04:32:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАРНОМАИ НАВИ КУМАКИ ЮНИСЕФ БА ТОҶИКИСТОН

 

 Созмони ЮНИСЕФ дар ҷаласаи солонаи худ барномаи панҷсолаи кумак ба 16 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Барои иҷрои бахши тоҷикистонии ин барнома 28 миллион доллар дар назар гирифта шудааст. 

Самтҳои асосии барнома бо стратегияи рушди миллии Тоҷикистон, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва дигар барномаҳои ҳукуматӣ ҳамоҳанг сохта шудаанд. Сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷониби тоҷикистонӣ ба пешнависи тарҳи барнома пешниҳодҳои худро илова кардааст. Ба гуфтаи вай, ғайр аз ин як қатор пешниҳодҳои вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон барои баррасии Шӯрои иҷрояи ин бунёд ироа шудааат. 

Оқои Аслов афзуд, ки ҳамчунон барномаҳои давлатии мушаххас барои ҳар кадом самти барномаи ЮНИСЕФ, ба вижа стратегияи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015, нақшаи миллии чорабиниҳо доир ба ҳифзи саломатии модарон ва дигар барномаҳои давлатӣ иҷро шуда истодаанд. 

Ба қавли сафири Тоҷикистон, ин самтҳо маблағталаб боқӣ мемонанд. Сабаби ин дар он аст, ки тамоми дигар мушкилиҳои иқтисодӣ, озуқавӣ, энергетикӣ бо иловаи офатҳои табиӣ пеш аз ҳама садди роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ шуда, аз як тараф мушкилиҳои иловагӣ эҷод мекунанд ва аз дигар ҷониб ҳукумат маҷбур мешавад, маблағҳои зиёдро, ки барои ҳалли ин масалаҳои иҷтимоӣ таъин шудаанд, барои бартарафсозии мушкилиҳои мазкур сафарбар намояд. 

Ба ҳамин хотир ҳам, мегӯяд оқои Аслов, Тоҷикистон ба ёрии иловагии ниҳодҳои байналмилалӣ ниёзманд аст. Сафири Тоҷикистон гуфт, бино бар ин мо ба Шӯрои иҷрояи ЮНИСЕФ пешниҳод намудем, ки дар баробари иҷрои барномаи тасдиқшуда барои рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, мушкилиҳои вобаста ба норасоии барқ ва бӯҳрони иқтисодӣ сармояи иловагӣ равона карда шавад.

Сафири Тоҷикистон хабар дод, ки аксарияти аъзои Шӯрои иҷрояи ЮНИСЕФ ин пешниҳодро дастгирӣ карданд ва дастур дода шуд, ки минбаъд ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои сармоягузор ва созмонҳои байнулмилалиро ҷиҳати иҷрои ин пешниҳод ва анҷоми барономаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистонро тақвият бахшанд. 

Латифи Латифӣ, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi