавад. Вале вай таъкид кард, ки моссож танҳо ҳадафи беҳдоштӣ дошта, ба фаҳшо рабте надорад. Аз сӯйи дигар, бархе аз муштариён аз ширкати “911” дархост мекунанд, ки барои бозпас гирифтани бидеҳиҳояшон аз бидеҳкорон ба онҳо мусоъидат кунанд. Вале бонуи Фарангис мегӯяд, ки ширкати онҳо чунин хидмате намерасонад.

 

Вале ин ширкат гурӯҳи муҳофизонеро барои таъмини амнияти меҳмонон дар ихтиёр дорад. Ташкили сафари атбоъи хоричӣ ба Тоҷикистон, баргузории маросимҳо, нигоҳубини кӯдакон ва пиронсолон, тамизкорӣ, харидории мавод ва коло ва интиқоли онҳо ба манозил, ироаи машваратҳои ҳуқуқӣ ва ҳалли масоили зиёде аз ҷумлаи хадамоти ширкати “911” унвон мешавад. Суоли матраҳ ин аст, ки қимати хадамоти ин ширкати ба истилоҳ "мушкилкушо" чанд аст? Ба гуфтаи Фарангис Бафоева, арзиши куллияи ин хадамот мушобеҳи қиматҳои роиҷ дар дохили кишвар аст.

 

 Аммо ширкат ба ин қиматҳо то сӣ дарсад арзиши кори худро изофа мекунад. Ва ҳамчунин барои токсӣ ба як самт то даҳ сомонӣ бояд ба ин ширкат пардохт. Бону Бафоева дар посух ба ин суол, ки чаро ин ширкат “911” номгузорӣ шудааст, гуфт, ки дар куллияи кишварҳои ҷаҳон ин шумораро ба унвони шумораи "наҷот" пазируфтаанд. Ҳадафи таъсиси ин ширкат низ, ба гуфтаи вай, наҷоти инсонҳо дар лаҳазоти душвор ва ироаи кумак ба онҳост.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1337-tasisi-shirkate-qhamakoraq-dar-tojikiston.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ